Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Муқовимати мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон: чор террорист нобуд карда шуд

© AP / Burt HermanНа таджикский-афганской границе, архивное фото
На таджикский-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2026
Обуна шудан
Бино ба гузориши КДАМ ҶТ, айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ таҳти назорат қарор дорад
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миёни сарҳадбонони тоҷик ва террористон, ки талоши убури марзро доштанд, муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.
Дар ин бора, Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса шаби 18 январ, тахминан соати 00:30 дақиқа рух додааст.

"Чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми "Хирманҷо", Отряди сарҳадии "Ёл", воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳадро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯии таъҷилӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Тоҷикистон муайян карда шуд.
"Террористон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар чор нафар террорист нобуд карда шуд", - омадааст дар гузориши КДАМ ҶТ.
Бино ба иттилои КДАМ, аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаи автомат Калашников, 1 адад таппончаи истеҳсоли хориҷии навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 адад тирҳои АК ва таппонча, 3 адад телефони мобилӣ, 1 адад ратсия, 1 адад қаиқ мусодира карда шудааст.
Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯяд, вазъиятро дар марз зери назорат гирифта, итминон медиҳад, ки барои мубориза бо қонуншиканон аз тамоми қувва ва воситаҳо истифода хоҳанд кард.
На таджикско-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2025
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ду марзбон ҳалок шуд: даргирии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Вобаста ба ҳолати мазкур бо 179 (Терроризм), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0