https://sputnik.tj/20251006/dushanbe-naqsha-soli-tandurusti-idm-1071745247.html
Дар Душанбе нақшаи чорабиниҳо барои Соли тандурустӣ дар ИДМ муаррифӣ шуд
Дар Душанбе нақшаи чорабиниҳо барои Соли тандурустӣ дар ИДМ муаррифӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар нақшаи чорабиниҳо дар доираи Соли тандурустӣ дар ИДМ ба баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳаи тиб таваҷҷуҳи махсус дода шудааст
2025-10-06T10:37+0500
2025-10-06T10:37+0500
2025-10-06T10:37+0500
идм
тандурустӣ
душанбе
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0d/1065845554_0:196:2723:1728_1920x0_80_0_0_c27e9fb97702a7c1334d6261852724b1.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Соли 2026 дар чорчӯби Соли тандурустӣ дар ИДМ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақрибан 90 чорабиниҳои гуногун ташкил карда мешаванд. Дар ин бора дар нишасти 38-уми Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои муштаракулманофеъ дар соҳаи тандурустӣ дар Душанбе хабар дода шуд. Маърӯзаро раиси гурӯҳи коршиносии таҳияи нақшаи чорабиниҳо Александр Семёнов, муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин барнома аз ҷониби вазоратҳои тандурустии кишварҳо, Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстона ва котиботи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таҳия шудааст.Семёнов қайд кард, ки нақша тақрибан 90 чорабиниро дар 10 самти асосӣ дар бар мегирад. Ҳамчунин ба баланд бардоштани ихтисоси кормандони соҳаи тиб ва амалӣ намудани ташаббусҳои муштараки таълимӣ, илмию таълимӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.Ҳамчунин, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, нишони таҳияшудаи Соли тандурустӣ дар ИДМ-ро муаррифӣ кард."Логови пешниҳодшуда рамзи ғамхорӣ бораи саломатӣ, башарият ва ваҳдати кишварҳои ИДМ мебошад", - гуфт ӯ. Абдуллозода зикр кард, ки ин нишон барои истифода дар асноди расмӣ дар чорабиниҳои марбут ба Соли тандурустӣ дар ИДМ ва сомонаҳои расмии кишварҳои муштаракулманофеъ пешниҳод шудааст.
https://sputnik.tj/20250930/saroni-hukumat-idm-nishasti-minsk-sanad-muhim-qabul-1071612612.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0d/1065845554_0:0:2458:1844_1920x0_80_0_0_6aee442c733395993fe40ac24ddaeb5d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақшаи чорабиниҳо, соли тандурустӣ, идм
нақшаи чорабиниҳо, соли тандурустӣ, идм
Дар Душанбе нақшаи чорабиниҳо барои Соли тандурустӣ дар ИДМ муаррифӣ шуд
Дар нақшаи чорабиниҳо дар доираи Соли тандурустӣ дар ИДМ ба баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳаи тиб таваҷҷуҳи махсус дода шудааст
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Соли 2026 дар чорчӯби Соли тандурустӣ дар ИДМ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақрибан 90 чорабиниҳои гуногун ташкил карда мешаванд.
Дар ин бора дар нишасти 38-уми Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои муштаракулманофеъ дар соҳаи тандурустӣ дар Душанбе хабар дода шуд.
Маърӯзаро раиси гурӯҳи коршиносии таҳияи нақшаи чорабиниҳо Александр Семёнов, муаррифӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин барнома аз ҷониби вазоратҳои тандурустии кишварҳо, Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстона ва котиботи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таҳия шудааст.
Семёнов қайд кард, ки нақша тақрибан 90 чорабиниро дар 10 самти асосӣ дар бар мегирад.
"Таваҷҷуҳи асосӣ ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, таъмини беҳдошти санитарию эпидемиологӣ, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ равона карда шудааст", - гуфт ӯ.
Ҳамчунин ба баланд бардоштани ихтисоси кормандони соҳаи тиб ва амалӣ намудани ташаббусҳои муштараки таълимӣ, илмию таълимӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Ҳамчунин, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, нишони таҳияшудаи Соли тандурустӣ дар ИДМ-ро муаррифӣ кард.
"Логови пешниҳодшуда рамзи ғамхорӣ бораи саломатӣ, башарият ва ваҳдати кишварҳои ИДМ мебошад", - гуфт ӯ.
Абдуллозода зикр кард, ки ин нишон барои истифода дар асноди расмӣ дар чорабиниҳои марбут ба Соли тандурустӣ дар ИДМ ва сомонаҳои расмии кишварҳои муштаракулманофеъ пешниҳод шудааст.