https://sputnik.tj/20251221/spad-gustarishi-hamkori-idm-shsh-taqviyat-1073997690.html
СПАД нуфузи худро тавассути густариши ҳамкорӣ бо ИДМ ва СҲШ тақвият хоҳад дод
СПАД нуфузи худро тавассути густариши ҳамкорӣ бо ИДМ ва СҲШ тақвият хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) стратегияҳояшро на танҳо тавассути аъзоёни нав балки тавассути имкониятҳои шарикӣ, ба роҳ мемонад
2025-12-21T15:06+0500
2025-12-21T15:06+0500
2025-12-21T15:06+0500
дар тоҷикистон
спад
ҳамкорӣ
идм
сҳш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/13/1051518497_153:102:1654:946_1920x0_80_0_0_a2f392c9fa34f783187c74631564364e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои густариши нуфузи худ ҳамкориро бо кишварҳои ИДМ ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) тақвият хоҳад дод.Инро дабири кулли ин созмон, Иманғалӣ Тасмагамбетов, дар мусоҳиба бо ТАСС, зимни ҷамъбасти се соли раҳбарии худ ҳамчун СПАД изҳор дошт.Ӯ қайд кард, ки сарфи назар аз бад шудани вазъи байналмилалӣ, иқтидори ин созмон афзоиш ёфтааст."Гурӯҳи авиатсионии СПАД тақвият дода шудааст ва шумораи кормандон қариб ду баробар афзудааст", қайд кард Дабири кулл.Дар посух ба суол дар бораи васеъ кардани СПАД, Тасмагамбетов қайд кард, ки то ҳол аз кишварҳои нав дархосте ворид нашудааст ва таъкид кард, ки "мо бояд на танҳо дар бораи аъзои эҳтимолии нави иттиҳод, балки дар бораи шарикон дар шакли созмонҳои байналмилалӣ низ сӯҳбат кунем." Қадами калидӣ дар ин самт харитаи роҳ барои ҳамкории байни СПАД, ИДМ ва СҲШ буд, ки тирамоҳ имзо шуда буд.Дабири кулл таваҷҷӯҳро ба вазъияти мураккаби амниятӣ дар АвруОсиё ҷалб кард, ки дар он "шарикон аз наздик созмонро назорат мекунанд".Ӯ қайд кард, ки амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина омили муҳим боқӣ мемонад ва пас аз анҷоми он, вазъ метавонад тағйир ёбад.Тасмагамбетов инчунин аз пешрафти дар муколама бо сохторҳои калидии байналмилалӣ ва баргузории мунтазами машқҳоеро, ки дар онҳо "ҷанбаҳои инфиродии омӯзиши нерӯҳо бо назардошти таҷрибаи охирини ҷангӣ машқ карда мешаванд", таъкид кард.Вай инчунин ёдовар шуд, ки машқҳои зерин мунтазам баргузор мешуданд: "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ", "Эшелон", "Сарҳад", "Бародарии шикастнопазир" ва "Монеа", ки дар онҳо ҷанбаҳои инфиродии омӯзиши нерӯҳо бо назардошти таҷрибаи охирини ҷангӣ тамрин карда шуд.
https://sputnik.tj/20251209/semerikov-spad-kumaki-nizomi-tojikistonro-tasdiq-1073657209.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/13/1051518497_389:122:1487:946_1920x0_80_0_0_84d1d617d6205644bb3ec3b9e0238a64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сҳш, спад, идм, ҳамкорӣ, равобит, стратегия
тоҷикистон, сҳш, спад, идм, ҳамкорӣ, равобит, стратегия
СПАД нуфузи худро тавассути густариши ҳамкорӣ бо ИДМ ва СҲШ тақвият хоҳад дод
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) стратегияҳояшро на танҳо тавассути аъзоёни нав балки тавассути имкониятҳои шарикӣ, ба роҳ мемонад
ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои густариши нуфузи худ ҳамкориро бо кишварҳои ИДМ ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) тақвият хоҳад дод.
Инро дабири кулли ин созмон, Иманғалӣ Тасмагамбетов, дар мусоҳиба бо ТАСС, зимни ҷамъбасти се соли раҳбарии худ ҳамчун СПАД изҳор дошт.
Ӯ қайд кард, ки сарфи назар аз бад шудани вазъи байналмилалӣ, иқтидори ин созмон афзоиш ёфтааст.
"Гурӯҳи авиатсионии СПАД тақвият дода шудааст ва шумораи кормандон қариб ду баробар афзудааст", қайд кард Дабири кулл.
Дар посух ба суол дар бораи васеъ кардани СПАД, Тасмагамбетов қайд кард, ки то ҳол аз кишварҳои нав дархосте ворид нашудааст ва таъкид кард, ки "мо бояд на танҳо дар бораи аъзои эҳтимолии нави иттиҳод, балки дар бораи шарикон дар шакли созмонҳои байналмилалӣ низ сӯҳбат кунем." Қадами калидӣ дар ин самт харитаи роҳ барои ҳамкории байни СПАД, ИДМ ва СҲШ буд, ки тирамоҳ имзо шуда буд.
Дабири кулл таваҷҷӯҳро ба вазъияти мураккаби амниятӣ дар АвруОсиё ҷалб кард, ки дар он "шарикон аз наздик созмонро назорат мекунанд".
Ӯ қайд кард, ки амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина омили муҳим боқӣ мемонад ва пас аз анҷоми он, вазъ метавонад тағйир ёбад.
Тасмагамбетов инчунин аз пешрафти дар муколама бо сохторҳои калидии байналмилалӣ ва баргузории мунтазами машқҳоеро, ки дар онҳо "ҷанбаҳои инфиродии омӯзиши нерӯҳо бо назардошти таҷрибаи охирини ҷангӣ машқ карда мешаванд", таъкид кард.
Вай инчунин ёдовар шуд, ки машқҳои зерин мунтазам баргузор мешуданд: "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ", "Эшелон", "Сарҳад", "Бародарии шикастнопазир" ва "Монеа", ки дар онҳо ҷанбаҳои инфиродии омӯзиши нерӯҳо бо назардошти таҷрибаи охирини ҷангӣ тамрин карда шуд.