https://sputnik.tj/20251125/khatlon-rusiya-mahsuloti-kishvoarzi-sodirot-1073240573.html
Хатлон ба Русия 2,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишвоарзӣ содирот кардааст
Хатлон ба Русия 2,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишвоарзӣ содирот кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон аз эълон кардааст, ки маҳсулоти кишоварзии вилоят ба 7 кишвари хориҷӣ содирот шудааст
2025-11-25T18:30+0500
2025-11-25T18:30+0500
2025-11-25T18:30+0500
дар тоҷикистон
хатлон
содирот
маҳсулот
кишоварзӣ
русия
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071076304_0:137:2048:1289_1920x0_80_0_0_085701ddbdf2b7165964b6c8e18dae2e.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар асоси маълумотномаи Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилоят ба хориҷи кишвар дар ин давра танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон 7049 тоннаро ташкил додааст.Ба иттилои ҳамин ниҳоди давлатӣ маблағи умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ 2,9 млн. долларро ташкил додааст.Қайд карда шудааст, ки дар ба ҳолати 1-ноябри соли ҷорӣ танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон ҳамагӣ ба миқдори 7049 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.Аз ҷуммлу аз Хатлон ба хориҷ 1633 тонна пиёз, зардолу 808 тонна, олу 1171 тонна, себ 50 тонна, нок 10 тонна, ҷуворимакка 17 тонна, тарбуз 39 тонна, шафтолу 263 тонна, чормағзи заминӣ 612 тонна, писта 504 тонна, мағзи писта 91 тонна, кадуча 44 тонна, ангур 902 тонна, карам 52 тон-на, лаблабу 574 тонна, бодиринг 1,1 тонна, помидор 1 тонна, қаланфур 2,3 тонна, каду 11 тонна, анор 1 тонна, нок 3 тонна, меваи хушк6 тонна, мавиз1 тонна ва лимӯ 364 тоннаро ташкил медиҳад.Таъкид шудааст, ки қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Қазоқистон 1366 тонна, Покистон 1445 тонна, Афғонистон 1113 тонна содирот шудааст.Ҳамчунин аз вилояти Хатлон маҳсулоти кишоварзӣ ба Узбекистон 350 тонна, Русия 2658 тонна, Туркия 91 тонна ва Қирғизистон 22 тонна низ содирот шудааст.Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли равон сарвазири Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳаҷми савдои миёни Русия ва Тоҷикистон 13% афзудааст.Вай гуфт, давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни Русия ва Тоҷикистон ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13% дарсадро ташкил дод."Соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Русия 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023, 200 млн доллар зиёд аст", - таъкид кард Расулзода.Ҳамин тавр, давоми 8 моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни ду кишвар ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13%-ро ташкил дод.Бояд қайд кард, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то охири соли 2024 ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 15% бештар аст.Қаблан дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз тасмими то соли 2030 2,5 баробар афзоиш додани табодули коло миёни кишварҳо хабар дода буд.
https://sputnik.tj/20251125/tojikiston-rusiya-sodiroti-angur-mahsuloti-kishovarzi-1073239793.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071076304_88:0:1908:1365_1920x0_80_0_0_b0d6cc32ff0c029942a666a0fc110468.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, содирот, маҳсулоти кишоварзӣ, русия, хориҷа
тоҷикистон, хатлон, содирот, маҳсулоти кишоварзӣ, русия, хориҷа
Хатлон ба Русия 2,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишвоарзӣ содирот кардааст
Мақомоти вилояти Хатлон аз эълон кардааст, ки маҳсулоти кишоварзии вилоят ба 7 кишвари хориҷӣ содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар асоси маълумотномаи Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилоят ба хориҷи кишвар дар ин давра танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон 7049 тоннаро ташкил додааст.
Ба иттилои ҳамин ниҳоди давлатӣ маблағи умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ 2,9 млн. долларро ташкил додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ба ҳолати 1-ноябри соли ҷорӣ танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон ҳамагӣ ба миқдори 7049 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.
Аз ҷуммлу аз Хатлон ба хориҷ 1633 тонна пиёз, зардолу 808 тонна, олу 1171 тонна, себ 50 тонна, нок 10 тонна, ҷуворимакка 17 тонна, тарбуз 39 тонна, шафтолу 263 тонна, чормағзи заминӣ 612 тонна, писта 504 тонна, мағзи писта 91 тонна, кадуча 44 тонна, ангур 902 тонна, карам 52 тон-на, лаблабу 574 тонна, бодиринг 1,1 тонна, помидор 1 тонна, қаланфур 2,3 тонна, каду 11 тонна, анор 1 тонна, нок 3 тонна, меваи хушк6 тонна, мавиз1 тонна ва лимӯ 364 тоннаро ташкил медиҳад.
Таъкид шудааст, ки қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Қазоқистон 1366 тонна, Покистон 1445 тонна, Афғонистон 1113 тонна содирот шудааст.
Ҳамчунин аз вилояти Хатлон маҳсулоти кишоварзӣ ба Узбекистон 350 тонна, Русия 2658 тонна, Туркия 91 тонна ва Қирғизистон 22 тонна низ содирот шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли равон сарвазири Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳаҷми савдои миёни Русия ва Тоҷикистон 13% афзудааст.
Вай гуфт, давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни Русия ва Тоҷикистон ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13% дарсадро ташкил дод.
"Соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Русия 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023, 200 млн доллар зиёд аст", - таъкид кард Расулзода.
Ҳамин тавр, давоми 8 моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни ду кишвар ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13%-ро ташкил дод.
Бояд қайд кард, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то охири соли 2024 ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 15% бештар аст.
Қаблан дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз тасмими то соли 2030 2,5 баробар афзоиш додани табодули коло миёни кишварҳо хабар дода буд.