https://sputnik.tj/20251203/turkiya-ukraina-boyad-ustuvor-1073494553.html
ВУХ Туркия: Қарор дар бораи Украина бояд одилона бошад
ВУХ Туркия: Қарор дар бораи Украина бояд одилона бошад
Sputnik Тоҷикистон
Фидан изҳор дошт, ки қарор дар бораи Украина бояд одилона ва устувор бошад
2025-12-03T18:01+0500
2025-12-03T18:01+0500
2025-12-03T18:01+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
туркия
украина
русия
буҳрон
ҳал
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0d/1046758983_0:222:2957:1885_1920x0_80_0_0_67aee1618fb1bc44a908c9bb42ea6872.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Роҳи ҳалли низоъ дар Украина бояд одилона ва устувор бошад. Дар ин бора, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидан зимни мулоқот бо ҳамтои бритониёии худ Иветт Купер изҳор дошт.Фидан рӯзи чоршанбе дар доираи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии НАТО бо вазири корҳои хориҷии Бритониё Иветт Купер мулоқот кард. Нақшаи ИМА барои ҳалли низои УкраинаРасонаи амрикоии Axios рӯзи чоршанбе бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки ИМА бо Русия барои таҳияи нақшаи нав барои ҳалли низоъ дар Украина, "машваратҳои махфӣ" анҷом медиҳад.Баъдтар, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Русия ва ИМА моҳи август дар Аляска дар бораи ҳалли буҳрон дар Украина сӯҳбат карданд ва аз он вақт инҷониб дар ин мавзӯъ ягон таҳаввулоти дигар ба амал наомадааст.Ба гуфтаи Financial Times, нақшаи пешниҳодшудаи ИМА коҳиши кумаки низомии Амрико ба Киев, эътирофи мақоми расмии Калисои православии Украина ва эълони забони русӣ ҳамчун забони расмӣ дар Украинаро талаб мекунад.Киев инчунин аз назорати тамоми минтақаи Донбасс даст мекашад ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро кам мекунад.Ин нақша инчунин манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави Украина ва таъмини силоҳҳои дурпарвоз ба Киевро дар бар мегирад.Ба гуфтаи расонаҳои хориҷӣ, ин нақша интиқоли тамоми қаламрави Донбассро ба Русия дар ивази кафолатҳои амниятӣ аз ҷониби ИМА, ях кардани аксари хати тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон ва эътирофи расмии Қрим ва Донбассро ҳамчун қаламравҳои Русия пешбинӣ мекунад.Ғайр аз ин, Вашингтон таҳримҳоро алайҳи Маскав бекор мекунад ва кумаки низомиро ба Киев кам мекунад, ки ин шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро бояд коҳиш диҳад. Трамп 27 ноябрро ҳамчун мӯҳлати муносиб барои Украина барои қабули шартҳои созишномаи сулҳи худ, эълон кард.
https://sputnik.tj/20251129/narishkin-anqara-vaz-ukraina-1073364856.html
туркия
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0d/1046758983_108:0:2837:2047_1920x0_80_0_0_c508bcf4c65d58d0c1f9a937248cf351.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, ҳалли буҳрон
украина, русия, ҳалли буҳрон
ВУХ Туркия: Қарор дар бораи Украина бояд одилона бошад
Фидан изҳор дошт, ки қарор дар бораи Украина бояд одилона ва устувор бошад
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Роҳи ҳалли низоъ дар Украина бояд одилона ва устувор бошад.
Дар ин бора, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидан зимни мулоқот бо ҳамтои бритониёии худ Иветт Купер изҳор дошт.
Фидан рӯзи чоршанбе дар доираи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии НАТО бо вазири корҳои хориҷии Бритониё Иветт Купер мулоқот кард.
"Вазъият дар музокирот барои хотима додан ба ҷанг байни Украина ва Русия арзёбӣ шуд. Вазир Фидан таъкид кард, ки роҳи ҳал бояд одилона ва дарозмуддат бошад", - гуфт як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Туркия ба РИА Новости.
Нақшаи ИМА барои ҳалли низои Украина
Расонаи амрикоии Axios рӯзи чоршанбе бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки ИМА бо Русия барои таҳияи нақшаи нав барои ҳалли низоъ дар Украина, "машваратҳои махфӣ" анҷом медиҳад.
Баъдтар, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Русия ва ИМА моҳи август дар Аляска дар бораи ҳалли буҳрон дар Украина сӯҳбат карданд ва аз он вақт инҷониб дар ин мавзӯъ ягон таҳаввулоти дигар ба амал наомадааст.
Ба гуфтаи Financial Times, нақшаи пешниҳодшудаи ИМА коҳиши кумаки низомии Амрико ба Киев, эътирофи мақоми расмии Калисои православии Украина ва эълони забони русӣ ҳамчун забони расмӣ дар Украинаро талаб мекунад.
Киев инчунин аз назорати тамоми минтақаи Донбасс даст мекашад ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро кам мекунад.
Ин нақша инчунин манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави Украина ва таъмини силоҳҳои дурпарвоз ба Киевро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи расонаҳои хориҷӣ, ин нақша интиқоли тамоми қаламрави Донбассро ба Русия дар ивази кафолатҳои амниятӣ аз ҷониби ИМА, ях кардани аксари хати тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон ва эътирофи расмии Қрим ва Донбассро ҳамчун қаламравҳои Русия пешбинӣ мекунад.
Ғайр аз ин, Вашингтон таҳримҳоро алайҳи Маскав бекор мекунад ва кумаки низомиро ба Киев кам мекунад, ки ин шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро бояд коҳиш диҳад. Трамп 27 ноябрро ҳамчун мӯҳлати муносиб барои Украина барои қабули шартҳои созишномаи сулҳи худ, эълон кард.