https://sputnik.tj/20251226/talafoti-barq-tojikiston-laghv-limit-1074131899.html
Талафоти барқ дар Тоҷикистон бештар аз онест, ки барои лағви лимит зарур аст - Вазорат
Талафоти барқ дар Тоҷикистон бештар аз онест, ки барои лағви лимит зарур аст - Вазорат
Sputnik Тоҷикистон
Бинобар додаҳои ин ниҳод, талафот дар шабакаҳои барқии шиддатнокиашон баланд дар шимоли Тоҷикистон баландтарин дар кишвар арзёбӣ мегардад
2025-12-26T09:31+0500
2025-12-26T09:31+0500
2025-12-26T09:31+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/17/1064436258_0:71:1350:830_1920x0_80_0_0_aeac5686f3ef9fe379eb0d8f359e6e2c.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон шабакаҳои барқии дорои шиддати 10,6 ва 0,4 кВ-ро ҷузъи осебпазири низоми энергика арзёбӣ карданд.Ҳаҷми умумии талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ 3,6 млрд кВт/соат ё 19,2%-ро ташкил дод, дар ҳоле, ки норасоии энергияи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон тахминан 1,5 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад, зикр шудааст дар Барномаи рушди соҳа барои то соли 2030.Таъкид мешавад, ки талафоти барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон ду баробар бештар аз онест, ки барои лағви лимит зарур аст.Дар ин самт ҷорӣ намудани низоми муосири назорат ва ҳисоби энергияи барқ, насби ҳисобкунакҳои барқии интелектуалӣ ва таҷдиду азнавсозии шабакаҳои барқ муҳим дониста шуд.Бинобар додаҳои ин ниҳод, талафот дар шабакаҳои барқии шиддатнокиашон баланд дар шимоли Тоҷикистон баландтарин дар кишвар арзёбӣ мегардад.Талафоти энергияи барқ дар ин минтақа бо натиҷаҳои соли 2024 андозаи 5,3%-ро ташкил дод.Ин ҳам дар ҳолест, ки талафот дар шабакаҳои барқии шиддати баланд дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон мувофиқан ҳамагӣ 1,7 ва 3%-ро ташкил додааст, муқоиса кардааст Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.Ин ниҳод таъкид кардаст, ки ҳолати шабакаҳои барқии интиқолдиҳандаи барқ дар Душанбе ва шимол бештар ба навсозӣ ниёз доранд.Таъкид мешавад, ки ба ҳолати имрӯза аз шумораи умумии муштариёни барқ 22 дарсади он ба ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва ба низоми назорат ва ҳисоби энергияи барқ пайваст буда, дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда пайвастшавии боз 48,6 дарсад муштариён дар назар гирифта шудааст.Тибқи таҳлилҳо дар давраи солҳои 2014-2024 талабот ба энергияи барқ дар як сол ба ҳисоби миёна 2,9 дарсад афзоиш ёфта, ин тамоюл то соли 2030 идома хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20251216/rahmon-mahdudiyati-barqi-nameshavad-1073842351.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/17/1064436258_75:0:1275:900_1920x0_80_0_0_f47e116c4195d554d48419aa6ef886b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талафот барқ тоҷикистон лағв лимит вазорат
талафот барқ тоҷикистон лағв лимит вазорат
Талафоти барқ дар Тоҷикистон бештар аз онест, ки барои лағви лимит зарур аст - Вазорат
Бинобар додаҳои ин ниҳод, талафот дар шабакаҳои барқии шиддатнокиашон баланд дар шимоли Тоҷикистон баландтарин дар кишвар арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон шабакаҳои барқии дорои шиддати 10,6 ва 0,4 кВ-ро ҷузъи осебпазири низоми энергика арзёбӣ карданд.
Ҳаҷми умумии талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ 3,6 млрд кВт/соат ё 19,2%-ро ташкил дод, дар ҳоле, ки норасоии энергияи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон тахминан 1,5 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад, зикр шудааст дар Барномаи рушди соҳа барои то соли 2030.
Таъкид мешавад, ки талафоти барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон ду баробар бештар аз онест, ки барои лағви лимит зарур аст.
Дар ин самт ҷорӣ намудани низоми муосири назорат ва ҳисоби энергияи барқ, насби ҳисобкунакҳои барқии интелектуалӣ ва таҷдиду азнавсозии шабакаҳои барқ муҳим дониста шуд.
Бинобар додаҳои ин ниҳод, талафот дар шабакаҳои барқии шиддатнокиашон баланд дар шимоли Тоҷикистон баландтарин дар кишвар арзёбӣ мегардад.
Талафоти энергияи барқ дар ин минтақа бо натиҷаҳои соли 2024 андозаи 5,3%-ро ташкил дод.
Ин ҳам дар ҳолест, ки талафот дар шабакаҳои барқии шиддати баланд дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон мувофиқан ҳамагӣ 1,7 ва 3%-ро ташкил додааст, муқоиса кардааст Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.
Ин ниҳод таъкид кардаст, ки ҳолати шабакаҳои барқии интиқолдиҳандаи барқ дар Душанбе ва шимол бештар ба навсозӣ ниёз доранд.
“Баҳри баргузории корҳо оид ба кам намудани талафоти энергияи барқ тавассути ҷорӣ намудани низоми муосири назорат ва ҳисоби энергияи барқ, насби ҳисобкунакҳои барқии интелектуалӣ ва таҷдиду азнавсозии шабакаҳои барқии шиддати 10,6 ва 0,4 кВ ба манфиати кор аст”,- зикр шудааст дар Барномаи давлатӣ.
Таъкид мешавад, ки ба ҳолати имрӯза аз шумораи умумии муштариёни барқ 22 дарсади он ба ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва ба низоми назорат ва ҳисоби энергияи барқ пайваст буда, дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда пайвастшавии боз 48,6 дарсад муштариён дар назар гирифта шудааст.
Тибқи таҳлилҳо дар давраи солҳои 2014-2024 талабот ба энергияи барқ дар як сол ба ҳисоби миёна 2,9 дарсад афзоиш ёфта, ин тамоюл то соли 2030 идома хоҳад ёфт.