https://sputnik.tj/20251224/spad-tojikiston-kumakho-nizomi-darkhost-1074088857.html
СПАД: Тоҷикистон кумакҳои низомӣ дархост накардааст
СПАД: Тоҷикистон кумакҳои низомӣ дархост накардааст
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар охири моҳи ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи тирпарронӣ аз тарафи Афғонистон рух додааст
2025-12-24T18:19+0500
2025-12-24T18:19+0500
2025-12-24T18:19+0500
дар тоҷикистон
спад
кӯмак
амният ва мудофиа
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/08/1073624478_0:197:2940:1851_1920x0_80_0_0_dafdc3b1891d0d42e7c02ce983ea2d03.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) хабарҳоро дар бораи дархости кӯмак аз ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон рад кард.ДАр ин бора дар изҳороте, ки дар Telegram канали СПАД нашр шудааст, гуфта шудааст."Мо ба шумо хабар медиҳем, ки ҷониби Тоҷикистон дар робита ба рӯйдодҳои 26 ва 30 ноябри соли 2025 аз СПАД ягон кӯмак дархост накардааст", - изҳор дошт созмон.СПАД қайд кард, ки ҳамкории Тоҷикистон бо иттифоқчиёни худ дар СПАД дар заминаи тақвияти марз бо Афғонистон бар асоси барномаи мақсадноки байнидавлатии дахлдор, ки дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СПАД дар Остона дар соли 2024 тасдиқ шудааст, сурат мегирад.Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки шаби 26 ноябр афроди номаълум аз марзи Афғонистон ба кормандони ширкати "Шохин СМ" ҳамла кардаанд.Рӯзи 30 ноябр ҳодисаи дуюми тирпарронӣ аз ҷониби Афғонистон ба сӯйи Тоҷикистон рух дод. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо панҷ шаҳрванди Чин - кормандони ширкати "Шохин СМ" ва як ширкати сохтмонӣ - кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.Душанбе аз ин ҳодиса нигаронии амиқ изҳор кард ва амалҳои гурӯҳҳои ҷиноиро маҳкум кард ва аз Кобул даъват кард, ки барои таъмини субот ва амният дар марзи давлатии ду кишвари ҳамсоя чораҳои муассир андешад.Қаблан, якчанд каналҳои Telegram хабар нашр карданд, ки гӯё Тоҷикистон аз иттифоқчиёни худ дар СПАД барои кӯмаки низомӣ бинобар вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муроҷиат кардааст.Дар доираи барномаи СПАД барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон, Тоҷикистон рӯйхати силоҳ ва таҷҳизоти заруриро барои амнияти марз тартиб додааст, хабар дод мушовири дабири кулли СПАД Павел Саргсян дар моҳи декабр.
https://sputnik.tj/20251221/spad-gustarishi-hamkori-idm-shsh-taqviyat-1073997690.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/08/1073624478_106:0:2835:2047_1920x0_80_0_0_29c88b11a36a0ee0b19900c5642b3c7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, спад, кумакҳои низомӣ, дархост, раддия, тирапронӣ, афғонистон, марз
тоҷикистон, спад, кумакҳои низомӣ, дархост, раддия, тирапронӣ, афғонистон, марз
СПАД: Тоҷикистон кумакҳои низомӣ дархост накардааст
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар охири моҳи ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи тирпарронӣ аз тарафи Афғонистон рух додааст
ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) хабарҳоро дар бораи дархости кӯмак аз ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон рад кард.
ДАр ин бора дар изҳороте, ки дар Telegram канали СПАД нашр шудааст, гуфта шудааст.
"Мо ба шумо хабар медиҳем, ки ҷониби Тоҷикистон дар робита ба рӯйдодҳои 26 ва 30 ноябри соли 2025 аз СПАД ягон кӯмак дархост накардааст", - изҳор дошт созмон.
СПАД қайд кард, ки ҳамкории Тоҷикистон бо иттифоқчиёни худ дар СПАД дар заминаи тақвияти марз бо Афғонистон бар асоси барномаи мақсадноки байнидавлатии дахлдор, ки дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СПАД дар Остона дар соли 2024 тасдиқ шудааст, сурат мегирад.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки шаби 26 ноябр афроди номаълум аз марзи Афғонистон ба кормандони ширкати "Шохин СМ" ҳамла кардаанд.
Рӯзи 30 ноябр ҳодисаи дуюми тирпарронӣ аз ҷониби Афғонистон ба сӯйи Тоҷикистон рух дод. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо панҷ шаҳрванди Чин - кормандони ширкати "Шохин СМ" ва як ширкати сохтмонӣ - кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.
Душанбе аз ин ҳодиса нигаронии амиқ изҳор кард ва амалҳои гурӯҳҳои ҷиноиро маҳкум кард ва аз Кобул даъват кард, ки барои таъмини субот ва амният дар марзи давлатии ду кишвари ҳамсоя чораҳои муассир андешад.
Қаблан, якчанд каналҳои Telegram хабар нашр карданд, ки гӯё Тоҷикистон аз иттифоқчиёни худ дар СПАД барои кӯмаки низомӣ бинобар вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муроҷиат кардааст.
Дар доираи барномаи СПАД барои тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон, Тоҷикистон рӯйхати силоҳ ва таҷҳизоти заруриро барои амнияти марз тартиб додааст, хабар дод мушовири дабири кулли СПАД Павел Саргсян дар моҳи декабр.