https://sputnik.tj/20251216/rahmon-puli-aholi-mardumro-qarzdor-1073845353.html
Раҳмон: Идораи барқ пули аҳоли мегирифтанду мардумро боз қарздор мекарданд
Раҳмон: Идораи барқ пули аҳоли мегирифтанду мардумро боз қарздор мекарданд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз талафоти зиёди барқ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки феълан дар кишвар солона 3 миллиард киловат соат барқ талаф мешавад
2025-12-16T12:03+0500
2025-12-16T12:03+0500
2025-12-16T12:03+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
пардохт
эмомалӣ раҳмон
паём
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102731/43/1027314307_0:0:3010:1693_1920x0_80_0_0_1cb1204decea20cf09721c4f2f5292dc.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми худ ба парлумон гуфт, кормандони идораи барқ дар бисёр ҳолат аҳолиро нодуруст аз истифодаи барқ қарздор мекарданд.Раисҷумҳур гуфт, ки қаблан "Барқи тоҷик" гузориш медод, ки гӯё 30-40 дарсади маблағи истифодаи барқро намесупоранд.Вай таъкид кард, ки баъди ҷорӣ шудани низоми биллинги маълум шуд, ки аҳолӣ 100% пули барқро месупоранд."Кор дар дигар тараф аст. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандон пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти барқ ба таври сунъӣ ба ӯҳдаи аҳолӣ ва дигар истифодабарандгон гузаронда мешуд. Пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва он маблағро сӯистифода карда, ба таври сунъӣ талафоти барқро ба аҳолӣ ва мошинҳои обкаш бор мекарданд, яъне қарздор мекарданд",- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин интиқод кард, ки беш аз 100 ҳазор муштариёни барқ давоми 34 сол барқро истифода бурда, аммо ба қайд гирифта нашудаанд ва пули барқро намесупориданд.Дар ҳамин ҳол, президент бо вуҷуди интиқод нагуфт, ки сарнавишти қарзҳое, ки то имрӯз ҷамъ шудаанд чӣ мешавад.Вазорати энержӣ ва захираҳои об моҳи июли имсол эълон кард, ки қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ қариб ба 1,7 миллиард сомонӣ расидааст.
https://sputnik.tj/20251216/rahmon-mahdudiyati-barqi-nameshavad-1073842351.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102731/43/1027314307_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_98c1103f3b9881104ce5e216722c8e8e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, идораи барқ, энергетика, мардум, қарздор, мардум пардохт, нодуруст
тоҷикистон, идораи барқ, энергетика, мардум, қарздор, мардум пардохт, нодуруст
Раҳмон: Идораи барқ пули аҳоли мегирифтанду мардумро боз қарздор мекарданд
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт талафоти барқ ба таври сунъӣ ба ӯҳдаи аҳолӣ ва дигар истифодабарандгон гузаронда мешуд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми худ ба парлумон гуфт, кормандони идораи барқ дар бисёр ҳолат аҳолиро нодуруст аз истифодаи барқ қарздор мекарданд.
Раисҷумҳур гуфт, ки қаблан "Барқи тоҷик" гузориш медод, ки гӯё 30-40 дарсади маблағи истифодаи барқро намесупоранд.
Вай таъкид кард, ки баъди ҷорӣ шудани низоми биллинги маълум шуд, ки аҳолӣ 100% пули барқро месупоранд.
"Кор дар дигар тараф аст. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандон пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти барқ ба таври сунъӣ ба ӯҳдаи аҳолӣ ва дигар истифодабарандгон гузаронда мешуд. Пурра аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мекарданд ва он маблағро сӯистифода карда, ба таври сунъӣ талафоти барқро ба аҳолӣ ва мошинҳои обкаш бор мекарданд, яъне қарздор мекарданд",- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин интиқод кард, ки беш аз 100 ҳазор муштариёни барқ давоми 34 сол барқро истифода бурда, аммо ба қайд гирифта нашудаанд ва пули барқро намесупориданд.
Дар ҳамин ҳол, президент бо вуҷуди интиқод нагуфт, ки сарнавишти қарзҳое, ки то имрӯз ҷамъ шудаанд чӣ мешавад.
Вазорати энержӣ ва захираҳои об моҳи июли имсол эълон кард, ки қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ қариб ба 1,7 миллиард сомонӣ расидааст.