Паёмакҳои "Барқи тоҷик" – оё вазъи барқрасонӣ то куҷо нигаронкунанда аст?

© unsplash / Mikael KristensonЛампа накаливания
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Аз вокуниши сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон дид, ки дар саросари кишвар танзими барқрасонӣ ба ҳадди бесобиқае шиддат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 4 дек - Sputnik. Мақомот барои сарфаҷӯии барқ аз тадобири бесобиқае кор мегиранд, ки аз нигоҳи бархе, ишора ба як вазъи нигаронкунанда доранд.
Аммо, мақомот аз шеваву навҳаҳои ҷадиди фаъолияти худ суҳбат мекунанд, ки танзими тавзеъи барқро муассиртар кардааст.
Эъломияи ахире, ки “Барқи тоҷик” аз тариқи паёмакҳо ба тамоми сокинони кишвар ирсол кард, дар гузашта дарвоқеъ собиқа надошт.
Он "истифодабарандаи аҳолии дорои ҳисобгираки якфаза (220 В)”, ё сокинони қаторӣ, онҳоеро, ки ҳисобкунакҳои якфазаи 220-ватаро истифода мекунанд, мухотаб қарор додааст. Дар матни паёмак омадааст, ки камшавии резиши об дар дарёҳо, “ба ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ таъсир расонида истодааст”, аз ин хотир, аз сокинон хоста мешавад, ки аз истифодаи ҳамзамони асбобҳои барқӣ - обгармкунакҳо, дарзмол, плитаву печҳои барқӣ ва мошинҳои ҷомашӯӣ худдорӣ кунанд.
"Агар истеъмоли энергияи барқи Шумо аз 4 кВт дар як вақт зиёд шавад, интиқоли энергияи барқ барои 30 дақиқа бо тариқи худкор қатъ мегардад. Дарҳол асбобҳои барқиро ҷудо намуда, истеъмолро кам кунед ва мунтазири барқароршавии таъмини энергияи барқ шавед”, - омадааст дар паёмак.
Дар як санади дигаре, ки санаи 27 ноябр аз сӯи Салвӣ Маноҷ, мудири кулли “Шабакащои тақсимоти барқ”, ширкати масъули тавзеъи нерӯи барқ дар кишвар, имзо шуда, дар дастраси расонаҳо қарор гирифт, ба раҳбарони филиалҳои ширкат супоришҳои фаврӣ дода мешавад.
Бино ба ин супоришҳо, ҳамаи истеъмолкунандагони Гуруҳи 1 бо иқтидори 5кВт, ба истиснои шаҳри Душанбе, дар давраи маҳдудият бояд аз шабака ҷудо карда шаванд, ҳисобкунакҳои “ҳушманд” бо навбат ва тартиби муайян аз системаи биллингӣ, идораҳои давлатӣ ва нуқтаҳои пуркунии барқӣ аз соати 18.00 то оғози рӯзи нави корӣ ва чароғҳои кӯчагии “бе аҳамияти стратегӣ” бояд қатъ шаванд.
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2025
Об нест: Тоҷикистон ба режаи шадиди сарфаи барқ мегузарад
Тадобири шадид дар маҳалҳо ва ҳатто пойтахт – шаҳри Душанбе низ бармало дида мешавад.
Дасти кам аз вокуниши сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон дид, ки дар саросари кишвар танзими барқрасонӣ ба ҳадди бесобиқае шиддат гирифтааст.
Бино ба иттилое, ки аз маҳалҳо дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, қариб як моҳ ба ин сӯ барқ тибқи реҷаи муайян ба аҳолӣ таҳвил мешавад.
“Интиқоли барқ субҳ аз соати 6 ба 8 ва бегоҳ аз соати 18 ба 20 сурат мегирад”, - мегӯянд сокинон.
Дар ҳамин ҳол, як масъули ширкати “Шабакҳои тақсимоти барқ” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар гузашта низ чунин тадобир гирифта мешуданд, аммо васоили пиёда кардани онҳо, аз ҷумла огоҳонидани мардум, дигар ва то ҷое ғайримеъёрӣ буд.
"Масалан, дар гузашта барқ бо кашидани як фишанг аз марокизи барқрасонӣ қатъ мешуд, ҳоло онро мешавад аз маркази компютерӣ, ки дар тамоми манотиқ ташкил шудааст, ҳатто барои як кас, бо пахш кардани як тугма аз барномаи компютерӣ қатъ кард. Мо умедворем, ки аз ин роҳ танзими барқ содатар ва таъмини одилона риоят мешавад”, - гуфт вай.
Вай афзуд, вазъ нигаронкунанда нест, аз ин роҳҳо барқ ва захираҳои об оқилона танзим мешаванд.
“Ин чораҳо муваққатӣ ҳастанд ва сирфан барои сарфаи об дар обанборҳо нигаронида шудаанд”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Барқи Тоҷикистон умдатан аз обанбори Норак ва дигар обанборҳои хурд дар ҷануб ва обанбори Қайроқум дар шимол ҳосил мешавад.
Бино ба иттилое, ки Маркази пешгӯии обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон чанде қабл ба нашр расонд, захираҳои оби обанборҳои Нораку Қайроқум дар ҳоли ҳозир хеле коҳиш ёфтааст.
Ҳаҷми оби обанбори Норак давоми моҳи октябр 22 млн метри мукааб коҳиш ёфта, то санаи 31 октябри соли равон 104 миллиону 83 ҳазор метри мукаабро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2024 42млн метри мукааб коҳиш ёфтааст. Тибқи меъёр сатҳи оби обанбори Норак бояд дар сатҳи 910 метр бошад, ки ҳоло нест.
Девушка записывает показания счетчика  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2025
Мақомоти прокуратура назоратро дар самти истифодаи неруи барқ пурзӯр кардааст
Ҳарчанд ҳаҷми оби обанбори Қайроққум давоми моҳи октябр 512 млн метри мукааб зиёд шуда, ба санаи 31 октябри соли равон 2 млн-у 066 ҳазор метри мукаабро ташкил дод, аммо дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 472 млн метри мукааб кам аст.
Нусратулло Пирзода, муовини директори Маркази пешгӯии обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сабаби пеш омадани чунин вазъ коҳиши боришот аст.
“Солҳои қабл дар ин давра борону барф меборид ва тавозуни обро нигаҳ медошт. Ҳоло чунин нест, вазъу обу ҳаво дар минтақа низ тағйир хӯрдааст, чолишҳои экологӣ дар ҳоли афзойиш ҳастанд, аз ин хотир, истифодаи захираҳои обӣ бояд оқилона сурат гиранд”, - гуфт Нусратулло Пирзода.
Тибқи иттилои Маркази пешгӯии обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, боришоти борону барф ба санаҳои 4 ва 5 декабр, он ҳам кутоҳмуддат, пешбинӣ мешавад, ки ба гумон аст, дар захираҳои оби обанборҳо тағйир ба вуҷуд орад.
Лентаи хабарҳо
0