https://sputnik.tj/20251208/vazorat-energetika-istehsoli-barq-tojikiston-tabiat-vobasta-1073606585.html
Вазорат энергетика: Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон аз табиат сахт вобаста аст
Вазорат энергетика: Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон аз табиат сахт вобаста аст
Sputnik Тоҷикистон
Тағйирёбии иқлим, камборишӣ, коҳиши резиши об дар дарёҳо ва пастшавии сатҳи оби обанборҳо ба истеҳсоли неруи барқ дар кишвар таъсири ҷиддӣ расонд
2025-12-08T09:36+0500
2025-12-08T09:36+0500
2025-12-08T09:36+0500
барқ
қувваи барқ
энергетика
об
нбо
вазорати энергетика ва захираҳои об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/03/1030260339_0:157:2997:1842_1920x0_80_0_0_5146c6b8f0fdd261d4a3f13043f84dc8.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Сол то сол тағйирёбии иқлим ба истеҳсоли неруи барқ таъсир мерасонад, гуфт корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Маҳмуд Мирзоён ба АМИТ "Ховар".Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон оби дарёҳои кӯҳӣ манбаи асосии истеҳсоли неруи барқ мебошад.Вай афзуд, ки бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон ва бар асари камшавии захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин сол ба сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат норасоии мавсимии неруи барқ ба миён меояд.Мутахассиси ин вазорат таъкид кард, ки имсол дар тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон камборишӣ- наборидани борону барф ба қайд гирифта шуд.“Коршиносон омили асосии камбориширо дар баъзе давлатҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар ҷаҳон давоми чанд даҳсолаи охир ба андозаи 1,2 дараҷа баланд гардидааст”, гуфт Миозоён.Дар Тоҷикистон истеҳсоли асосии неруи барқ аз нерегоҳҳои барқи обӣ сарчашма гирифта, ҳаҷми истеҳсол ва дурнамои он ба резиши оби дарёҳо алоқаманд мебошад.Тибқи таҳлилҳои коршиносон, резиши об дар маҷрои дарёи Вахш дар фасли тобистон ба ҳисоби миёна аз 2 ҳазор то 2200 метри мукааб об дар як сония ва дар фасли зимистон ба 150-200 метри мукааб дар як сония баробар аст.Барои истеҳсоли неруи барқ асосан захираи обанбори Неругоҳи барқи обии "Норак" истифода бурда мешавад. 80% оби дарёи Вахш аз пиряхҳо ва 20% аз чашмаҳо вобастагӣ дорад.Ба гуфтаи вай имсол воридшавии об нисбат ба моҳҳои октябр ва ноябри соли 2024 80 метри мекааб дар як сония кам шудааст. Яъне, дар ҳамин шабу рӯз сатҳи оби обанбори "Норак", воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон зиёда аз 3,5 метр паст фаромадааст.Қайд карда шудааст, ки дар фасли тобистон, ки маҷрои об зиёд аст, обанбор барои захира пур карда мешавад. Имсол обанбори Неругоҳи барқи обии "Норак" то нуқтаи ниҳоӣ- 910 метр пур карда шуд. Вале аз сабаби камборишӣ дар рӯдхонаи Вахш маҷрои он кам шуда, аз захираи об ва ҳам маҷрои он истифода карда мешавад.Ба андешаи коршиносон, барои раҳоӣ аз норасоии неруи барқ ду омил вуҷуд дорад. Яке- афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар- зиёд намудани манбаъҳои истеҳсоли энергия ва кам кардани истифода ё сарфакоронаю самаранок истифода бурдани неруи барқ ва гармӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20251201/ob-nest-tojikiston-rezhai-shadidi-barq-1073432436.html
https://sputnik.tj/20251115/prokuratura-nazorat-istifoda-neru-barq-1072950707.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103026/03/1030260339_164:0:2831:2000_1920x0_80_0_0_00317643eaabd11f4f300707aa38ec75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барқ, энергетика, истеҳсол, коҳиш, камобӣ, камборишӣ, нерӯи барқ
тоҷикистон, барқ, энергетика, истеҳсол, коҳиш, камобӣ, камборишӣ, нерӯи барқ
Вазорат энергетика: Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон аз табиат сахт вобаста аст
Тағйирёбии иқлим, камборишӣ, коҳиши резиши об дар дарёҳо ва пастшавии сатҳи оби обанборҳо ба истеҳсоли неруи барқ дар кишвар таъсири ҷиддӣ расонд
ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Сол то сол тағйирёбии иқлим ба истеҳсоли неруи барқ таъсир мерасонад, гуфт корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Маҳмуд Мирзоён ба АМИТ "Ховар".
Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон оби дарёҳои кӯҳӣ манбаи асосии истеҳсоли неруи барқ мебошад.
“Истеҳсоли барқ ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста буда, имконияти амалии пешгӯии онҳо хеле душвор аст”, гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон ва бар асари камшавии захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин сол ба сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат норасоии мавсимии неруи барқ ба миён меояд.
Мутахассиси ин вазорат таъкид кард, ки имсол дар тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон камборишӣ- наборидани борону барф ба қайд гирифта шуд.
“Коршиносон омили асосии камбориширо дар баъзе давлатҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар ҷаҳон давоми чанд даҳсолаи охир ба андозаи 1,2 дараҷа баланд гардидааст”, гуфт Миозоён.
Дар Тоҷикистон истеҳсоли асосии неруи барқ аз нерегоҳҳои барқи обӣ сарчашма гирифта, ҳаҷми истеҳсол ва дурнамои он ба резиши оби дарёҳо алоқаманд мебошад.
“Дар шароити имрӯза резиши оби дарёҳо, пур шудани обанборҳо ва резиши обро пешгӯйӣ кардан хеле душвор мебошад. Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон аз табиат сахт вобаста аст. Дар Неругоҳи барқи обии "Норак", ки истеҳсолкунандаи асосии барқ дар мамлакат мебошад, захираи об 3,5 метр кам гардидааст”, - гуфт мутахассиси вазорати энергетикаи Тоҷикистон.
Тибқи таҳлилҳои коршиносон, резиши об дар маҷрои дарёи Вахш дар фасли тобистон ба ҳисоби миёна аз 2 ҳазор то 2200 метри мукааб об дар як сония ва дар фасли зимистон ба 150-200 метри мукааб дар як сония баробар аст.
Барои истеҳсоли неруи барқ асосан захираи обанбори Неругоҳи барқи обии "Норак" истифода бурда мешавад. 80% оби дарёи Вахш аз пиряхҳо ва 20% аз чашмаҳо вобастагӣ дорад.
Ба гуфтаи вай имсол воридшавии об нисбат ба моҳҳои октябр ва ноябри соли 2024 80 метри мекааб дар як сония кам шудааст. Яъне, дар ҳамин шабу рӯз сатҳи оби обанбори "Норак", воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон зиёда аз 3,5 метр паст фаромадааст.
Қайд карда шудааст, ки дар фасли тобистон, ки маҷрои об зиёд аст, обанбор барои захира пур карда мешавад. Имсол обанбори Неругоҳи барқи обии "Норак" то нуқтаи ниҳоӣ- 910 метр пур карда шуд. Вале аз сабаби камборишӣ дар рӯдхонаи Вахш маҷрои он кам шуда, аз захираи об ва ҳам маҷрои он истифода карда мешавад.
"Камобӣ ба низоми энергетикии Тоҷикистон таъсир мерасонад ва коҳиш ёфтани об боиси коҳиши истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ мегардад”, - зикр кард корманди вазорати энергетика.
Ба андешаи коршиносон, барои раҳоӣ аз норасоии неруи барқ ду омил вуҷуд дорад. Яке- афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар- зиёд намудани манбаъҳои истеҳсоли энергия ва кам кардани истифода ё сарфакоронаю самаранок истифода бурдани неруи барқ ва гармӣ мебошад.