https://sputnik.tj/20251117/vladimir-putin-emomali-rahmon-tuhfa-1073017908.html
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон чӣ тӯҳфа кард?
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон чӣ тӯҳфа кард?
Sputnik Тоҷикистон
Кадом тӯҳфаҳо ба Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳбарони кишварҳои мухталиф туҳфа кардаанд, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд?
2025-11-17T20:01+0500
2025-11-17T20:01+0500
2025-11-17T20:01+0500
дар тоҷикистон
видео
осорхонаи миллии тоҷикистон
намоишгоҳ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/11/1073017319_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_d2540a77be7b7d43b26cf5de719feae2.jpg
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар баробари толорҳое, ки ба таърих ва фарҳанги замонҳои қадим ва асримиёнагӣ бахшида шудаанд, инчунин толори тӯҳфаҳои Эмомалӣ Раҳмон низ мавҷуд аст.Фирдавс Абдулҳамид, мудири шуъбаи таърихи муосири Осорхонаи миллии Тоҷикистон гуфт, ки ҳангоми ифтитоҳи бинои нави осорхона, президент ба мо беш аз 1700 экспонат тақдим кард.“Ин боиси таъсиси як толор гардид”, - гуфт ӯ.Дар ин ҷо тӯҳфаҳо ба президент аз созмонҳои байналмилалӣ, президентҳои кишварҳои гуногун ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шудаанд.Давлат Сафар соҳиби Ҷоизаи байналмилалӣ гардидИн толор тӯҳфаҳои сершумори Русияро дар бар мегирад. Дар он чанд қафаси шишаӣ бо тӯҳфаҳои мақомоти Русия мавҷуданд.Яке аз инҳо автомати Шпагин аст, ки афсарони шӯравӣ дар давррони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар мубориза бо фашизм истифода мебурданд.Дар ҷашни 75-солагии Рӯзи Ғалаба дар Маскав дар соли 2020, раҳбари Русия ба президенти Тоҷикистон автомати модели соли 1942-ро низ тӯҳфа кард.Путин Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод хонд: изҳороти асосии президенти РусияВай инчунин якчанд ҳуҷҷатҳо ва якчанд моделҳои хурди ёдгориҳоеро, ки ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд, тақдим кард.Барои гирифтани маълумот дар бораи асарҳое ҷолибе, ки дар осорхона намоиш дода мешаванд, дар видео мо тамошо кунед
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/11/1073017319_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_9aaecca1256f792f5db070aaef0bfac1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, видео, раҳмон, туҳфа, осорхона, осорхонаи миллӣ, русия
тоҷикистон, видео, раҳмон, туҳфа, осорхона, осорхонаи миллӣ, русия
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон чӣ тӯҳфа кард?
Эксклюзив
Кадом тӯҳфаҳо ба Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳбарони кишварҳои мухталиф туҳфа кардаанд, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд?
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар баробари толорҳое, ки ба таърих ва фарҳанги замонҳои қадим ва асримиёнагӣ бахшида шудаанд, инчунин толори тӯҳфаҳои Эмомалӣ Раҳмон низ мавҷуд аст.
Фирдавс Абдулҳамид, мудири шуъбаи таърихи муосири Осорхонаи миллии Тоҷикистон гуфт, ки ҳангоми ифтитоҳи бинои нави осорхона, президент ба мо беш аз 1700 экспонат тақдим кард.
“Ин боиси таъсиси як толор гардид”, - гуфт ӯ.
Дар ин ҷо тӯҳфаҳо ба президент аз созмонҳои байналмилалӣ, президентҳои кишварҳои гуногун ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ин толор тӯҳфаҳои сершумори Русияро дар бар мегирад. Дар он чанд қафаси шишаӣ бо тӯҳфаҳои мақомоти Русия мавҷуданд.
Яке аз инҳо автомати Шпагин аст, ки афсарони шӯравӣ дар давррони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар мубориза бо фашизм истифода мебурданд.
Дар ҷашни 75-солагии Рӯзи Ғалаба дар Маскав дар соли 2020, раҳбари Русия ба президенти Тоҷикистон автомати модели соли 1942-ро низ тӯҳфа кард.
Вай инчунин якчанд ҳуҷҷатҳо ва якчанд моделҳои хурди ёдгориҳоеро, ки ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд, тақдим кард.
Барои гирифтани маълумот дар бораи асарҳое ҷолибе, ки дар осорхона намоиш дода мешаванд, дар видео мо тамошо кунед