Изҳори ҳамдардии Путин ба Раҳмон дар робита ба кушта шудани мактаббачаи тоҷик дар Одинсово

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаНеформальный саммит СНГ в Санкт-Петербурге
Неформальный саммит СНГ в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2025
Обуна шудан
Ин парванда ба марги писарбачае аз Тоҷикистон, ки дар мактаби Одинтсово, аз ҷониби як хонандаи ҳамон мактаб мавриди ҳамла қарор гирифт, дахл дорад
ДУШАНБЕ, 22 дек – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба кушта шудани писарбачаи тоҷик дар як мактаб дар минтақаи Одинтсовои вилояти Маскав изҳори ҳамдардӣ баён кард.
Дар ҳошияи мулоқоти дуҷониба дар Санкт-Петербург, раҳбари Русия ваъда дод, ки гунаҳкорон пурра ҷазо хоҳанд гирифт ва изҳори итминон кард, ки тафтишот ҳамаҷониба хоҳад буд.
"Содир кардани ҳамлаҳои террористӣ алайҳи кӯдакон ҷинояти махсусан даҳшатнок аст. Бешубҳа, тафтишот ба анҷом мерасад ва агар чанд нафар бошанд, гунаҳкорон, албатта, то ҳадди имкон ҷазои сахт мегиранд. Такрор мекунам: ман аз ин ҷиноят шок шудам", - таъкид кард Путин.
Ба гуфтаи ӯ, ҷиноятҳои ин гуна аз ақл берунанд ва вақте ки чунин ҳамлаҳои террористӣ нисбати кӯдакон содир мешаванд, эҳсосоти махсусан амиқро ба вуҷуд меоранд.
"Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии маро ба оилаи писари кушташуда расонед", - гуфт президенти Русия.
Дар навбати худ, Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путин барои тафтишоти ҳамаҷониба ва пурраи куштори писарбачаи тоҷик дар Одинтсово изҳори сипос кард.
"Дар ҷаҳон чунин ҷинояткорон зиёданд. Мо дар замонҳои душвор зиндагӣ мекунем", - қайд кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш як хонандаи мактаб дар вилояти Маскав як посбони амниятӣ ва чанд кӯдакро корд зад.
Тавре ки Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, кӯдаки кордхӯрда баъдан дар беморхона фавтид. Наврас фавран боздошт ва бозпурсӣ шуд.
Кумитаи тафтишотӣ тафтишоти ин парвандаро таҳти назорати махсус қарор додааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин ҳодиса вокуниш нишон дод. Вазорат инчунин ба оилаи кӯдаки фавтида изҳори ҳамдардӣ баён кард.
Ғайр аз ин, роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон, Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода, аллакай дар бораи ин вазъият гуфтугӯ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0