https://sputnik.tj/20260108/mashqhoi-nizomi-spad-tamringohhoi-tojikiston-1074405540.html
Чаро машқҳои низомии СПАД дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон муҳиманд?
Чаро машқҳои низомии СПАД дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон муҳиманд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2025, Тоҷикистон макони баргузории бисёр аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла муҳим барои Русия ва минтақаи Осиёи Марказӣ гардид
2026-01-08T18:19+0500
2026-01-08T18:19+0500
2026-01-08T18:31+0500
дар тоҷикистон
спад
тамрин
машқҳои низомӣ
коршинос
идм
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072245667_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_8883f388f9a918841e67f9b238433d75.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Тоҷикистон мунтазам таҳти сарпарастии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Маркази зиддитеррористии ИДМ машқҳои низомӣ баргузор мекунад.Барои мисол, дар моҳи октябри соли 2025 машқҳои муштараки зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нерӯҳои СПАД дар тамрингоҳи Фахрободи Тоҷикистон баргузор шуданд ва дар баҳори гузашта дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон дар вилояти Хатлон машқҳои Русияву Тоҷикистон гузаронида шуд.Нақши чунин машқҳо, ки на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки Беларус, Русия ва Арманистонро низ дар бар мегиранд, дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон Станислав Притчин, роҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ дар Пажуҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Русия шарҳ дод."Ин масъалаи сатҳи омодагии низомӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҷанг аст. Мантиқи нерӯҳои мусаллаҳ дар ҳар як кишвар ба таври гуногун инкишоф меёбад. Ва гоҳе мо бояд соатҳои худро ҳамоҳанг созем ва кӯшиш кунем, ки дар якҷоягӣ кор кунем, то тавонем таҷрибаи ҳамоҳангшударо дар вазъиятҳои муҳим тақвият диҳем", - шарҳ дод коршинос.Ба гуфтаи вай, барои ҳар як нерӯҳои мусаллаҳ омӯзиши дигар театрҳои амалиётҳои эҳтимолии ҷангӣ ҳамеша як таҷрибаи нав аст.Ғайр аз ин, Притчин қайд кард, ки дар ҷаҳон кам кишварҳое ҳаст, ки гузаронидани амалиётҳои ҷангиро дар шароити кӯҳистон доранд."Шароити ҷуғрофии Осиёи Марказӣ барои гузаронидани ҳама гуна амалиётҳои ҷангӣ — ҳамла ва дифоъ хеле душвор аст. Аз ин рӯ, ин таҷрибаи ҳамоҳангсозии ҷангӣ дар ин ҷо барои посух додан ба ҳама гуна мушкилот дар вазъияти воқеан муҳим муҳим аст", - гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки соли 2024 Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барномаи байнидавлатиро барои тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тасдиқ кард.Барнома барои панҷ сол тарҳрезӣ шудааст ва маҷмӯи чораҳоеро дар бар мегирад, ки ба тақвияти назорати марз, навсозии зерсохтор ва муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои марзии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосири амниятӣ нигаронида шудаанд. Марҳилаи аввал соли 2025 оғоз ёфт ва аллакай корҳои назаррас дар самти интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ анҷом дода шудаанд.Дар охири соли 2025, СПАД ҳаҷми таҷҳизоти низомиро барои Тоҷикистон тасдиқ кард — интиқоли эҳтимолӣ силоҳ аз Русия, Беларус ва Қазоқистон аллакай мувофиқа шудааст.
https://sputnik.tj/20251224/spad-tojikiston-kumakho-nizomi-darkhost-1074088857.html
https://sputnik.tj/20251221/spad-gustarishi-hamkori-idm-shsh-taqviyat-1073997690.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/14/1072245667_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_23cf584cab7808524b2263f059448a60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, спад, идм, амният, машқ, тамрингоҳҳҳо, русия, осиёи марказӣ,
тоҷикистон, спад, идм, амният, машқ, тамрингоҳҳҳо, русия, осиёи марказӣ,
Чаро машқҳои низомии СПАД дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон муҳиманд?
18:19 08.01.2026 (Навсозишуда: 18:31 08.01.2026) Эксклюзив
Дар соли 2025, Тоҷикистон макони баргузории бисёр аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла муҳим барои Русия ва минтақаи Осиёи Марказӣ гардид
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Тоҷикистон мунтазам таҳти сарпарастии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Маркази зиддитеррористии ИДМ машқҳои низомӣ баргузор мекунад.
Барои мисол, дар моҳи октябри соли 2025 машқҳои муштараки зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нерӯҳои СПАД дар тамрингоҳи Фахрободи Тоҷикистон баргузор шуданд ва дар баҳори гузашта дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон дар вилояти Хатлон машқҳои Русияву Тоҷикистон гузаронида шуд.
Нақши чунин машқҳо, ки на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки Беларус, Русия ва Арманистонро низ дар бар мегиранд, дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон Станислав Притчин, роҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ дар Пажуҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Русия шарҳ дод.
"Ин масъалаи сатҳи омодагии низомӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҷанг аст. Мантиқи нерӯҳои мусаллаҳ дар ҳар як кишвар ба таври гуногун инкишоф меёбад. Ва гоҳе мо бояд соатҳои худро ҳамоҳанг созем ва кӯшиш кунем, ки дар якҷоягӣ кор кунем, то тавонем таҷрибаи ҳамоҳангшударо дар вазъиятҳои муҳим тақвият диҳем", - шарҳ дод коршинос.
Ба гуфтаи вай, барои ҳар як нерӯҳои мусаллаҳ омӯзиши дигар театрҳои амалиётҳои эҳтимолии ҷангӣ ҳамеша як таҷрибаи нав аст.
Ғайр аз ин, Притчин қайд кард, ки дар ҷаҳон кам кишварҳое ҳаст, ки гузаронидани амалиётҳои ҷангиро дар шароити кӯҳистон доранд.
"Шароити ҷуғрофии Осиёи Марказӣ барои гузаронидани ҳама гуна амалиётҳои ҷангӣ — ҳамла ва дифоъ хеле душвор аст. Аз ин рӯ, ин таҷрибаи ҳамоҳангсозии ҷангӣ дар ин ҷо барои посух додан ба ҳама гуна мушкилот дар вазъияти воқеан муҳим муҳим аст", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барномаи байнидавлатиро барои тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тасдиқ кард.
Барнома барои панҷ сол тарҳрезӣ шудааст ва маҷмӯи чораҳоеро дар бар мегирад, ки ба тақвияти назорати марз, навсозии зерсохтор ва муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои марзии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосири амниятӣ нигаронида шудаанд. Марҳилаи аввал соли 2025 оғоз ёфт ва аллакай корҳои назаррас дар самти интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ анҷом дода шудаанд.
Дар охири соли 2025, СПАД ҳаҷми таҷҳизоти низомиро барои Тоҷикистон тасдиқ кард — интиқоли эҳтимолӣ силоҳ аз Русия, Беларус ва Қазоқистон аллакай мувофиқа шудааст.