https://sputnik.tj/20260127/tojikiston-sahmi-muhojiron-inshoot-sokhta-1074829926.html
Дар Тоҷикистон бо саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ сохта шудааст
Дар Тоҷикистон бо саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ сохта шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Бо маблағ ва кӯмаки муҳоҷирон дар Тоҷикистон 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, ба монанди майдончаҳои варзишӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидааст
2026-01-27T18:21+0500
2026-01-27T18:21+0500
2026-01-27T18:21+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
бунёд
иншоот
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/15/1067415740_0:124:1229:815_1920x0_80_0_0_f75052fac6ee9a0bbf5822ac50419674.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Дар ҳудуди Тоҷикистон бо маблағи беш аз 388 миллион сомонии муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гардидааст.Дар ин бора Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди маҳал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Вай гуфт, ки тамоми ин иншоотҳо дар давоми соли 2025 сохта ва ба истифода дода шудааст.“Аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ 288 иншоот бо маблағи 388 миллиону 134 ҳазор сомонӣ сохта шудаанд. Ба шумули ин иншооти ҷамъиятиву иқтисодӣ - майдончаҳои варзишӣ, боғчаву мактаб, ошхонаву меҳмонхона ва корхонаҳои саноатӣ дохил мешаванд. Бунёду мумфарш кардани роҳҳо ҳам дар ин ҳисоб дохил мешаванд”, - гуфт Муминзод.Ҳамччунин оқои Муминзод таъкид кард, ки иншооти мазкур танҳо бо пули муҳоҷирони меҳнатӣ сохта нашудааст, саҳми тоҷиконе, ки дар хориҷи кишвар соҳибкоранд ё душаҳрвандӣ доранд, низ ҳаст.Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон аз ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирон, ки дар бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ иқтисодӣ, аз ҷумла бунёди мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо, ва пулҳо саҳм мегузоранд изҳори сипос карда буд.Вай гуфт тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.
https://sputnik.tj/20260118/rusiya-malumot-daromadi-muhojiron-vkd-1074608305.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/15/1067415740_119:0:1206:815_1920x0_80_0_0_024f3d18fd1230a0ce6da8848eac020e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ, сохтмон, бунд, иқтисод, иҷтимоъ, корхонаҳои саноатӣ,
тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ, сохтмон, бунд, иқтисод, иҷтимоъ, корхонаҳои саноатӣ,
Дар Тоҷикистон бо саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ сохта шудааст
Бо маблағ ва кӯмаки муҳоҷирон дар Тоҷикистон 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, ба монанди майдончаҳои варзишӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Дар ҳудуди Тоҷикистон бо маблағи беш аз 388 миллион сомонии муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гардидааст.
Дар ин бора Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди маҳал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай гуфт, ки тамоми ин иншоотҳо дар давоми соли 2025 сохта ва ба истифода дода шудааст.
“Аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ 288 иншоот бо маблағи 388 миллиону 134 ҳазор сомонӣ сохта шудаанд. Ба шумули ин иншооти ҷамъиятиву иқтисодӣ - майдончаҳои варзишӣ, боғчаву мактаб, ошхонаву меҳмонхона ва корхонаҳои саноатӣ дохил мешаванд. Бунёду мумфарш кардани роҳҳо ҳам дар ин ҳисоб дохил мешаванд”, - гуфт Муминзод.
Ҳамччунин оқои Муминзод таъкид кард, ки иншооти мазкур танҳо бо пули муҳоҷирони меҳнатӣ сохта нашудааст, саҳми тоҷиконе, ки дар хориҷи кишвар соҳибкоранд ё душаҳрвандӣ доранд, низ ҳаст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон аз ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирон, ки дар бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ иқтисодӣ, аз ҷумла бунёди мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо, ва пулҳо саҳм мегузоранд изҳори сипос карда буд.
Вай гуфт тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.