https://sputnik.tj/20251203/kreml-muloqot-putin-1073486688.html
"Пурмуҳтаво": Ушаков дар бораи мулоқоти Путин ва Уиткофф
"Пурмуҳтаво": Ушаков дар бораи мулоқоти Путин ва Уиткофф
Sputnik Тоҷикистон
Шоми қаблӣ президент дар Кремл фиристодаи махсуси Кохи Сафед Стив Уиткофф ва муассиси Affinity Partners Ҷаред Кушнерро қабул кард. Мулоқот наздики 5 соат идома кард
2025-12-03T13:11+0500
2025-12-03T13:11+0500
2025-12-03T13:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
има
владимир путин
мулоқот
нақша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0a/1071988966_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_4fa3a533ffb408656f3a36f54d70c61d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Ба гуфтаи ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, Владимир Путин бо намояндагони ИМА мулоқоти пурмазмун дошт.ТафсилотДар мулоқот на ибораҳои мушаххас, балки моҳияти нақшаи ИМА барои ҳалли низоъ дар Украина баррасӣ шуд."Ҳуҷҷате, ки дорои 27 банд аст, ба мо дода шуд ва мо онро баррасӣ кардем. Сипас мо якчанд ҳуҷҷати дигар, чорто, гирифтем, ки имрӯз низ баррасӣ шуданд", - гуфт Ушавеов.Ҷониби Русия метавонад бо баъзе чизҳо розӣ шавад, аммо баъзе пешниҳодҳо танқидҳоро ба бор овардаанд. "Ҳанӯз созиш пайдо нашудааст, аммо баъзе пешниҳодҳои амрикоӣ бештар ё камтар қобили қабул ба назар мерасанд ва метавонанд баррасӣ шаванд", - гуфт ӯ.Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳудудӣ дахл карданд, ки бидуни онҳо Маскав роҳи ҳалли бӯҳрони Украинаро намебинад. "Президент амалҳои харобиовари аврупоиҳоро дар заминаи ҳалли низоъ арзёбӣ кард".Маскав ва Вашингтон розӣ шудаанд:Шоми қаблӣ президент дар Кремл фиристодаи махсуси Кохи Сафед Стив Уиткофф ва муассиси Affinity Partners Ҷаред Кушнерро қабул кард. Дар ин мулоқот аз ҷониби Русия Ушаков ва директори генералии RDIF Кирилл Дмитриев ширкат варзиданд. Музокирот қариб панҷ соат давом кард.Пеш аз сафар ба Маскав, ҷониби Амрико бо намояндагони Украина дар Флорида мулоқот кард.Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, мавзӯъҳои баррасишуда мубодилаи қаламравҳо, кафолатҳои амниятӣ ва имконнопазирии пайвастани Украина ба НАТО-ро дар бар мегирифтанд. Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо натавонистанд дар бораи ҳама масъалаҳо ба қарорҳои ниҳоӣ бирасанд. Котиби матбуотии Кохи Сафед Кэролин Левитт, аз ҷониби худ, хабар дод, ки нақшаи аввалияи ҳалли низоъ ба таври назаррас таҷдиди назар шудааст.
https://sputnik.tj/20251202/mavzu-muzokirot-putin-uittkoff-oshkor-1073463844.html
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0a/1071988966_0:0:2504:1878_1920x0_80_0_0_c0281c3e605bb5745dd1d217830717ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кремл, мулоқот, путин, уиткофф
кремл, мулоқот, путин, уиткофф
"Пурмуҳтаво": Ушаков дар бораи мулоқоти Путин ва Уиткофф
Шоми қаблӣ президент дар Кремл фиристодаи махсуси Кохи Сафед Стив Уиткофф ва муассиси Affinity Partners Ҷаред Кушнерро қабул кард. Мулоқот наздики 5 соат идома кард
ДУШАНБЕ, 3 дек - Sputnik. Ба гуфтаи ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, Владимир Путин бо намояндагони ИМА мулоқоти пурмазмун дошт.
"Сӯҳбат хеле муфид, созанда ва хеле пурмуҳтаво буд", - гуфт ӯ.
Дар мулоқот на ибораҳои мушаххас, балки моҳияти нақшаи ИМА барои ҳалли низоъ дар Украина баррасӣ шуд.
"Ҳуҷҷате, ки дорои 27 банд аст, ба мо дода шуд ва мо онро баррасӣ кардем. Сипас мо якчанд ҳуҷҷати дигар, чорто, гирифтем, ки имрӯз низ баррасӣ шуданд", - гуфт Ушавеов.
Ҷониби Русия метавонад бо баъзе чизҳо розӣ шавад, аммо баъзе пешниҳодҳо танқидҳоро ба бор овардаанд.
"Ҳанӯз созиш пайдо нашудааст, аммо баъзе пешниҳодҳои амрикоӣ бештар ё камтар қобили қабул ба назар мерасанд ва метавонанд баррасӣ шаванд", - гуфт ӯ.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳудудӣ дахл карданд, ки бидуни онҳо Маскав роҳи ҳалли бӯҳрони Украинаро намебинад.
"Президент амалҳои харобиовари аврупоиҳоро дар заминаи ҳалли низоъ арзёбӣ кард".
Маскав ва Вашингтон розӣ шудаанд:
моҳияти сӯҳбатро ошкор накунанд;
корҳои зиёде бояд анҷом дода шаванд.
Дар ин мулоқот имкон дода шуд, ки роҳҳои ҳалли минбаъдаи низоъ ва ба даст овардани созиш барои идомаи ҳамкорӣ барои ноил шудан ба сулҳ баррасӣ шаванд.
Путин ба Доналд Трамп табрикот ва якчанд сигналҳои сиёсӣ фиристод.
Шоми қаблӣ президент дар Кремл фиристодаи махсуси Кохи Сафед Стив Уиткофф ва муассиси Affinity Partners Ҷаред Кушнерро қабул кард. Дар ин мулоқот аз ҷониби Русия Ушаков ва директори генералии RDIF Кирилл Дмитриев ширкат варзиданд. Музокирот қариб панҷ соат давом кард.
Пеш аз сафар ба Маскав, ҷониби Амрико бо намояндагони Украина дар Флорида мулоқот кард.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, мавзӯъҳои баррасишуда мубодилаи қаламравҳо, кафолатҳои амниятӣ ва имконнопазирии пайвастани Украина ба НАТО-ро дар бар мегирифтанд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо натавонистанд дар бораи ҳама масъалаҳо ба қарорҳои ниҳоӣ бирасанд. Котиби матбуотии Кохи Сафед Кэролин Левитт, аз ҷониби худ, хабар дод, ки нақшаи аввалияи ҳалли низоъ ба таври назаррас таҷдиди назар шудааст.