https://sputnik.tj/20251216/rahmon-payomi-solona-parlumon-iroa-kard-1073861693.html
Раҳмон паёми солонаашро ба парлумон ироа кард
Раҳмон паёми солонаашро ба парлумон ироа кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли равон дар бинои нави Парламенти Тоҷикистон баргузор гардид
2025-12-16T19:41+0500
2025-12-16T19:41+0500
2025-12-16T19:41+0500
видео
эмомалӣ раҳмон
паём
паёми солона
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/10/1073861161_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_ec40f5baa162df2b650372bf89ee88fb.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа кард.Ироаи паём дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, дар назди вакилони порлумон, аъзои ҳукумат, дипломатҳо, рӯзноманигорон ва ходимони ҷамъиятӣ паёми солонаи худро ироа кард.Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилон, аъзои ҳукумат, дипломатҳои хориҷию фаъолони ҷамъиятӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён кард.Раҳмон: Идораи барқ пули аҳоли мегирифтанду мардумро боз қарздор мекардандАз соли 2015 бар асоси риволи маъмӯл, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабр бо арзёбии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, барномаи самту сӯи сиёсати хориҷӣ ва дохилиро барои соли баъд мушаххас мекунад.Қаблан, паёмҳои президент дар “Кохи Сомон” баргузор мешуданд.Ёдовар мешавем, ки паёми президенти Тоҷикистон, ҳамасола дар охири сол мегузарад.Раҳмон: Фарзандонро соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар кунедДар паёми сарвари давлат ба парлумони кишвар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои афзалиятнок дар соли 2026 муайян мешаванд.Дар он ба ҷуз вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/10/1073861161_237:0:1677:1080_1920x0_80_0_0_8f2d5a2e9f2eaade4258361720596a38.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, видео, паёми президент, паёми солона, парлумон, баргузор
тоҷикистон, видео, паёми президент, паёми солона, парлумон, баргузор
Раҳмон паёми солонаашро ба парлумон ироа кард
Ҷаласаи якҷояи яздаҳумин Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли равон дар бинои нави Парламенти Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа кард.
Ироаи паём дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, дар назди вакилони порлумон, аъзои ҳукумат, дипломатҳо, рӯзноманигорон ва ходимони ҷамъиятӣ паёми солонаи худро ироа кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилон, аъзои ҳукумат, дипломатҳои хориҷию фаъолони ҷамъиятӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён кард.
Аз соли 2015 бар асоси риволи маъмӯл, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабр бо арзёбии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, барномаи самту сӯи сиёсати хориҷӣ ва дохилиро барои соли баъд мушаххас мекунад.
Қаблан, паёмҳои президент дар “Кохи Сомон” баргузор мешуданд.
Ёдовар мешавем, ки паёми президенти Тоҷикистон, ҳамасола дар охири сол мегузарад.
Дар паёми сарвари давлат ба парлумони кишвар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои афзалиятнок дар соли 2026 муайян мешаванд.
Дар он ба ҷуз вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.