https://sputnik.tj/20251207/jarroh-sankt-peterburg-bemor-tojikiston-poy-najot-1073593132.html
Ҷарроҳ аз Санкт-Петербург беморро дар Тоҷикистон аз буридани пояш наҷот дод
Ҷарроҳ аз Санкт-Петербург беморро дар Тоҷикистон аз буридани пояш наҷот дод
Sputnik Тоҷикистон
Табибон аз Санкт-Петербург ва Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд амалиёти беназиреро анҷом доданд. Бемор аз мушкилоти ҷиддӣ раҳо ёфт
2025-12-07T15:49+0500
2025-12-07T15:49+0500
2025-12-07T15:49+0500
дар тоҷикистон
русия
дар русия
тандурустӣ
пизишк
санкт-петербург
ҷарроҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102414/27/1024142754_0:9:1225:698_1920x0_80_0_0_2a74f70afb6edc3c9b276eedba42656b.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд, ҷарроҳие анҷом дода шуд, ки барои тибибон як кори беназр буд, иттилоъ додааст Пажуҳишгоҳи тадқиқотии ёрии таъҷилии ба номи И. И. Жанелидзе.Ҷарроҳ аз Санкт-Петербург, ки корманди Пажуҳишгоҳи тадқиқотии ёрии таъҷилии ба номи И. И. Жанелидзе, ки дар Хуҷанд ҳузур дошт, барои кӯмак ва наҷоти беморе, ки бояд пояшро мебуриданд, дар ҷарроҳӣ ба ҳамкорони тоҷики худ пайваст.Манбаъ қайд кардааст, ки бемор бо ташхиси ҷиддӣ дар беморхонаи “Дастаи Дил” бистарӣ шуда буд. Ӯ бо ишемияи шадид ва гангрена бистари шуда буд. Қаблан табибон кӯшиш карда буданд, ки ҷараёни хунро барқарор кунанд, аммо ба натиҷае нарасиданд.Вазъ ноумед ба назар мерасид ва буридани пой ягона роҳ буд. Аммо, мутахассиси рус ин вазъро тағйир дод.Ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои муосири эндоваскулярӣ анҷом ёфт. Пизишкон тавассути сӯрохии хурд катетерҳо ва асбобҳои махсусро барои рафъи тангшавии рагҳо ворид карданд. Амалҳои дақиқи даста ҷараёни хунро ба пои зарардида барқарор ва аз мушкилоти бебозгашт пешгирӣ карданд.Ҷарроҳӣ чанд соат тӯл кашид ва аз ҳамаи иштирокчиён тамаркузи бештарро талаб кард.Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Институти тадқиқотии ёрии таъҷилии ба номи И. И. Жанелидзе, бемор аз ампутатсия пой раҳо ёфт ва имкони пурра шифо ёфтанашро ба даст овард.Ин пажуҳишгоҳ қайд кардааст, ки ин ҳолат намунаи дурахшони он гардид, ки чӣ гуна ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба байни табибон аз кишварҳои гуногун метавонад ҳаётро тағйир диҳад.Ҳамзамон таъкид шудааст, ки мутахассисони соҳаи тибби ҳарду кишвар натиҷаҳои ин ҷарроҳии муштаракро баланд арзёбӣ карданд.Ба гуфтаи ин манбаъ, чунин лоиҳаҳо имкониятҳои навро барои ҷорӣ кардани технологияҳои пешрафта ва беҳтар кардани сифати ёрии тиббӣ дар минтақа фароҳам меоранд.
https://sputnik.tj/20251006/dushanbe-naqsha-soli-tandurusti-idm-1071745247.html
https://sputnik.tj/20250718/vazorat-tandurusti-6-moh-1069104292.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102414/27/1024142754_69:0:1157:816_1920x0_80_0_0_07799fe2c9f92ec8db122002cf62078b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҷарроҳӣ, санкт-петербург, тандурустӣ, пизишк, бемор
тоҷикистон, русия, ҷарроҳӣ, санкт-петербург, тандурустӣ, пизишк, бемор
Ҷарроҳ аз Санкт-Петербург беморро дар Тоҷикистон аз буридани пояш наҷот дод
Табибон аз Санкт-Петербург ва Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд амалиёти беназиреро анҷом доданд. Бемор аз мушкилоти ҷиддӣ раҳо ёфт
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд, ҷарроҳие анҷом дода шуд, ки барои тибибон як кори беназр буд, иттилоъ додааст Пажуҳишгоҳи тадқиқотии ёрии таъҷилии ба номи И. И. Жанелидзе.
Ҷарроҳ аз Санкт-Петербург, ки корманди Пажуҳишгоҳи тадқиқотии ёрии таъҷилии ба номи И. И. Жанелидзе, ки дар Хуҷанд ҳузур дошт, барои кӯмак ва наҷоти беморе, ки бояд пояшро мебуриданд, дар ҷарроҳӣ ба ҳамкорони тоҷики худ пайваст.
Манбаъ қайд кардааст, ки бемор бо ташхиси ҷиддӣ дар беморхонаи “Дастаи Дил” бистарӣ шуда буд. Ӯ бо ишемияи шадид ва гангрена бистари шуда буд. Қаблан табибон кӯшиш карда буданд, ки ҷараёни хунро барқарор кунанд, аммо ба натиҷае нарасиданд.
Вазъ ноумед ба назар мерасид ва буридани пой ягона роҳ буд. Аммо, мутахассиси рус ин вазъро тағйир дод.
Ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои муосири эндоваскулярӣ анҷом ёфт. Пизишкон тавассути сӯрохии хурд катетерҳо ва асбобҳои махсусро барои рафъи тангшавии рагҳо ворид карданд. Амалҳои дақиқи даста ҷараёни хунро ба пои зарардида барқарор ва аз мушкилоти бебозгашт пешгирӣ карданд.
Ҷарроҳӣ чанд соат тӯл кашид ва аз ҳамаи иштирокчиён тамаркузи бештарро талаб кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Институти тадқиқотии ёрии таъҷилии ба номи И. И. Жанелидзе, бемор аз ампутатсия пой раҳо ёфт ва имкони пурра шифо ёфтанашро ба даст овард.
Ин пажуҳишгоҳ қайд кардааст, ки ин ҳолат намунаи дурахшони он гардид, ки чӣ гуна ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба байни табибон аз кишварҳои гуногун метавонад ҳаётро тағйир диҳад.
“Ҷарроҳ аз Санкт-Петербург на танҳо ин амалиёти мураккабро анҷом дод, балки усулҳои муосирро бо мутахассисони тоҷик мубодила кард, ки ҳоло онҳоро ба дигар беморон татбиқ кардан мумкин аст”, - зикр кардааст манбаъ.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки мутахассисони соҳаи тибби ҳарду кишвар натиҷаҳои ин ҷарроҳии муштаракро баланд арзёбӣ карданд.
“Ҷарроҳӣ дар Хуҷанд на танҳо барои як шахс наҷотбахш буд, балки як қадами муҳим дар рушди робитаҳои касбӣ байни Русия ва Тоҷикистон низ буд”, - қайд кардаст Пажуҳишгоҳ.
Ба гуфтаи ин манбаъ, чунин лоиҳаҳо имкониятҳои навро барои ҷорӣ кардани технологияҳои пешрафта ва беҳтар кардани сифати ёрии тиббӣ дар минтақа фароҳам меоранд.