https://sputnik.tj/20260117/shumora-nafaqagiron-tojikiston-afzoish-1074575190.html
Теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон бештар шуд
Теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон бештар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, талаботи моҳонаи нафақа дар ҷумҳурӣ дар як моҳ 13% афзоиш ёфтааст
2026-01-17T13:25+0500
2026-01-17T13:25+0500
2026-01-17T13:25+0500
иҷтимоъ
дар тоҷикистон
нафақа
бознишаста
ҳаққи бознишастагӣ
теъдод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103080/16/1030801681_0:64:3000:1752_1920x0_80_0_0_41c35b064d259b32097d1ced4f65ae6b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ба ҳолати 1 январи соли 2026 теъдоди умумии бознишастаҳо дар Тоҷикистон ба 877 ҳазору 260 нафар баробар шудааст. Тавре аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи нафақагирон то 1 январи соли 2025 836 ҳазору 690 нафарро ташкил медод ва афзоиши нафақагирон 40 ҳазору 516 нафарро ташкил медиҳад.Маблағи ҷудогардида ба нафақагирон дар моҳи январи соли 2025 411,8 млн сомонӣ ва дар моҳи январи соли 2026 464,8 млн сомониро ташкил додааст, яъне 13% афзоиш ёфтааст.Бояд гуфт, маблағи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории "Амонатбонк" пардохт карда мешаванд.Нафақаи миёнаи меҳнатӣ дар Тоҷикистон аз 645 сомонӣ дар соли 2025 ба 741 сомонӣӣ дар соли 2026 хоҳад расид.Нафақаи миёнаи суғуртавӣ, ки соли гузашта 514 сомонӣ буд, соли равон ба 591 сомонӣ баробар хоҳад шуд, иттилоъ дод Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар.Инчунин андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ, аз 359 сомонӣ дар соли 2025 ба 413 сомонӣ дар соли 2026 мерасад, афзуд манбаъ.Афзоиши нафақа ва маош дар кишвар бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон сурат хоҳад гирифт.Ёдовар мешавем, ки сар аз 25 июни соли 2025 дар Тоҷикистон Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон ба фаъолият шурӯъ кард. Шаҳрвандон имкон доранд ба ин марказ тавассути рақами кутоҳи 3900 занг зада, ба суолҳои худ, аз ҷумла дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъмини нафақа аз рӯи маъюбӣ, синну сол, маҳрум шудан аз саробон ва ғайра посух гиранд.
https://sputnik.tj/20260115/maoshu-nafaqa-stipendiyaho-ziyod-rahmon-farmon-imzo-1074530937.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103080/16/1030801681_228:0:2895:2000_1920x0_80_0_0_5990db76ed5e451e607ba42085a3d5b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шумора, нафақагирон, тоҷикистон, афзоиш
шумора, нафақагирон, тоҷикистон, афзоиш
Теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон бештар шуд
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, талаботи моҳонаи нафақа дар ҷумҳурӣ дар як моҳ 13% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ба ҳолати 1 январи соли 2026 теъдоди умумии бознишастаҳо дар Тоҷикистон ба 877 ҳазору 260 нафар баробар шудааст.
Тавре аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи нафақагирон то 1 январи соли 2025 836 ҳазору 690 нафарро ташкил медод ва афзоиши нафақагирон 40 ҳазору 516 нафарро ташкил медиҳад.
Маблағи ҷудогардида ба нафақагирон дар моҳи январи соли 2025 411,8 млн сомонӣ ва дар моҳи январи соли 2026 464,8 млн сомониро ташкил додааст, яъне 13% афзоиш ёфтааст.
Бояд гуфт, маблағи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории "Амонатбонк" пардохт карда мешаванд.
Нафақаи миёнаи меҳнатӣ дар Тоҷикистон аз 645 сомонӣ дар соли 2025 ба 741 сомонӣӣ дар соли 2026 хоҳад расид.
Нафақаи миёнаи суғуртавӣ, ки соли гузашта 514 сомонӣ буд, соли равон ба 591 сомонӣ баробар хоҳад шуд, иттилоъ дод Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар.
Инчунин андозаи миёнаи нафақаи иҷтимоӣ, аз 359 сомонӣ дар соли 2025 ба 413 сомонӣ дар соли 2026 мерасад, афзуд манбаъ.
Афзоиши нафақа ва маош дар кишвар бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 1 сентябри соли равон сурат хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 25 июни соли 2025 дар Тоҷикистон Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон ба фаъолият шурӯъ кард.
Шаҳрвандон имкон доранд ба ин марказ тавассути рақами кутоҳи 3900 занг зада, ба суолҳои худ, аз ҷумла дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъмини нафақа аз рӯи маъюбӣ, синну сол, маҳрум шудан аз саробон ва ғайра посух гиранд.