https://sputnik.tj/20251229/barqu-garmi-tojikiston-garon-hukumat-tarifhoi-tasdiq-1074217109.html
Барқу гармӣ дар Тоҷикистон гарон мешавад: Ҳукумат тарифҳои навро тасдиқ кард
Барқу гармӣ дар Тоҷикистон гарон мешавад: Ҳукумат тарифҳои навро тасдиқ кард
Sputnik Тоҷикистон
Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон маҷлиси ҳукумати кишвар баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои иҷрои буҷет дар соли 2026 ва ҷалби сармоя баррасӣ гардид
2025-12-29T12:37+0500
2025-12-29T12:37+0500
2025-12-29T12:37+0500
дар тоҷикистон
ҳукумат
маҷлис
маҷлиси ҳукумат
эмомалӣ раҳмон
энергетика
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1d/1074215750_353:588:1734:1365_1920x0_80_0_0_d55ba315098273cfb3a828b804e84c06.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар баргузор шуд, лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ” баррасӣ ва қабул гардид.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Қайд гардидааст, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҳия ва пешниҳод гардидааст.Хаджамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳсозии фаъолият дар соҳа дастуру тавсияҳо доданд.Ҳамчунин дар маҷлис Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молия дар бораи лоиҳаи қарори ҳукумати кишвар дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2026” гузориш дод.Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои масъулро вазифадор намуд, ки таъмини босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла тавассути дарёфти сарчашмаҳои нав, чораҳои зарурӣ андешанд.Дар маҷлис ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳмонзода вазири рушди иқтисод ва савдо, доир ба барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030 гузориш дод.Вазир зикр намуд, ки мақсади асосии барномаи мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, аз ҷумла маблағгузории қарзӣ, грантӣ ва ёрии техникӣ, барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт буда, амалисозии онҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона мегардад.Ба Барнома дар маҷмуъ 864 лоиҳа ворид гардидааст, ки маблағи он 15,7 миллиард долларро ташкил медиҳад.Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои табиии зиёд, аз ҷумла захираҳои об, маъдан ва металҳои нодир, иқлими мусоиду заминҳои ҳосилхез, зарфиятҳои бузурги сайёҳиву инсонӣ ва имкониятҳои хуби сармоягузорӣ мебошад.Ҳамчунин, нақшаи кори Ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 тасдиқ шуд.Дар фароварди маҷлис президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили зимистонгузаронӣ, расондани ёрӣ ба ятимону бепарасторон ва маъюбону оилаҳои ниёзманд, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашнҳои байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
https://sputnik.tj/20251226/talafoti-barq-tojikiston-laghv-limit-1074131899.html
https://sputnik.tj/20251216/rahmon-puli-aholi-mardumro-qarzdor-1073845353.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1d/1074215750_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_c5ded2c09081147b21194ba89a4b9ae3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маҷлис, ҳукумат, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, тариф, барқ, гармӣ, энергетика
тоҷикистон, маҷлис, ҳукумат, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, тариф, барқ, гармӣ, энергетика
Барқу гармӣ дар Тоҷикистон гарон мешавад: Ҳукумат тарифҳои навро тасдиқ кард
Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон маҷлиси ҳукумати кишвар баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои иҷрои буҷет дар соли 2026 ва ҷалби сармоя баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар баргузор шуд, лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ” баррасӣ ва қабул гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд гардидааст, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Хаджамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳсозии фаъолият дар соҳа дастуру тавсияҳо доданд.
“Супориш дода шуд, ки тарифҳои нави барқу гармӣ аз 1 феврали соли 2026 ҷорӣ карда шавад”, - қайд намудаст манбаъ.
Ҳамчунин дар маҷлис Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молия дар бораи лоиҳаи қарори ҳукумати кишвар дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2026” гузориш дод.
Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои масъулро вазифадор намуд, ки таъмини босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла тавассути дарёфти сарчашмаҳои нав, чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар маҷлис ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳмонзода вазири рушди иқтисод ва савдо, доир ба барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030 гузориш дод.
Вазир зикр намуд, ки мақсади асосии барномаи мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, аз ҷумла маблағгузории қарзӣ, грантӣ ва ёрии техникӣ, барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт буда, амалисозии онҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона мегардад.
Ба Барнома дар маҷмуъ 864 лоиҳа ворид гардидааст, ки маблағи он 15,7 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои табиии зиёд, аз ҷумла захираҳои об, маъдан ва металҳои нодир, иқлими мусоиду заминҳои ҳосилхез, зарфиятҳои бузурги сайёҳиву инсонӣ ва имкониятҳои хуби сармоягузорӣ мебошад.
Ҳамчунин, нақшаи кори Ҳукумати Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 тасдиқ шуд.
Дар фароварди маҷлис президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили зимистонгузаронӣ, расондани ёрӣ ба ятимону бепарасторон ва маъюбону оилаҳои ниёзманд, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашнҳои байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.