https://sputnik.tj/20251204/putin-ima-tramp-ukraina-1073517065.html
Путин гуфт, ИМА ҳангоми баррасии нақшаи Трамп барои Украина, чӣ пешниҳод кардааст
Путин гуфт, ИМА ҳангоми баррасии нақшаи Трамп барои Украина, чӣ пешниҳод кардааст
Sputnik Тоҷикистон
ИМА нақшаи Трампро дар мавриди Украина ба чор баста ҷудо кардааст
2025-12-04T15:23+0500
2025-12-04T15:23+0500
2025-12-04T15:23+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
владимир путин
нақша
русия
има
доналд трамп
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/04/1073511370_0:0:1945:1094_1920x0_80_0_0_be69248bdff7d78b6c5fb30ad4823fe5.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки ҷониби ИМА 27 банди "нақшаи Трамп"-ро ба чор баста тақсим карда, пешниҳод кардааст, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд. Шоми сешанбе президенти Русия дар Кремл фиристодаи раисиҷумҳури ИМА Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер, домоди раҳбари Амрико ва асосгузори Affinity Partners-ро ба ҳузур пазируфт. Сафари намояндагони ИМА ба Русия бо муҳокимаи нақшаи сулҳи ИМА барои Украина алоқаманд буд. Бояд гуфт, ки Путин бо даъвати сарвазир Нарендра Модӣ 4-5 декабр ба Ҳиндустон сафар мекунад. Пеш аз сафар, раҳбари Русия бо рӯзноманигорони ҳиндӣ мусоҳиба дод.Нақшаи ИМА барои ҳалли низои УкраинаРасонаи амрикоии Axios рӯзи чоршанбе бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки ИМА бо Русия барои таҳияи нақшаи нав барои ҳалли низоъ дар Украина, "машваратҳои махфӣ" анҷом медиҳад.Баъдтар, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Русия ва ИМА моҳи август дар Аляска дар бораи ҳалли буҳрон дар Украина сӯҳбат карданд ва аз он вақт инҷониб дар ин мавзӯъ ягон таҳаввулоти дигар ба амал наомадааст.Ба гуфтаи Financial Times, нақшаи пешниҳодшудаи ИМА коҳиши кумаки низомии Амрико ба Киев, эътирофи мақоми расмии Калисои православии Украина ва эълони забони русӣ ҳамчун забони расмӣ дар Украинаро талаб мекунад.Киев инчунин аз назорати тамоми минтақаи Донбасс даст мекашад ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро кам мекунад.Ин нақша инчунин манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави Украина ва таъмини силоҳҳои дурпарвоз ба Киевро дар бар мегирад.Ба гуфтаи расонаҳои хориҷӣ, ин нақша интиқоли тамоми қаламрави Донбассро ба Русия дар ивази кафолатҳои амниятӣ аз ҷониби ИМА, ях кардани аксари хати тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон ва эътирофи расмии Қрим ва Донбассро ҳамчун қаламравҳои Русия пешбинӣ мекунад.Ғайр аз ин, Вашингтон таҳримҳоро алайҳи Маскав бекор мекунад ва кумаки низомиро ба Киев кам мекунад, ки ин шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро бояд коҳиш диҳад. Трамп 27 ноябрро ҳамчун мӯҳлати муносиб барои Украина барои қабули шартҳои созишномаи сулҳи худ, эълон кард.
https://sputnik.tj/20251203/turkiya-ukraina-boyad-ustuvor-1073494553.html
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/04/1073511370_146:0:1945:1349_1920x0_80_0_0_73769fa51614cc7b0dea73f7bdfc3237.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, нақшаи трамп, украина
има, нақшаи трамп, украина
Путин гуфт, ИМА ҳангоми баррасии нақшаи Трамп барои Украина, чӣ пешниҳод кардааст
ИМА нақшаи Трампро дар мавриди Украина ба чор баста ҷудо кардааст
ДУШАНБЕ, 4 дек - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки ҷониби ИМА 27 банди "нақшаи Трамп"-ро ба чор баста тақсим карда, пешниҳод кардааст, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд.
Шоми сешанбе президенти Русия дар Кремл фиристодаи раисиҷумҳури ИМА Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер, домоди раҳбари Амрико ва асосгузори Affinity Partners-ро ба ҳузур пазируфт.
Сафари намояндагони ИМА ба Русия бо муҳокимаи нақшаи сулҳи ИМА барои Украина алоқаманд буд.
"Онҳо - (нуктаҳои нақшаи пешниҳодшудаи ИМА барои сулҳ дар Украина - таҳрир) баррасӣ мешаванд. Онҳо (ИМА - таҳрир) 27 бандро ба чор баста тақсим карда, пешниҳод карданд, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд", - гуфт Путин дар мусоҳиба бо канали India Today дар посух ба саволе дар бораи "нақшаи Трамп".
Бояд гуфт, ки Путин бо даъвати сарвазир Нарендра Модӣ 4-5 декабр ба Ҳиндустон сафар мекунад. Пеш аз сафар, раҳбари Русия бо рӯзноманигорони ҳиндӣ мусоҳиба дод.
Нақшаи ИМА барои ҳалли низои Украина
Расонаи амрикоии Axios рӯзи чоршанбе бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки ИМА бо Русия барои таҳияи нақшаи нав барои ҳалли низоъ дар Украина, "машваратҳои махфӣ" анҷом медиҳад.
Баъдтар, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Русия ва ИМА моҳи август дар Аляска дар бораи ҳалли буҳрон дар Украина сӯҳбат карданд ва аз он вақт инҷониб дар ин мавзӯъ ягон таҳаввулоти дигар ба амал наомадааст.
Ба гуфтаи Financial Times, нақшаи пешниҳодшудаи ИМА коҳиши кумаки низомии Амрико ба Киев, эътирофи мақоми расмии Калисои православии Украина ва эълони забони русӣ ҳамчун забони расмӣ дар Украинаро талаб мекунад.
Киев инчунин аз назорати тамоми минтақаи Донбасс даст мекашад ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро кам мекунад.
Ин нақша инчунин манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави Украина ва таъмини силоҳҳои дурпарвоз ба Киевро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи расонаҳои хориҷӣ, ин нақша интиқоли тамоми қаламрави Донбассро ба Русия дар ивази кафолатҳои амниятӣ аз ҷониби ИМА, ях кардани аксари хати тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон ва эътирофи расмии Қрим ва Донбассро ҳамчун қаламравҳои Русия пешбинӣ мекунад.
Ғайр аз ин, Вашингтон таҳримҳоро алайҳи Маскав бекор мекунад ва кумаки низомиро ба Киев кам мекунад, ки ин шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро бояд коҳиш диҳад. Трамп 27 ноябрро ҳамчун мӯҳлати муносиб барои Украина барои қабули шартҳои созишномаи сулҳи худ, эълон кард.