https://sputnik.tj/20260123/maosh-miyona-tojikiston-afzoish-1074739833.html
Маоши миёна дар Тоҷикистон 20% баланд шуд
Маоши миёна дар Тоҷикистон 20% баланд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз боло рафтани маоши миёна дар кишвар хабар дод
2026-01-23T12:02+0500
2026-01-23T12:02+0500
2026-01-23T13:38+0500
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
дар тоҷикистон
музди меҳнат
маош
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Маоши миёна дар Тоҷикистон қариби 20% афзоиш ёфтааст. Дар ин бора, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гузориш додааст.Гуфта мешавад, ки маоши миёна дар Тоҷикистон ба ҳолати декабри соли 2025 беш аз 2,7 ҳазор сомониро ташкил дод.Ҳамзамон Вазорат иттилоъ додааст, ки масъалаи пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнати кормандон таҳти назорати қатъӣ қарор дода шуда, ҷиҳати аз байн бурдани қарздорӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои маҳаллии вазорат ситоди корӣ таъсис ёфтааст.Дар раванди баргузории ҷаласаҳои он масоили муайян намудани сабабҳои пайдоиши қарздорӣ ва бартараф намудани қарздории музди меҳнат дар корхона ва муассисаҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ, баррасӣ шудааст.Ин дар ҳолест, ки аз 1 сентябри соли 2026 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.Бар асоси ин санад маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25% зиёд мешавад.Ҳамчунин, маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти андоз 20% боло меравад.
https://sputnik.tj/20260115/maoshu-nafaqa-stipendiyaho-ziyod-rahmon-farmon-imzo-1074530937.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маош, миёна, тоҷикистон
Маоши миёна дар Тоҷикистон 20% баланд шуд
12:02 23.01.2026 (Навсозишуда: 13:38 23.01.2026) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз боло рафтани маоши миёна дар кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Маоши миёна дар Тоҷикистон қариби 20% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки маоши миёна дар Тоҷикистон ба ҳолати декабри соли 2025 беш аз 2,7 ҳазор сомониро ташкил дод.
"Ба ҳолати 1 декабри соли 2025 2,7 сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2024 -ум 19,9% ё 452,9 сомониро ташкил медиҳад", - иттилоъ дод Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ҳамзамон Вазорат иттилоъ додааст, ки масъалаи пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнати кормандон таҳти назорати қатъӣ қарор дода шуда, ҷиҳати аз байн бурдани қарздорӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои маҳаллии вазорат ситоди корӣ таъсис ёфтааст.
Дар раванди баргузории ҷаласаҳои он масоили муайян намудани сабабҳои пайдоиши қарздорӣ ва бартараф намудани қарздории музди меҳнат дар корхона ва муассисаҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ, баррасӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки аз 1 сентябри соли 2026 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.
Бар асоси ин санад маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25% зиёд мешавад.
Ҳамчунин, маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти андоз 20% боло меравад.