https://sputnik.tj/20251201/kokhi-kremlin-halli-nizo-ukraina-vao-1073436659.html
Кохи Кремлин: ҳалли низоъ дар Украина тавассути ВАО баррасӣ нахоҳад шуд
Кохи Кремлин: ҳалли низоъ дар Украина тавассути ВАО баррасӣ нахоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки кишвараш дар бораи ҳалли низоъ бо Украина тавассути расонаҳо гуфтугӯ нахоҳад кард
2025-12-01T16:08+0500
2025-12-01T16:08+0500
2025-12-01T16:08+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
русия
украина
ҳалли низоъ
амалиёти вижа
дмитрий песков
вао
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/19/1073245794_0:0:3284:1847_1920x0_80_0_0_61fd5936fb4fd54ddecddb366d3b8521.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи расмии президенти Русия, изҳор дошт, ки Русия ба ҳалли низоъ дар Украина манфиатдор аст ва ягон баҳсро тавассути Васоити ахбори омма баррасӣ намекеунад."Мо аллакай изҳор доштем, ки ба хотири муваффақияти раванд ва мо ба ҳалли низоъ манфиатдорем, мо қасд надорем, ки ин [баҳсҳоро] тавассутирасонаҳо анҷом диҳем. Мо қасд надорем, ки ягон баҳсро тавассути ВАО анҷом диҳем", - гуфт Песков ба хабарнигорон.Амалиёти вижа дар УкраинаРусия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20251201/rada-qarori-zelenskiy-muzokirot-intiqod-1073430613.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/19/1073245794_429:0:3160:2048_1920x0_80_0_0_00dc1e9604dd1348d074e9662ede95a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, песков, украина, амалиёти вижа, вао, расонаӣ, ҳалли низоъ
русия, песков, украина, амалиёти вижа, вао, расонаӣ, ҳалли низоъ
Кохи Кремлин: ҳалли низоъ дар Украина тавассути ВАО баррасӣ нахоҳад шуд
Сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки кишвараш дар бораи ҳалли низоъ бо Украина тавассути расонаҳо гуфтугӯ нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи расмии президенти Русия, изҳор дошт, ки Русия ба ҳалли низоъ дар Украина манфиатдор аст ва ягон баҳсро тавассути Васоити ахбори омма баррасӣ намекеунад.
"Мо аллакай изҳор доштем, ки ба хотири муваффақияти раванд ва мо ба ҳалли низоъ манфиатдорем, мо қасд надорем, ки ин [баҳсҳоро] тавассутирасонаҳо анҷом диҳем. Мо қасд надорем, ки ягон баҳсро тавассути ВАО анҷом диҳем", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.