https://sputnik.tj/20251216/rahmon-jomea-taassub-khurofot-jaholat-giriftor-1073856629.html
Раҳмон: Фарзандонро соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар кунед
Раҳмон: Фарзандонро соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар кунед
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар дар паёмаш гуфт, ки ҷомеа бояд кӯшиш кунад, ки фарзандон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар гарданд
2025-12-16T17:01+0500
2025-12-16T17:01+0500
2025-12-16T17:42+0500
дар тоҷикистон
ҷавонон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
паём
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/10/1073859550_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_982bec3846ff049c776fbefa9bb03313.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар паёми солонааш ба парлумони кишвар гуфт, ки агар тоҷикон хоҳанд давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошанд, бояд кӯшиш кунанд, фарзандонашонро соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар кунанд.Вай ёдовар шуд, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад.Вай илова кард, ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта тамоми соҳаҳо, хусусан, илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт.Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳур гуфт Тоҷикистон сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ мекунад.Вай афзуд, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда мекунем.“Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем”, - зикр кард Раҳмон.Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд.Вай илова кард, ки мақомот барои ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем.Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20251216/rahmon-khurofot-davlat-taraqqi-peshravi-ilm-1073848397.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/10/1073859550_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_b89e3972c6c1f19060974427978ebadf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, паём, ҷавонон. сиёсат, хурофот
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, паём, ҷавонон. сиёсат, хурофот
Раҳмон: Фарзандонро соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар кунед
17:01 16.12.2025 (Навсозишуда: 17:42 16.12.2025) Раисҷумҳури кишвар дар паёмаш гуфт, ки ҷомеа бояд кӯшиш кунад, ки фарзандон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар гарданд
ДУШАНБЕ, 16 дек - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар паёми солонааш ба парлумони кишвар гуфт, ки агар тоҷикон хоҳанд давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошанд, бояд кӯшиш кунанд, фарзандонашонро соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар кунанд.
“Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд”. – гуфт ӯ.
Вай ёдовар шуд, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад.
“Чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай илова кард, ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта тамоми соҳаҳо, хусусан, илму маорифро даҳҳо сол ба ақиб партофт.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳур гуфт Тоҷикистон сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ мекунад.
Вай афзуд, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда мекунем.
“Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем”, - зикр кард Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд.
“Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд. Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд”,- таъкид кард Раҳбари давлат дар паёмаш.
Вай илова кард, ки мақомот барои ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.