https://sputnik.tj/20251201/ob-nest-tojikiston-rezhai-shadidi-barq-1073432436.html
Об нест: Тоҷикистон ба режаи шадиди сарфаи барқ мегузарад
Об нест: Тоҷикистон ба режаи шадиди сарфаи барқ мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон маҳдудият ё лимити сахт дар интиқоли барқ ҷорӣ шуд, мақомот онро ба паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳанд
2025-12-01T14:08+0500
2025-12-01T14:08+0500
2025-12-01T14:08+0500
барқ
энергетика
барқ
лимит
душанбе
обанбор
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101440/12/1014401296_0:92:1600:993_1920x0_80_0_0_40bd493f1c12530d1f33c2647a467c2c.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Ба гуфтаи мақомоти кишвар имсол, махсусан дар мавсими тирамоҳ, омилҳои табиӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камборишӣ, коҳиши резиши об дар дарёҳо ва пастшавии сатҳи оби обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ, ба раванди истеҳсоли неруи барқ дар кишвар таъсири ҷиддӣ расонд.Дар ҳамин ҳол, ахиран ширкати “Барқи тоҷик” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба сокинон дар телефонҳои мобилӣ паёмакҳо равон карданд, ва дар он аз аҳолӣ хостанд, ки дар як вақт аз 4 кВт бештар барқ истифода кунанд, вагарна интиқоли он ба таври худкор барои 30 дақиқа қатъ мегардад.Дар паёмак гуфта шудааст, ки ин маҳдудият ба истифодабарандагони ҳисобгираки якфаза (220В) тааллуқ дошта, барои онҳое, ки ҳисобгираки сефаза (380В) доранд, дар як вақт аз 8 кВт бештар барқ гирифтан мумкин нест.Дар паём ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар сурати қатъи барқ сокинон бояд дарҳол асбобҳои барқиро хомӯш карда, истеъмолро кам кунанд ва 30 дақиқа мунтазири барқароршавии барқ гарданд.Мақомоти кишвар пайваста мегӯяд, ки камшавии резиши об дар дарёҳо, сабаби ин тасмим шудааст.Ин дар ҳолест, ки бо гузашти қариб се моҳ аз шикояти сокинон, мақомоти Тоҷикистон чанд рӯз пеш онро эътироф карданд.Имсол сокинони чанд минтақаи Тоҷикистон “лимит”-и барқи шадид рӯба рӯ шуданд.Сокинон аз он шикоят мекунанд, ки дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин ҳастанду халос.
https://sputnik.tj/20251014/limit-tamir-khati-barq-dehot-sugd-barq-1072080840.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101440/12/1014401296_103:0:1427:993_1920x0_80_0_0_5d3958546f46674f91c52d0c9472e2ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барқ, лимит, режа, сарфа, обинтиқоли барқ, обанбор
тоҷикистон, барқ, лимит, режа, сарфа, обинтиқоли барқ, обанбор
Об нест: Тоҷикистон ба режаи шадиди сарфаи барқ мегузарад
Дар Тоҷикистон маҳдудият ё лимити сахт дар интиқоли барқ ҷорӣ шуд, мақомот онро ба паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳанд
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Ба гуфтаи мақомоти кишвар имсол, махсусан дар мавсими тирамоҳ, омилҳои табиӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камборишӣ, коҳиши резиши об дар дарёҳо ва пастшавии сатҳи оби обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ, ба раванди истеҳсоли неруи барқ дар кишвар таъсири ҷиддӣ расонд.
“Бо дарназардошти вазъи баамаломада ва бо мақсади нигоҳ доштани тавозуни истеҳсолу истеъмол дар мамлакат муваққатан маҳдудияти таъмини неруи барқ ҷорӣ карда шудааст”, - таъкид намуд Беҳруз Ҳасанзода муовини директори агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, ахиран ширкати “Барқи тоҷик” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба сокинон дар телефонҳои мобилӣ паёмакҳо равон карданд, ва дар он аз аҳолӣ хостанд, ки дар як вақт аз 4 кВт бештар барқ истифода кунанд, вагарна интиқоли он ба таври худкор барои 30 дақиқа қатъ мегардад.
Дар паёмак гуфта шудааст, ки ин маҳдудият ба истифодабарандагони ҳисобгираки якфаза (220В) тааллуқ дошта, барои онҳое, ки ҳисобгираки сефаза (380В) доранд, дар як вақт аз 8 кВт бештар барқ гирифтан мумкин нест.
Дар паём ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар сурати қатъи барқ сокинон бояд дарҳол асбобҳои барқиро хомӯш карда, истеъмолро кам кунанд ва 30 дақиқа мунтазири барқароршавии барқ гарданд.
Мақомоти кишвар пайваста мегӯяд, ки камшавии резиши об дар дарёҳо, сабаби ин тасмим шудааст.
“Ин чораҳо муваққатӣ мебошанд, ки ба сарфаи об дар обанборҳо мусоидат менамояд”, - омадааст дар паёми мазкур.
Ин дар ҳолест, ки бо гузашти қариб се моҳ аз шикояти сокинон, мақомоти Тоҷикистон чанд рӯз пеш онро эътироф карданд.
Имсол сокинони чанд минтақаи Тоҷикистон “лимит”-и барқи шадид рӯба рӯ шуданд.
Сокинон аз он шикоят мекунанд, ки дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин ҳастанду халос.