Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ду марзбон ҳалок шуд: даргирии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкНа таджикско-афганской границе, архивное фото
На таджикско-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2025
Обуна шудан
КДАМ таъкид кардааст, ки роҳбарияти ҳукумати "Толибон"* аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ намуда, барои таъмини амният дар сарҳадот бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагии натиҷаманд меандешад
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон шаби 23 ба 24 декабр тдаргирии мусаллаҳонаи маргбор сар задааст.
Тибқи изҳороти расмии КДАМ Тоҷикистон, се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ", Отряди сарҳадии 0341 "Сарчашма", воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷаи сари вақт амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ соати 11:15 дақиқаи рӯзи 24 декабри соли ҷорӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Тоҷикистон муайян карда шуд.
"Террористон ба амри сарҳадбонони тоҷик барои таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Онҳо мақсад доштанд, ки ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд",- афзудааст манбаъ.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар се нафар террористон безарар гардонида шуданд. Аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаҳои М-16, автомати Калашников, 3 адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ бо таҷҳизоти садохомӯшкунак, 10 адад норинҷакҳои дастӣ, як адад дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.
Мутаассифона, зимни задухӯрди мусаллаҳона 2 нафар хизматчиёни ҳарбии марзбонони Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок гардиданд.
КДАМ таъкид кардааст, ки дар як моҳи охир ин сеюмин ҳолати ҳуҷуми мусаллаҳона, содир намудани амали террористӣ ва убури сарҳади давлатӣ аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон аст, ки дар натиҷаи он кормандони мулкӣ ва хизматчиёни низомӣ ба ҳалокат расиданд.
Ду тирандозӣ аз Афғонистон дар як ҳафта ва ҳалокати 5 нафар: Раҳмон бо генералҳои баландпояи Тоҷикистон машварат баргузор намуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2025
Ҷаласаи Раҳмон пас аз тирпарониҳо ва кушта шудани шаҳрвандони Чин дар марзи бо Афғонистон
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки далелҳои мазкур исботи он аст, ки ҳукумати "Толибон"* дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ваъдаҳои пайдарҳами худ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон ва мубориза бо аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ноуҳдабароӣ, бемасъулиятии ҷиддӣ ва такроршаванда нишон медиҳад.
Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ изҳори умед кардааст, ки роҳбарияти ҳукумати "Толибон"* аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ намуда, барои таъмини амният дар сарҳадот бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагии натиҷаманд меандешад.
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеона изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ имконияти пурраи ҷисмонӣ ва ҷангӣ дорад.
Минбаъд низ марзбонони тоҷик бо тамоми ҳастӣ марзу буми кишварро аз таҷовузи беруна ҳимоя намуда, чун ҳамешагӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, қочоқбарон ва ба ҳама гуна кӯшишҳои сарҳадшиканӣ аз Афғонистон ҷавоби сазовор хоҳанд дод.
*_ Созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0