Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО: Моҷаро дар Украина метавонад музокиротро халадор кунад

© Sputnik / Stringer / Гузариш ба медиабонкГлава офиса президента Украины Андрей Ермак
Глава офиса президента Украины Андрей Ермак   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2025
Обуна шудан
Иштироки Ермак дар моҷарои фасод дар Украина метавонад музокиротро халалдор кунад
ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Дар сурати ошкор шудани даст доштани Андрей Ермак, раҳбари дафтари Владимир Зеленский ва раҳбари кунунии ҳайати Украина дар музокирот дар фасод, музокироти миёни Русия ва Украина халадор хоҳад шуд.
Дар ин бора, рӯзномаи Telegraph хабар медиҳад.
Қаблан рӯзи ҷумъа, вакили Радаи Олӣ Ярослав Железняк хабар дод, ки Бюрои миллии мубориза алайҳи фасоди Украина ва Додситонии махсуси мубориза алайҳи фасод дар пасманзари моҷарои фасод дар бахши энержӣ, ки дар Украина сар задааст, кофтуковро дар хонаи Ермак анҷом медиҳанд.
Бюрои миллии мубориза алайҳи фасоди Украина дар хонаи Ермакро тасдиқ карда, қайд кард, ки амалиёти тафтишотӣ ҳамчун як қисми тафтишоти идомаёбанда анҷом дода мешаванд.
Хабарнигори Financial Times Кристофер Миллер бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки кофтукови мақомоти мубориза алайҳи фасоди Украина бо тафтишоти фасод дар бахши энергетика алоқаманданд.

"Моҷарое, ки дар пасманзари музокирот барои хотима додан ба низоъ дар Украина ба миён омад, метавонад музокиротро халалдор кунад, хусусан агар роҳбари ҳайати Украина дар ин кор даст дошта бошад, ки мавқеи Киевро суст мекунад", - менависад Telegraph.

Рӯзи чоршанбе Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украина Рустам Умаров, котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ ва вазири собиқи дифоъро дар робита ба парвандаи фасод дар бахши энергетика бозпурсӣ кард.
Вакили парлумони Украина Ирина Герашенко қаблан хабар дода буд, ки дар пасманзари моҷарои фасод дар Украина, ҳизби "Ҳамбастагии Аврупо" дар Рада пешниҳодеро ба қайд гирифтааст, ки дар он талаб карда мешавад, ки Зеленский Ермакро аз мақоми роҳбари дафтари худ ва Умаровро аз мақоми котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ барканор кунад.
Бо вуҷуди ин, Зеленский на танҳо аз барканории Ермак худдорӣ кард, балки ӯро роҳбари ҳайати музокирот бо ИМА ва дигар шарикони байналмилалии Киев барои ҳалли низоъ дар Украина таъйин кард.
Флаг Украины и флаг с символикой Евросоюза у здания Европарламента в Страсбурге.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазъияти Украина Иттиҳоди Аврупоро ба буҳрони молиявӣ мебарад
Президенти Русия Владимир Путин, ки 21 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия суханронӣ карда, изҳор дошт, ки нақшаи ИМА метавонад асоси ҳалли ниҳоии сулҳ бошад, аммо ин матн айни замон бо Русия ба таври ҷиддӣ муҳокима нашудааст.
Вай изҳор дошт, ки ин аз он сабаб аст, ки маъмурияти ИМА зоҳиран наметавонад ризоияти Киевро ба даст орад, зеро Украина ва муттаҳидони аврупоии он то ҳол орзуи "шикасти стратегӣ"-иРусияро дар майдони ҷанг доранд.
Путин қайд кард, ки мавқеи онҳо бо набудани маълумоти объективӣ дар бораи вазъи воқеии корҳо дар майдони ҷанг алоқаманд аст.
Лентаи хабарҳо
0