https://sputnik.tj/20260117/afzoish-sodirot-mahsulot-kishvarzi-tojikiston-1074579429.html
Афзоиши содироти маҳсулоти кишварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ
Афзоиши содироти маҳсулоти кишварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ
Sputnik Тоҷикистон
Наздики 89% -и содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ рост меояд. Дар мум маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 давлати дуру наздик роҳ ёфтааст
2026-01-17T10:23+0500
2026-01-17T10:23+0500
2026-01-17T10:23+0500
содирот
вазорати кишоварзӣ
кишоварзӣ
мева
ангур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/10/1074582758_0:158:3077:1889_1920x0_80_0_0_4cd5fb1176bddd630eb786b125e194e0.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв - Sputnik. Ҳаҷми содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ афзудааст.Соли 2025 аз Тоҷикистон 190508 тонна маҳсулоти кишварзӣ содирот шудааст, ки ин назар ба соли 2024 13,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд. Ба гуфтаи ин ниҳод маблағи содироти маҳсулоти кишоварзӣ 79,2 млн доллари амрикоиро дар бар мегирад. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 56,7 млн долларро ташкил медод.Бояд гуфт 89% -и содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ рост меояд. Ҳамчунин маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 давлати дуру наздик роҳ ёфтааст.Инчунин аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки афзоиши содироти маҳсулот асосан дар якчанд бахш ба мушоҳида расидааст.Чунончи содироти мева 50,6 ҳаз. тонна, нисбати ҳамин давраи гузашта 32,8% афзоиш ёфтааст. Ангур бошад назар ба соли қаблӣ 35,2% зиёдтар содирот гардидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта содироти ангур 20,8 ҳаз. тоннаро ташкил дод.“Содироти меваи хушк ба 104,1 ҳаз. тонна (афзоиш 15,6%) ва чормағзмеваҳо ба 3,6 ҳаз. тонна (афзоиш 5,6%) расид. Содироти решаҳои коснӣ (сикория) бо афзоиши 2 баробар ба 3,9 ҳаз. тонна расид", – гуфтанд аз вазорат.Ҳамчунин манбаъ қайд намуд, ки дар соли ҳисоботӣ, тамоюли афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба таъсиси бренди миллии баландрақобат ва баромадан ба бозорҳои муътамади ҷаҳонӣ нигаронида шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/10/1074582758_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_fe56e80aeebeac482a3c9714e8914a59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, содирот, маҳсулоти кишварзӣ, тоҷикистон
афзоиш, содирот, маҳсулоти кишварзӣ, тоҷикистон
Афзоиши содироти маҳсулоти кишварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ
Эксклюзив
Наздики 89% -и содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ рост меояд. Дар мум маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 давлати дуру наздик роҳ ёфтааст
ДУШАНБЕ, 17 янв - Sputnik. Ҳаҷми содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ афзудааст.
Соли 2025 аз Тоҷикистон 190508 тонна маҳсулоти кишварзӣ содирот шудааст, ки ин назар ба соли 2024 13,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин бора ба
Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи ин ниҳод маблағи содироти маҳсулоти кишоварзӣ 79,2 млн доллари амрикоиро дар бар мегирад. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 56,7 млн долларро ташкил медод.
“Содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯи ҳаҷм 13,5% (22 683 тонна) ва аз рӯи маблағ 39,7% (22,5 млн доллар) афзудааст, ки ин аз афзоиши сифат ва арзиши маҳсулоти кишоварзӣ шаҳодат медиҳад” – иброз доштанд аз Вазорати кишоварзӣ.
Бояд гуфт 89% -и содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ рост меояд. Ҳамчунин маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 давлати дуру наздик роҳ ёфтааст.
Инчунин аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки афзоиши содироти маҳсулот асосан дар якчанд бахш ба мушоҳида расидааст.
Чунончи содироти мева 50,6 ҳаз. тонна, нисбати ҳамин давраи гузашта 32,8% афзоиш ёфтааст. Ангур бошад назар ба соли қаблӣ 35,2% зиёдтар содирот гардидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта содироти ангур 20,8 ҳаз. тоннаро ташкил дод.
“Содироти меваи хушк ба 104,1 ҳаз. тонна (афзоиш 15,6%) ва чормағзмеваҳо ба 3,6 ҳаз. тонна (афзоиш 5,6%) расид. Содироти решаҳои коснӣ (сикория) бо афзоиши 2 баробар ба 3,9 ҳаз. тонна расид", – гуфтанд аз вазорат.
Ҳамчунин манбаъ қайд намуд, ки дар соли ҳисоботӣ, тамоюли афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба таъсиси бренди миллии баландрақобат ва баромадан ба бозорҳои муътамади ҷаҳонӣ нигаронида шуд.