https://sputnik.tj/20251130/umerov-ermak-rais-muzokirot-ima-rusiya--1073395783.html
Умеров ба ҷои Ермак раиси ҳайати музокирот бо ИМА ва Русия шуд
Умеров ба ҷои Ермак раиси ҳайати музокирот бо ИМА ва Русия шуд
Sputnik Тоҷикистон
Зеленский Умеровро ба ҷои Ермак раиси ҳайати музокиротӣ таъин кард 30.11.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-11-30T11:21+0500
2025-11-30T11:21+0500
2025-12-01T11:51+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
има
фасод
русия
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/01/1073424126_0:0:3083:1734_1920x0_80_0_0_079a065d960eb0991ae3046e9a1894e4.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя - Sputnik. Владимир Зеленский котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва вазири дифоъи Украина Рустем Умеровро роҳбари ҳайати музокирот бо Русия ва Иёлоти Муттаҳида таъин кард.Умеров ба ҷои Андрей Ермак, ки аз вазифааш барканор шуда буд, таъин гардид."Масъалаҳо барои ҳайати Украина барои иштирок дар раванди музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар шарикони байналмилалии Украина, инчунин бо намояндагони Русия барои ноил шудан ба сулҳи одилона ва пойдор. Рустам Энверович Умеров - котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва вазии дифоъи Украина, роҳбари ҳайати мазкур аст", - гуфта мешавад дар фармон.Дигар аъзои ҳайат иваз нашудааст: Вадим Скибитский, муовини сардори Раёсати асосии иктишофии Вазорати дифоъ, ба ин рӯйхат илова карда шуд. Аммо, хабарнигори Economist Оливер Кэрролл иддао дорад, ки Скибитский ба ҷои Буданов дар музокирот ширкат хоҳад кард*."Нақшаҳо тағйир ёфтанд. Азбаски Киев ҳанӯз аз хабарҳои дирӯза дар ҳайрат аст, ба Буданов* амр дода шудааст, ки дар Киев бимонад", - навишт рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Умеров баъдтар эълон кард, ки намояндагони ҳайати Украина аллакай барои музокирот ба ИМА мераванд. Зеленский инчунин амр дод, ки ба онҳо дастурҳои махфӣ дода шаванд.Рӯзи ҷумъа Зеленский истеъфои раиси дастгоҳи худ Ермакро эълон кард. Дар ҳамон рӯз хона ва дафтари ӯ дар доираи тафтишоти фасод дар бахши энергетика кофтуков карда шуд.Чунон ки баъдтар Укринформ бо истинод ба Бюрои миллии мубориза зидди фасоди Украина хабар дод, детективҳо айбнома пешниҳод накардаанд.* Аз ҷониби Росфинмониторинг ба рӯйхати экстремистҳо ва террористон шомил карда шудааст.
https://sputnik.tj/20251128/mojaro-ukraina-khalaldor-muzokirot-tahdid-1073364391.html
украина
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/01/1073424126_287:0:3018:2048_1920x0_80_0_0_2621e77c09218e5973e526534594a750.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, има, фасод, русия, музокирот
украина, има, фасод, русия, музокирот
Умеров ба ҷои Ермак раиси ҳайати музокирот бо ИМА ва Русия шуд
11:21 30.11.2025 (Навсозишуда: 11:51 01.12.2025) Зеленский Умеровро ба ҷои Ермак раиси ҳайати музокиротӣ таъин кард
ДУШАНБЕ, 30 ноя - Sputnik. Владимир Зеленский котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва вазири дифоъи Украина Рустем Умеровро роҳбари ҳайати музокирот бо Русия ва Иёлоти Муттаҳида таъин кард.
Умеров ба ҷои Андрей Ермак, ки аз вазифааш барканор шуда буд, таъин гардид.
"Масъалаҳо барои ҳайати Украина барои иштирок дар раванди музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар шарикони байналмилалии Украина, инчунин бо намояндагони Русия барои ноил шудан ба сулҳи одилона ва пойдор. Рустам Энверович Умеров - котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва вазии дифоъи Украина, роҳбари ҳайати мазкур аст", - гуфта мешавад дар фармон.
Дигар аъзои ҳайат иваз нашудааст:
Мушовири роҳбари дафтари Зеленский, Александр Бевз;
Сардори Раёсати асосии иктишофии Вазорати мудофиа, Кирил Буданов*;
Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, Андрей Гнатов;
Муовини аввали котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиа, Евгений Острянский;
Сардори Хадамоти иктишофии хориҷӣ, Олег Иващенко;
Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ, Сергей Кислитса;
Муовини раиси Хадамоти амнияти Украина, Александр Поклад.
Вадим Скибитский, муовини сардори Раёсати асосии иктишофии Вазорати дифоъ, ба ин рӯйхат илова карда шуд. Аммо, хабарнигори Economist Оливер Кэрролл иддао дорад, ки Скибитский ба ҷои Буданов дар музокирот ширкат хоҳад кард*.
"Нақшаҳо тағйир ёфтанд. Азбаски Киев ҳанӯз аз хабарҳои дирӯза дар ҳайрат аст, ба Буданов* амр дода шудааст, ки дар Киев бимонад", - навишт рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Умеров баъдтар эълон кард, ки намояндагони ҳайати Украина аллакай барои музокирот ба ИМА мераванд. Зеленский инчунин амр дод, ки ба онҳо дастурҳои махфӣ дода шаванд.
Рӯзи ҷумъа Зеленский истеъфои раиси дастгоҳи худ Ермакро эълон кард.
Дар ҳамон рӯз хона ва дафтари ӯ дар доираи тафтишоти фасод дар бахши энергетика кофтуков карда шуд.
Чунон ки баъдтар Укринформ бо истинод ба Бюрои миллии мубориза зидди фасоди Украина хабар дод, детективҳо айбнома пешниҳод накардаанд.
* Аз ҷониби Росфинмониторинг ба рӯйхати экстремистҳо ва террористон шомил карда шудааст.