https://sputnik.tj/20260114/tojikiston-sokhtmon-nerugohi-oftobi-oghoz-1074512115.html
Дар Тоҷикистон сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт оғоз ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон неругоҳоии офтобӣ бо иқтидори 500 МВт сохта мешавад
2026-01-14T12:29+0500
2026-01-14T12:29+0500
2026-01-14T14:24+0500
дар тоҷикистон
энергетика
сохтмони нерӯгоҳ
нерӯгоҳи офтобӣ
хатлон
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074512464_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_4f5204f46c56bc100713973ade191b14.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон татбиқи нахустин лоиҳаи бузурги энергетикаи офтобӣ бо иқтидори умумии муқарраршудаи 500 МВт оғоз гардид.Дар ин бора Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар додааст.Ин ниҳоди давлати қайд кардааст, ки татбиқи ин лоиҳаи бузург марҳилаи навро дар рушди инфрасохтори муосири энергетикӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия оғоз менамояд.Қайд карда шудааст, ки миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Аён Энерджи" созишнома ба имзо расид, ки тарҳрезӣ, сохтмон ва ба истифода додани ду неругоҳи офтобии фотоэлектрикиро дар бар мегирад.- Неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт, вилояти Суғд;- Неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳун, вилояти Хатлон.“Ин лоиҳа аввалин намунаи татбиқи неругоҳи офтобӣ бо чунин иқтидори бузург дар таърихи Тоҷикистон буда, равиши стратегии кишварро ҷиҳати диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ ва рушди энергетикаи "сабз" инъикос менамояд”, - зикр кардааст Кумита.Қайд карда шудааст, ки ба истифода додани неругоҳҳои офтобӣ ба коҳиш додани норасоии мавсимии неруи барқ, махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон, паст намудани фишор ба низоми энергетикӣ ва таъмини устувори неруи барқ барои аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.Мутобиқи шартҳои созишнома, сармоягузор ӯҳдадор аст корҳои тарҳрезӣ, сохтмон ва ба истифода додани иншоотро то охири соли 2026 анҷом диҳад.
https://sputnik.tj/20251204/panjakent-ghizo-chorvo-panel-oftobi-1073499124.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0e/1074512464_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_3ba6920a64ecf6a897edc1324d522c3b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нерӯгоҳи офтобӣ, сохтмон, иқтидор, суғд, хатлон, энергетика
тоҷикистон, нерӯгоҳи офтобӣ, сохтмон, иқтидор, суғд, хатлон, энергетика
Дар Тоҷикистон сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт оғоз ёфт
12:29 14.01.2026 (Навсозишуда: 14:24 14.01.2026) Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон неругоҳоии офтобӣ бо иқтидори 500 МВт сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Дар Тоҷикистон татбиқи нахустин лоиҳаи бузурги энергетикаи офтобӣ бо иқтидори умумии муқарраршудаи 500 МВт оғоз гардид.
Дар ин бора Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар додааст.
Ин ниҳоди давлати қайд кардааст, ки татбиқи ин лоиҳаи бузург марҳилаи навро дар рушди инфрасохтори муосири энергетикӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия оғоз менамояд.
Қайд карда шудааст, ки миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Аён Энерджи" созишнома ба имзо расид, ки тарҳрезӣ, сохтмон ва ба истифода додани ду неругоҳи офтобии фотоэлектрикиро дар бар мегирад.
- Неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт, вилояти Суғд;
- Неругоҳи офтобии фотоэлектрикӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ҷайҳун, вилояти Хатлон.
“Ин лоиҳа аввалин намунаи татбиқи неругоҳи офтобӣ бо чунин иқтидори бузург дар таърихи Тоҷикистон буда, равиши стратегии кишварро ҷиҳати диверсификатсияи манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ ва рушди энергетикаи "сабз" инъикос менамояд”, - зикр кардааст Кумита.
Қайд карда шудааст, ки ба истифода додани неругоҳҳои офтобӣ ба коҳиш додани норасоии мавсимии неруи барқ, махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон, паст намудани фишор ба низоми энергетикӣ ва таъмини устувори неруи барқ барои аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Мутобиқи шартҳои созишнома, сармоягузор ӯҳдадор аст корҳои тарҳрезӣ, сохтмон ва ба истифода додани иншоотро то охири соли 2026 анҷом диҳад.