https://sputnik.tj/20251115/prokuratura-nazorat-istifoda-neru-barq-1072950707.html
Мақомоти прокуратура назоратро дар самти истифодаи неруи барқ пурзӯр кардааст
Мақомоти прокуратура назоратро дар самти истифодаи неруи барқ пурзӯр кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамчунин мақомот мехоҳад аз ҳисоби намояндагони мақомоти марбута барои назорати истифодаи неруи барқ, гурӯҳи корӣ ташкил намояд
2025-11-15T14:19+0500
2025-11-15T14:19+0500
2025-11-15T14:19+0500
вазорати энергетика ва захираҳои об
дар тоҷикистон
ноҳия
барқ
обанбор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/02/1048133005_0:57:2214:1302_1920x0_80_0_0_9b625f5af1a579371621011d5871dbce.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон назорати прокурориро дар самти истифодаи неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурзӯр кардааст.Дар ин бора, Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш додааст.Гуфта мешавад, ки ҳамин назорат аст, ки ҳаҷми ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1,3 млрд сомонӣ зиёд гардидааст.Вале, дар баробари ин пешравӣ, масъалаи дигаре ҳаст, ки боиси нигаронии мақомот шудааст.Ин паст шудани сатҳи об дар обанбори "Норак" мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 беш аз 2 метр кам гардидааст.Ин масъалаҳо, зимни ҷаласае таҳти раёсати муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баррасӣ шудааст.Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки кам шудани сатҳи об дар обанбори "Норак", роҳбарону масъулини соҳаи энержиро водор менамояд, ки дар самти истифодаи самаранок ва сарфакоронаи барқ тадбирҳои муҳим андешанд ва бемасъулиятӣ зоҳир накунанд.Таъкид шуд, ки аз ҳисоби намояндагони мақомот, гурӯҳи корӣ ташкил гардад ва назорат дар самти истифодаи неруи барқ, ошкор намудани камбудию норасоиҳо ва саҳлангорӣ, дар шаҳру навоҳии атрофи пойтахт пурзӯр карда шавад.Инчунин нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқ ва муовинони онҳо, нозир ва назоратчиёне, ки аз уҳдаи вазифа намебароянд, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
https://sputnik.tj/20250804/qarzhoi-sunnati-1069716524.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/02/1048133005_0:0:2140:1605_1920x0_80_0_0_f104639add147f61e591f5f5f07c8238.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати энергетика ва захираҳои об, дар тоҷикистон, ноҳия, барқ, обанбор
вазорати энергетика ва захираҳои об, дар тоҷикистон, ноҳия, барқ, обанбор
Мақомоти прокуратура назоратро дар самти истифодаи неруи барқ пурзӯр кардааст
Ҳамчунин мақомот мехоҳад аз ҳисоби намояндагони мақомоти марбута барои назорати истифодаи неруи барқ, гурӯҳи корӣ ташкил намояд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Мақомоти прокуратураи Тоҷикистон назорати прокурориро дар самти истифодаи неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурзӯр кардааст.
Дар ин бора, Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамин назорат аст, ки ҳаҷми ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1,3 млрд сомонӣ зиёд гардидааст.
Вале, дар баробари ин пешравӣ, масъалаи дигаре ҳаст, ки боиси нигаронии мақомот шудааст.
Ин паст шудани сатҳи об дар обанбори "Норак" мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 беш аз 2 метр кам гардидааст.
Ин масъалаҳо, зимни ҷаласае таҳти раёсати муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баррасӣ шудааст.
Дар ҷаласа гуфта шудааст, ки кам шудани сатҳи об дар обанбори "Норак", роҳбарону масъулини соҳаи энержиро водор менамояд, ки дар самти истифодаи самаранок ва сарфакоронаи барқ тадбирҳои муҳим андешанд ва бемасъулиятӣ зоҳир накунанд.
Таъкид шуд, ки аз ҳисоби намояндагони мақомот, гурӯҳи корӣ ташкил гардад ва назорат дар самти истифодаи неруи барқ, ошкор намудани камбудию норасоиҳо ва саҳлангорӣ, дар шаҳру навоҳии атрофи пойтахт пурзӯр карда шавад.
Инчунин нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқ ва муовинони онҳо, нозир ва назоратчиёне, ки аз уҳдаи вазифа намебароянд, чораҳои зарурӣ андешида шаванд.