https://sputnik.tj/20260126/korshinos-payomad-etiroz-eron-osiyo-markazi-1074806631.html
Коршинос аз пайомади эътирозҳо дар Эрон ба Осиёи Марказӣ гуфт
Коршинос аз пайомади эътирозҳо дар Эрон ба Осиёи Марказӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Амалҳои ИМА ва Исроил Эронро ба сӯи ҳамон модели амниятӣ тела медиҳанд, ки Кореяи Шимолӣ бомуваффақият қабул кардааст.
2026-01-26T18:33+0500
2026-01-26T18:33+0500
2026-01-26T19:48+0500
видео
эрон
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1a/1074806880_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_5f6d2e196100e9b526db660b2c7c0afc.jpg
Амалҳои ИМА ва Исроил танҳо Эронро ба сӯи таҳияи силоҳҳои ҳастаӣ тела медиҳанд. Ин андешаро Александр Князев, доктори илмҳои таърих ва муҳаққиқи пешбари Институти таҳқиқоти байналмилалии МГИМО ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт."Чанд сол пеш, раҳбари олии Эрон фатво содир кард. Барои онҳое, ки бо ин кор ошно нестанд, фатво як ҳуҷҷати бунёдӣ ва таълимотии дорои хусусияти динӣ аст, ки амалҳои муайян, дар ин ҳолат, сиёсӣ ва низомиро танзим мекунад. Ин фатво истифодаи силоҳи ҳастаиро манъ карда, эҷод ва истифодаи онҳоро хилофи ислом эълон кард",- афзу коршинос.Аммо ба таъкиди вай, амалҳои ИМА ва Исроил Эронро ба сӯи ҳамон модели амниятӣ тела медиҳанд, ки Кореяи Шимолӣ бомуваффақият қабул кардааст. Ба гуфтаи Князев, ҳама, аз ҷумла ИМА, ду маротиба дар бораи андешидани ҳама гуна амали хашмгинона алайҳи кишваре, ки ҳатто захираҳои ҳадди ақали кулоҳакҳои ҳастаӣ, ҳатто захираҳои ҳадди ақали силоҳи ҳастаӣ дорад, фикр мекунанд. Аз ин рӯ, Эрон танҳо барои суръат бахшидан ба рушди силоҳи ҳастаии худ ва табдил шудан ба як қудрати дигари ҳастаӣ тела дода мешавад. Коршинос дар бораи ҳваодиси ахир дар Эрон гуфт, ки агар ноустувории ҷиддӣ, дар Эрон рух диҳад, ба коридори Шимол-Ҷануб ва ҳама коммуникатсияҳое, ки аз қаламрави Эрон мегузаранд, таъсир мерасонад, аммо на танҳо ба Эрон. "Ман фикр мекунам, ки дар ҳар сурат, он минтақаи хеле васеътарро ноустувор мекунад",- гуфт номбурда.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1a/1074806880_198:0:1638:1080_1920x0_80_0_0_b2923170ea4365c635d8b6ad5dff43b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос пайомад эътирозҳо эрон осиёи марказӣ
коршинос пайомад эътирозҳо эрон осиёи марказӣ
Коршинос аз пайомади эътирозҳо дар Эрон ба Осиёи Марказӣ гуфт
18:33 26.01.2026 (Навсозишуда: 19:48 26.01.2026) Эксклюзив
Амалҳои ИМА ва Исроил Эронро ба сӯи ҳамон модели амниятӣ тела медиҳанд, ки Кореяи Шимолӣ бомуваффақият қабул кардааст.
Амалҳои ИМА ва Исроил танҳо Эронро ба сӯи таҳияи силоҳҳои ҳастаӣ тела медиҳанд.
Ин андешаро Александр Князев, доктори илмҳои таърих ва муҳаққиқи пешбари Институти таҳқиқоти байналмилалии МГИМО ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
"Чанд сол пеш, раҳбари олии Эрон фатво содир кард. Барои онҳое, ки бо ин кор ошно нестанд, фатво як ҳуҷҷати бунёдӣ ва таълимотии дорои хусусияти динӣ аст, ки амалҳои муайян, дар ин ҳолат, сиёсӣ ва низомиро танзим мекунад. Ин фатво истифодаи силоҳи ҳастаиро манъ карда, эҷод ва истифодаи онҳоро хилофи ислом эълон кард",- афзу коршинос.
Аммо ба таъкиди вай, амалҳои ИМА ва Исроил Эронро ба сӯи ҳамон модели амниятӣ тела медиҳанд, ки Кореяи Шимолӣ бомуваффақият қабул кардааст.
"Кореяи Шимолӣ силоҳи ҳастаӣ таҳия кардааст ва дар тӯли чанд соли охир метавон динамикаи зиддиятҳоро дар муносибати кишварҳои Ғарб нисбат ба Корея мушоҳида кард; ин динамика коҳиш ёфтааст. Зеро силоҳи ҳастаӣ, дар асл, аз ибтидо, аз замони Ҷанги Сард, силоҳи боздоранда буд",- афзуд вай.
Ба гуфтаи Князев, ҳама, аз ҷумла ИМА, ду маротиба дар бораи андешидани ҳама гуна амали хашмгинона алайҳи кишваре, ки ҳатто захираҳои ҳадди ақали кулоҳакҳои ҳастаӣ, ҳатто захираҳои ҳадди ақали силоҳи ҳастаӣ дорад, фикр мекунанд.
Аз ин рӯ, Эрон танҳо барои суръат бахшидан ба рушди силоҳи ҳастаии худ ва табдил шудан ба як қудрати дигари ҳастаӣ тела дода мешавад.
Коршинос дар бораи ҳваодиси ахир дар Эрон гуфт, ки агар ноустувории ҷиддӣ, дар Эрон рух диҳад, ба коридори Шимол-Ҷануб ва ҳама коммуникатсияҳое, ки аз қаламрави Эрон мегузаранд, таъсир мерасонад, аммо на танҳо ба Эрон.
"Ман фикр мекунам, ки дар ҳар сурат, он минтақаи хеле васеътарро ноустувор мекунад",- гуфт номбурда.