https://sputnik.tj/20251231/rahmon-putin-hamlai-pahpodi-qarorgohi-prezident-mahkum-1074282977.html
Раҳмон ҳамлаи паҳподӣ ба қароргоҳи Президенти Русияро маҳкум кард
Раҳмон ҳамлаи паҳподӣ ба қароргоҳи Президенти Русияро маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ин гуна амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишварро ғайри қобили қабул донист
2025-12-31T12:45+0500
2025-12-31T12:45+0500
2025-12-31T14:32+0500
русия
дар тоҷикистон
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
суҳбати телефонӣ
маҳкум
паҳпод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065659041_0:0:3014:1696_1920x0_80_0_0_20d8b57488acd51b90643d600c742d87.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбати телефонӣ ҳамлаи ахири ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қароргоҳи Президенти Русия дар вилояти Новгородро маҳкум кард.“Чнин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд”, - таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.Ҳамчунин ба иттилои манбахъ, дар суҳбати телефонӣ роҳбарони ду кишвар якдигарро бо Соли нави наздикшавандаи 2026 табрик гуфта, самимона хоҳони саломатӣ ва комёбиҳои ҳам шуданд.“Ба мардумони дӯсти ду кишвар сулҳи устувор, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намуданд”, - таъкид кардааст Хадамоти матбуот.Қайд карда шудааст, ки дар фароварди суҳбат, сарони давлатҳо рушди ҳамкории дуҷонибаро мусбӣ арзёбӣ карда, омодагии худро барои суръат бахшидан ба густариши шарикии стратегӣ дар соли 2026 таъкид карданд.
https://sputnik.tj/20251222/izhori-hamdardii-putin-rahmon-kushta-maktabbacha-tojik-odinsovo-1074041126.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065659041_270:0:3001:2048_1920x0_80_0_0_2e5ef5c8ccf0c20bd7df8d8279c8708b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, паҳпод, путин, раҳмон, суҳбат, телефонӣб, маҳкум, ҳамла
русия, паҳпод, путин, раҳмон, суҳбат, телефонӣб, маҳкум, ҳамла
Раҳмон ҳамлаи паҳподӣ ба қароргоҳи Президенти Русияро маҳкум кард
12:45 31.12.2025 (Навсозишуда: 14:32 31.12.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат бо ҳамтои русаш, ин гуна амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишварро ғайри қобили қабул донист
ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбати телефонӣ ҳамлаи ахири ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қароргоҳи Президенти Русия дар вилояти Новгородро маҳкум кард.
“Чнин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд”, - таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.
Ҳамчунин ба иттилои манбахъ, дар суҳбати телефонӣ роҳбарони ду кишвар якдигарро бо Соли нави наздикшавандаи 2026 табрик гуфта, самимона хоҳони саломатӣ ва комёбиҳои ҳам шуданд.
“Ба мардумони дӯсти ду кишвар сулҳи устувор, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намуданд”, - таъкид кардааст Хадамоти матбуот.
Қайд карда шудааст, ки дар фароварди суҳбат, сарони давлатҳо рушди ҳамкории дуҷонибаро мусбӣ арзёбӣ карда, омодагии худро барои суръат бахшидан ба густариши шарикии стратегӣ дар соли 2026 таъкид карданд.