Дар Русия маълумот дар бораи даромади муҳоҷирон рост ба ВКД "хоҳад рафт"

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкКоммунальные службы Москвы ликвидируют последствия сильного снегопада, архивное фото
Коммунальные службы Москвы ликвидируют последствия сильного снегопада, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2026
Обуна шудан
Ин тадбир барои мубориза бо кирояи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия зарур шумурда шудааст
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Минбаъд, Вазорати корҳои дохилии Русия ба таври худкор аз мақомоти андоз маълумотро дар бораи даромади муҳоҷирон мегирад.
Ин муқаррарот дар қарори ҳукумати Русия, мавҷуд аст.
Маълумот аз гузоришҳои ҳаққи суғуртаи ширкатҳо гирифта мешавад. Ин чора барои мубориза бо шуғли қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия зарур будааст.
Вазорати молия, Хадамоти федералии андоз, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ бо ширкати ҳукумати Маскав барои иҷроиши ин қонун, масъул таъин шудаанд. Мӯҳлати амалисозӣ то 1 декабр муқарар шудааст.
Ғайр аз ин, мақомот мубодилаи иттилоотро байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳо беҳтар хоҳанд кард, то вақти заруриро барои баррасии гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои муҳоҷират кам кунанд ва сифати тафтишоти ин парвандаҳои ҷиноиро беҳтар намоянд.
Женщина делает прививку. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2026
Дар Русия қоидаҳои муоинаи тиббӣ барои муҳоҷиронро сангинтар мекунанд
Ёдовар мешавем, ки ахиран се лоиҳаи қонун дар бораи дастгирӣ, назорат ва эътимоднокии тасдиқи бехатарии саломатии муҳоҷирон барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудаанд.
Тибқи он, муҳоҷирон муваззаф мешаванд, давоми 30 рӯз пас аз вуруд ба Русия аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Қаблан ин мӯҳлат 90 рӯз буд. Ҷарима барои саркашӣ аз муоинаи тиббӣ дувоздаҳ маротиба зиёд карда шуда, то 25 - 50 ҳазор рубл хоҳад расид.
Лентаи хабарҳо
0