https://sputnik.tj/20251213/smm-qatnoma-tojikiston-sol-marifat-huquqi-1073769677.html
СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ, қабул кард
СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ, қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Ин ташаббус зимни Иҷлоси 80-ум аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд
2025-12-13T14:12+0500
2025-12-13T14:12+0500
2025-12-13T14:12+0500
смм
дар тоҷикистон
пешниҳод
қабул
маҷмаа
дар ҷаҳон
эмомалӣ раҳмон
ҳуқуқи инсон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0c/1073769314_0:63:1200:738_1920x0_80_0_0_edc9b566aa9063d0510c1fc1545c265a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Маҷмаи Умумии СММ дар Иҷлоси 80-ум лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони "Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027", қабул намуд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад.ВУХ афзуда, ки бо назардошти амалисозии муваффақонаи "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон дар соли 2024, Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин ташаббус ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шавад. Қатънома нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқиро дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид менамояд, афзудааст ВУХ.Вазорат шарҳ дода, ки "Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ" талошҳои ҷаҳониро ҷиҳати пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии таълими ҳуқуқӣ аз ҷумла, Санади мазкур соли 2027-ро ҳамчун "Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ" эълон менамояд.Ин ташаббус дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
https://sputnik.tj/20250924/rahmon-dar-majmaai-smm-khostori-laghvi-qarzi-kishvarhoi-osebpazir-shud-1071472969.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0c/1073769314_67:0:1134:800_1920x0_80_0_0_d8fe5f6fb056d70c28e72efd02e6c7a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қатънома, тоҷикистон, соли маърифати ҳуқуқӣ, смм
қатънома, тоҷикистон, соли маърифати ҳуқуқӣ, смм
СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ, қабул кард
Ин ташаббус зимни Иҷлоси 80-ум аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Маҷмаи Умумии СММ дар Иҷлоси 80-ум лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони "Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027", қабул намуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
ВУХ афзуда, ки бо назардошти амалисозии муваффақонаи "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон дар соли 2024, Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин ташаббус ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шавад.
Қатънома нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқиро дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид менамояд, афзудааст ВУХ.
"Ин қатънома ҳамчунин таҷрибаи муваффақи Тоҷикистонро дар эълон намудани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эътироф намуда, онро ҳамчун намунаи боризи миллӣ, ки ба таври назаррас сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолиро баланд бардошта, аҳамияти амалҳои ҳамоҳангшудаи миллиро дар рушду таҳкими таълими ҳуқуқ собит мекунад, тасдиқ менамояд", - омадааст дар хабарнома.
Вазорат шарҳ дода, ки "Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ" талошҳои ҷаҳониро ҷиҳати пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии таълими ҳуқуқӣ аз ҷумла,
фарогирии фанҳои ҳуқуқӣ дар барномаҳои таълимии макотиб;
таҳкими дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ба мақсади он ки занон, кӯдакон ва ашхоси осебпазир тавонанд ҳуқуқҳои худро беҳтар дарк ва амалӣ намоянд;
дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ;
ташвиқи ҳамкории ниҳодҳои СММ, кишварҳои узв, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубодилаи таҷрибаи беҳтарин ва таҳкими дарки ҳуқуқ дар сатҳи глобалӣ, равона намояд.
Санади мазкур соли 2027-ро ҳамчун "Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ" эълон менамояд.
Ин ташаббус дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.