https://sputnik.tj/20260115/tojikiston-acwa-power-sokhtmoni-nerugohhoi-oftobi-1074532069.html
Тоҷикистон бо ширкати “ACWA Power”-и АМА сохтмони неругоҳҳои офтобиро баррасӣ кард
Тоҷикистон бо ширкати “ACWA Power”-и АМА сохтмони неругоҳҳои офтобиро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини вазорати энергетика бо роҳбарияти ширкати "ACWA Power" бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1250 МВт дар ҷумҳурӣ баррасӣ карданд
2026-01-15T10:45+0500
2026-01-15T10:45+0500
2026-01-15T10:45+0500
дар тоҷикистон
энергетика
нерӯгоҳи офтобӣ
сохтмон
ама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074532764_0:262:3072:1990_1920x0_80_0_0_99016e5f8408ba6595496371bdd8606d.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Баррасии масъалаи бунёди нерӯгоҳи офтобӣ бо роҳбарияти ширкати “ACWA Power” дар ҳошияи чорабинии Ҳафтаи рушди устувори Абу Забӣ – 2026 сурат гирифт.Дар ин бора вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст. Дар мулоқоти мазкур муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо Президенти ширкати "ACWA Power" дар Осиёи Марказӣ Абид Малик масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.“Бахусус ҷонибҳо ба мавзуи бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1250 МВт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.Ҳамзамон, тарафҳо ба татбиқи лоиҳаи хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 кВ "Роғун-Сайҳун" ва аз мавзеи Сайҳун то зеристгоҳи барқии "Суғд-500" таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.Мақомоти Тоҷикистон зимни мулоқот таъкид кардааст, ки ин лоиаҳо барои таҳкими устувории низоми энергетикии кишвар ва афзоиши иқтидори интиқоли барқ аҳамияти калидӣ дорад.Таъкид гардидааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи музокирот, таҳияи ҷузъиёти техникию иқтисодии лоиҳаҳо ва ҷалби сармоягузорӣ дар самти рушди энергетикаи "сабз" изҳор намуданд.
https://sputnik.tj/20260114/tojikiston-sokhtmon-nerugohi-oftobi-oghoz-1074512115.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074532764_194:0:2925:2048_1920x0_80_0_0_60187e84a3dbe9ebd366e89da605a71e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ширкати абу даби, аморати муттаҳидаи араб, жнергетика, сохтмон, нерӯгоҳ, офтобӣ
тоҷикистон, ширкати абу даби, аморати муттаҳидаи араб, жнергетика, сохтмон, нерӯгоҳ, офтобӣ
Тоҷикистон бо ширкати “ACWA Power”-и АМА сохтмони неругоҳҳои офтобиро баррасӣ кард
Масъулини вазорати энергетика бо роҳбарияти ширкати "ACWA Power" бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1250 МВт дар ҷумҳурӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Баррасии масъалаи бунёди нерӯгоҳи офтобӣ бо роҳбарияти ширкати “ACWA Power” дар ҳошияи чорабинии Ҳафтаи рушди устувори Абу Забӣ – 2026 сурат гирифт.
Дар ин бора вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Дар мулоқоти мазкур муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо Президенти ширкати "ACWA Power" дар Осиёи Марказӣ Абид Малик масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.
“Бахусус ҷонибҳо ба мавзуи бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1250 МВт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, тарафҳо ба татбиқи лоиҳаи хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 кВ "Роғун-Сайҳун" ва аз мавзеи Сайҳун то зеристгоҳи барқии "Суғд-500" таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Мақомоти Тоҷикистон зимни мулоқот таъкид кардааст, ки ин лоиаҳо барои таҳкими устувории низоми энергетикии кишвар ва афзоиши иқтидори интиқоли барқ аҳамияти калидӣ дорад.
Таъкид гардидааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи музокирот, таҳияи ҷузъиёти техникию иқтисодии лоиҳаҳо ва ҷалби сармоягузорӣ дар самти рушди энергетикаи "сабз" изҳор намуданд.