Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин гуфт, мулоқот бо Уиткофф зарур буд

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин во время встречи со спецпосланником президента США Стивеном Уиткоффом.
Президент РФ Владимир Путин во время встречи со спецпосланником президента США Стивеном Уиткоффом.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2025
Обуна шудан
Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин мулоқот бо Уиткофф ва Кушнер зарур буд
ДУШАНБЕ, 4 дек - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин мулоқоти гузашта, бо фиристодаи вижаи ИМА Стив Уиткофрро зарур хонд.
"Ман фикр мекунам, ки сӯҳбат кардан хеле барвақт аст, аммо ин мулоқот зарур буд", - гуфт Путин.
Ин дар ҳолест, ки ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, мулоқоти Владимир Путин бо намояндагони ИМА-ро пурмуҳтаво хонд.

Тафсилоти мулоқот

Дар мулоқот на ибораҳои мушаххас, балки моҳияти нақшаи ИМА барои ҳалли низоъ дар Украина баррасӣ шуд.
"Ҳуҷҷате, ки дорои 27 банд аст, ба мо дода шуд ва мо онро баррасӣ кардем. Сипас мо якчанд ҳуҷҷати дигар, чорто, гирифтем, ки имрӯз низ баррасӣ шуданд", - гуфт Ушаков.
Ҷониби Русия метавонад бо баъзе чизҳо розӣ шавад, аммо баъзе пешниҳодҳо танқидҳоро ба бор овардаанд.
"Ҳанӯз созиш пайдо нашудааст, аммо баъзе пешниҳодҳои амрикоӣ бештар ё камтар қобили қабул ба назар мерасанд ва метавонанд баррасӣ шаванд", - гуфт ӯ.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳудудӣ дахл карданд, ки бидуни онҳо Маскав роҳи ҳалли бӯҳрони Украинаро намебинад.
Дар ин мулоқот имкон дода шуд, ки роҳҳои ҳалли минбаъдаи низоъ ва ба даст овардани созиш барои идомаи ҳамкорӣ барои ноил шудан ба сулҳ баррасӣ шаванд.
Помощник президента РФ Юрий Ушаков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Пурмуҳтаво": Ушаков дар бораи мулоқоти Путин ва Уиткофф
Путин ба Доналд Трамп табрикот ва якчанд сигналҳои сиёсӣ фиристод.
Пеш аз сафар ба Маскав, ҷониби Амрико бо намояндагони Украина дар Флорида мулоқот кард.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, мавзӯъҳои баррасишуда мубодилаи қаламравҳо, кафолатҳои амниятӣ ва имконнопазирии пайвастани Украина ба НАТО-ро дар бар мегирифтанд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо натавонистанд дар бораи ҳама масъалаҳо ба қарорҳои ниҳоӣ бирасанд. Котиби матбуотии Кохи Сафед Кэролин Левитт, аз ҷониби худ, хабар дод, ки нақшаи аввалияи ҳалли низоъ ба таври назаррас таҷдиди назар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0