https://sputnik.tj/20251201/cnn-ima-ukraina-florida-sozish-1073441554.html
CNN: ИМА ва Украина дар Флорида ба созиши ниҳоӣ нарасидаанд
CNN: ИМА ва Украина дар Флорида ба созиши ниҳоӣ нарасидаанд
Sputnik Тоҷикистон
Шабакаи телевизионии амрикоии CNN ахиран хабар дод, ки ИМА ва Украина дар Флорида дар ягон масъала ба қарорҳои ниҳоӣ нарасидаанд
2025-12-01T19:19+0500
2025-12-01T19:19+0500
2025-12-01T19:19+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
амалиёти вижа
музокира
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/01/1073445544_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_7d494d77b6d8b5455bbfeb131bee4421.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. CNN бо истинод ба як манбаъ хабар медиҳад, ки дар музокироти намояндагони ИМА ва Украина дар Флорида тарафҳо дар бораи ҳалли низоъ ба ягон қарорҳои ниҳоӣ нарасиданд"Гуфтан барвақт аст, ки мо ба ҳалли ниҳоӣ расидем, зеро корҳои зиёде бояд анҷом дода шаванд", - гуфт манбаъ.Ба гуфтаи ӯ, иштирокчиёни музокирот масъалаҳои мушкилтарини нақша, аз ҷумла узвият дар НАТО ва имтиёзҳои қаламравиро, баррасӣ карданд."Музокиракунандагон сенарияи эҳтимолиро баррасӣ карданд, ки дар он Украина аз имконияти пайвастан ба НАТО маҳрум хоҳад шуд", - афзуд манбаи CNN.Рӯзи якшанбе музокирот байни намояндагони ИМА ва Украина дар Флорида баргузор шуд. Ҷониби Амрикоро фиристодаи махсуси президент Стив Уиткхофф, домоди Трамп Ҷаред Кушнер ва котиби давлатӣ Марко Рубио намояндагӣ карданд. Рубио мулоқотро муфид ва самаранок номид, аммо қайд кард, ки сулҳои зиёде боқӣ мондаанд.Ҳайати Украинаро котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ Рустем Умеров роҳбарӣ мекард, ки гуфтушунидҳоро низ муваффақ номид.Интизор меравад, ки Уиткхофф рӯзи сешанбеи оянда ҳуҷҷати мувофиқашударо ба ҷониби Русия пешниҳод кунад. Қаблан, сухангӯи Кремл Дмитрий Песков тасдиқ кард, ки Владимир Путин фиристодаи махсуси президенти ИМА-ро дар ин ҳафта дар Маскав қабул хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20251201/kokhi-kremlin-halli-nizo-ukraina-vao-1073436659.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/01/1073445544_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_0ec7dbba72e480852a45a401b87f1775.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, музокира, има, зозиш, сиёсат, сулҳ, русия
украина, амалиёти вижа, музокира, има, зозиш, сиёсат, сулҳ, русия
CNN: ИМА ва Украина дар Флорида ба созиши ниҳоӣ нарасидаанд
Шабакаи телевизионии амрикоии CNN ахиран хабар дод, ки ИМА ва Украина дар Флорида дар ягон масъала ба қарорҳои ниҳоӣ нарасидаанд
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. CNN бо истинод ба як манбаъ хабар медиҳад, ки дар музокироти намояндагони ИМА ва Украина дар Флорида тарафҳо дар бораи ҳалли низоъ ба ягон қарорҳои ниҳоӣ нарасиданд
"Гуфтан барвақт аст, ки мо ба ҳалли ниҳоӣ расидем, зеро корҳои зиёде бояд анҷом дода шаванд", - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, иштирокчиёни музокирот масъалаҳои мушкилтарини нақша, аз ҷумла узвият дар НАТО ва имтиёзҳои қаламравиро, баррасӣ карданд.
"Музокиракунандагон сенарияи эҳтимолиро баррасӣ карданд, ки дар он Украина аз имконияти пайвастан ба НАТО маҳрум хоҳад шуд", - афзуд манбаи CNN.
Рӯзи якшанбе музокирот байни намояндагони ИМА ва Украина дар Флорида баргузор шуд. Ҷониби Амрикоро фиристодаи махсуси президент Стив Уиткхофф, домоди Трамп Ҷаред Кушнер ва котиби давлатӣ Марко Рубио намояндагӣ карданд. Рубио мулоқотро муфид ва самаранок номид, аммо қайд кард, ки сулҳои зиёде боқӣ мондаанд.
Ҳайати Украинаро котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ Рустем Умеров роҳбарӣ мекард, ки гуфтушунидҳоро низ муваффақ номид.
Интизор меравад, ки Уиткхофф рӯзи сешанбеи оянда ҳуҷҷати мувофиқашударо ба ҷониби Русия пешниҳод кунад. Қаблан, сухангӯи Кремл Дмитрий Песков тасдиқ кард, ки Владимир Путин фиристодаи махсуси президенти ИМА-ро дар ин ҳафта дар Маскав қабул хоҳад кард.