Раҳмон дар Маҷмааи СММ хостори лағви қарзи кишварҳои осебпазир шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон выступил с речью на 80-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон выступил с речью на 80-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2025
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии СММ изҳор дошт, ки ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол эҳтиёҷотро бароварда наметавонад
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид хостори соқит кардани қарзҳои кишварҳои камтараққии осебпазир шуд.
Бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққии осебпазир, ҳамоно зери таъсири пайомадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла КОВИД, офатҳои табиӣ ва ноамнии озуқаворӣ қарор доранд, гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон дар Маҷмаи СММ.
"Онҳо ба андешидани тадбирҳои муассир дар самти дастгирии молиявӣ, аз ҷумла соқит кардани қарзҳо ниёз доранд", - изҳор дошт ӯ.
Президенти Тоҷикистон гуфт, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 бо Ҳадафҳои Рушди Устувор комилан ҳамсадо аст.
Ӯ изҳори таассуф кард, ки давлатҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан, кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, дар роҳи дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ба душвориҳо ва мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мебошанд.
"Кишварҳои осебпазир, зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро ҷиҳати таъмини маблағгузорӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ эҳсос мекунанд. Бо вуҷуди талошҳои дастҷамъона дар ин ҷода, ҳаҷми маблағгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушд ҳамоно талаботро қонеъ карда наметавонад", - такид кард Раҳмон.
Президент гуфт, чунин ҳолат вокуниши саривақтӣ, ҷудо намудани маблағи иловагӣ ва бознигарии равишҳоро вобаста ба низоми байналмилалии молиявӣ тақозо менамояд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон выступил с речью на 80-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2025
Оташбас дар Ғазза ва кумак ба Афғонистон: нуқоти асосӣ аз суханронии Раҳмон дар СММ
Дар Ню Йорк Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ, ки 9 сентябри соли 2025 оғоз шуд, ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0