Боздиди беш аз 1 миллион хориҷӣ аз вилояти Суғд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкХуджандская крепость в городе Худжанд.
Худжандская крепость в городе Худжанд.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2025
Обуна шудан
Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва сол аз сол сафари сайёҳон ба ин минтақа афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 6 ноя - Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли 2025 шумораи меҳмонони хориҷие, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии вилоят Суғд ба ин минтақа ворид гардидаанд, 1 миллиону 17 ҳазору 600 нафарро ташкил медиҳанд.
Тавре аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 226,7 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шудааст, ки аз ин шумора 46 ҳазору 514 нафар ҳамчун сайёҳ ворид гардидаанд, ки 22 ҳазори он мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии вилоятро тамошо намуданд.
Меҳмонони воридгардида асосан аз давлатҳои Олмон, Полша, Чин, Ҷопон, Италия, Канада, Австрия, Туркия, Беларус, Испания, Молдова, Фаронса, Шветсия, Малайзия, Филиппин, Австралия, Бангладеш, Индонезия, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Шветсария, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Корея, Русия ва Эрон буданд.
Бояд гуфт, ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон выступил с речью на 80-й сессии Генеральной Ассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2025
Муроҷиат ба СММ, сайёҳӣ ва гӯштингирӣ: моҳи сентябр дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд
Дар айни замон дар вилоят беш аз 1190 ёдгориҳои таърихӣ, 24 осорхона, 97 зиёратгоҳ, 65 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 4 лагер, 4 дармонгоҳи табобатӣ — истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 1 маркази муолиҷавӣ, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии 7441 ҷой фаъолият доранд.
Инчунин барои сайёҳон 42 адад ширкатҳои сайёҳӣ хизмат мерасонанд, ки нисбат ба соли 2018 ду баробар афзудааст.
Дар ин замина, шумораи хатсайрҳои сайёҳӣ низ афзудааст, ки ба ҳисоби миёна 210 ададро ташкил медиҳад.
Мавзеъҳои табиии вилояти Суғд, махсусан кӯлҳо ва дараҳои баландкӯҳи он, барои сайёҳони табиатдӯст имконият фароҳам овардааст, ки онҳо сайру саёҳатро дар ин маконҳо бофароғат гузаронанд. Кӯли Искандаркӯл, дараҳои Яғнобу Фон ва минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Айнӣ дорои шароити хуб барои хаймазанӣ, кӯҳнавардӣ ва экосайёҳӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0