Соҳибкор ва экстрасенси маъруф дар соҳили "Баҳри тоҷик" осоишгоҳ месозад

© Foto / Хадамоти матбуотии раиси вилояти СуғдТурсуной Зокирова дар соҳили “Баҳри тоҷик” осоишгоҳ месозад
Турсуной Зокирова дар соҳили “Баҳри тоҷик” осоишгоҳ месозад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2025
Обуна шудан
Дар баробари осоишгоҳ дар ҳамин мавзеъ бо саҳми ин соҳибкор бунёди тарабхонаи муосир низ идома дорад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар соҳили "Баҳри тоҷик"-и шаҳри Гулистон бунёди осоишгоҳи наву замонавӣ идома дорад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд гузориш медиҳад.
Ин осоишгоҳ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ ва экстрасенси маъруф Турсуной Зокирова сохта мешавад.
Тибқи лоиҳа осоишгоҳ барои қабули 250 истироҳаткунанда пешбинӣ шудааст. Баъди ба истифода додани иншоот даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба соҳибкор ва масъулони соҳаи меъморӣ дастур додааст, ки ба раванди корҳои сохтмонӣ суръат бахшанд.
Дар баробари осоишгоҳ дар ҳамин мавзеъ бо саҳми Зокирова бунёди тарабхонаи муосир низ идома дорад.
Иншооти мазкур низ бо услуби миллӣ ва тарҳи замонавӣ сохта шуда, ба беҳтар гардидани имкониятҳои хизматрасонӣ барои меҳмонон мусоидат хоҳад кард.
Айни ҳол дар шаҳри Гулистон 5 осоишгоҳ фаъолият дорад. Бунёди осоишгоҳу тарабхонаи нав ба истиқболи 35–солагии Истиқлол, ҷойгоҳи шаҳри Гулистон ҳамчун маркази истироҳативу сайёҳӣ мустаҳкамтар шавад.
Худжандская крепость в городе Худжанд.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2025
Боздиди беш аз 1 миллион хориҷӣ аз вилояти Суғд
Турсуной Зокирова, соҳибкори шинохта дар баробари соҳибкорӣ ва корҳои хайраш бо қобилияти фавқулоддаи экстрасенсорияш дар қаламрави ИДМ маъруф буда, ғолиби барномаи машҳури "Битва экстрасенсов-4" мебошад.
Ӯ қаблан дар Қайроқум як бинои 5-ошёнаро сохт ва аз он 10 хонаро ба ниёзмандон ройгон тақдим кард.
Солҳои охир дар Тоҷикистон ӯ ба соҳибкорӣ машғул буда, барои корҳои хайраш гоҳо дар сархати хабарҳо қарор мегирад.
Лентаи хабарҳо
0