https://sputnik.tj/20260115/maoshu-nafaqa-stipendiyaho-ziyod-rahmon-farmon-imzo-1074530937.html
Маошу нафақа ва стипендияҳо зиёд мешаванд: Раҳмон фармонро имзо кард
Маошу нафақа ва стипендияҳо зиёд мешаванд: Раҳмон фармонро имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи накуаҳволии мардуми кишвар фармон додааст, ки маошу стипендия боло бурда шавад
2026-01-15T09:36+0500
2026-01-15T09:36+0500
2026-01-15T09:36+0500
дар тоҷикистон
маош
раҳмон
музди меҳнат
фармон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074531270_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_f0a15e0cdf03cc577ce1825d052ca347.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Аз 1 сентябри соли 2026 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонд, хабар додааст котиботи президент.Бар асоси ин санад маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25% зиёд мешавад.Ҳамчунин, маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти андоз 20% боло меравад.Бо фармони президент, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ низ 20% зиёд мешавад.Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 15% индексатсия карда шавад.Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ кунанд.Таъкид шудаст, ки ин иқдом аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷа, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет таъмин хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20251216/rahmon-maosh-baland-meshavad-1073850482.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074531270_193:0:2013:1365_1920x0_80_0_0_96313be2e155a3c8821836dfe7a801fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фармон, раҳмон, маош, муздии меҳнат, иҷтимоъ, боло, нафақа
тоҷикистон, фармон, раҳмон, маош, муздии меҳнат, иҷтимоъ, боло, нафақа
Маошу нафақа ва стипендияҳо зиёд мешаванд: Раҳмон фармонро имзо кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи накуаҳволии мардуми кишвар фармон додааст, ки маошу стипендия боло бурда шавад
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Аз 1 сентябри соли 2026 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Фармон дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонд, хабар додааст котиботи президент.
Бар асоси ин санад маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25% зиёд мешавад.
Ҳамчунин, маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти андоз 20% боло меравад.
Бо фармони президент, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ низ 20% зиёд мешавад.
Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 15% индексатсия карда шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ кунанд.
Таъкид шудаст, ки ин иқдом аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷа, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет таъмин хоҳад шуд.