Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Туск: Кафолат барои Украина рӯзҳои наздик дар Вашингтон имзо мешавад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкПредседатель Европейского совета Дональд Туск, архивное фото
Председатель Европейского совета Дональд Туск, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2026
Обуна шудан
Туск: Кафолатҳои ИМА ва Аврупо барои Украина метавонанд рӯзҳои наздик имзо шаванд
ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Имзои ҳуҷҷатҳои ИМА ва Аврупо дар бораи кафолатҳои амнияти Украина метавонад дар рӯзҳои наздик дар Вашингтон сурат гирад.
Дар ин бора, сарвазири Лаҳистон Доналд Туск ҳангоми сафараш ба Порис барои ҷаласаи "эътилофи хоҳишмандон", гузориш дод.
Рӯзи сешанбе дар Порис ҷаласаи сатҳи баланди "эътилофи хоҳишмандон" баргузор мешавад. Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси президенти ИМА, ва Ҷаред Кушнер, домоди раҳбари Амрико, низ дар он ширкат хоҳанд кард.
Владимир Зеленский пас аз мулоқоташ бо Трамп дар Мар-а-Лаго, изҳор дошт, ки кафолатҳои амниятӣ байни ИМА ва Украина пурра ба мувофиқа расидаанд. Пас аз музокироти дуҷониба, Трамп ва Зеленский бо роҳбарони аврупоӣ телефонӣ сӯҳбат карданд.
Президент Владимир Путин встретился со спецпосланником Стивеном Уиткоффом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВАО: Уиткофф ва Кушнер дар нишасти муттаҳидони Украина ширкат хоҳанд кард
Пеш аз мулоқот бо Зеленский, Трамп хабар дод, ки бо президенти Русия Владимир Путин телефонӣ сӯҳбати хуб ва хеле самаранок анҷом додааст.
Лентаи хабарҳо
0