https://sputnik.tj/20251009/putin-tojikiston-hampaymon-boetimod-1071892115.html
Путин Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод хонд: изҳороти асосии президенти Русия
Путин Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод хонд: изҳороти асосии президенти Русия
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия зимни музокироти олӣ дар бораи муносиботи Русияву Тоҷикистон гуфт
2025-10-09T12:11+0500
2025-10-09T12:11+0500
2025-10-09T13:59+0500
сафари владимир путин ба тоҷикистон
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
музокирот
душанбе
сиёсат
сафари путин ба тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/09/1071893152_406:719:2611:1959_1920x0_80_0_0_993f8aea5bfb1ed6875ee95ddeb2aacb.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Русия дар доираи сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат дар Қасри миллат оғоз ёфт.Президенти Тоҷикистон меҳмонро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат намуд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.Як ба як: Путин ва Раҳмон дар Душанбе дидору гуфтугӯ дорандДар навбати худ, Владимир Путин, Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод номида, изҳор дошт:Вай тавзеҳ дод, ки соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангу гуманитарӣ бомуваффақият рушд мекунанд, гардиши мол идома дорад ва лоиҳаҳои башардӯстона амалӣ мешаванд. Гузашта аз ин, бо дарназардошти вазъи мушкил дар минтақа, Русия ва Тоҷикистон пайваста дар масъалаи амният ҳамкорӣ мекунанд, таъкид кард Путин. Дар идомаи суҳбаташ Путин гуфт, Маскав ва Душанбе тамоми аҳдофи дар Шартномаи дӯстии ду кишвар, ки соли 1993 ба имзо расидаанд, иҷро мекунанд.Путин ҳамчунин ба Раҳмон барои даъват ба сафари Тоҷикистон бо сафари давлатӣ изҳори сипос карда, сатҳи хуби омодагиҳоро қайд кард. Ба гуфтаи ӯ, моҳият ва муҳтавои равобити Русияву Тоҷикистон ба атрибутҳои сафари давлатӣ мувофиқат мекунад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 октябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад, ки дар он тасмимҳои муҳим барои рушди ҳамкориҳои кишварҳои узв қабул хоҳанд шуд. Дар ҳамин рӯзҳо ҳамзамон мулоқоти сарони давлатҳо дар шакли "Осиёи Марказӣ-Русия" низ баргузор мегардад.
https://sputnik.tj/20251009/kitob-tojikon-putin-rahmon-hadya-1071881822.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/09/1071893152_596:682:2386:2024_1920x0_80_0_0_69d1529fa754577256c4bd921347d379.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, тоҷикистон, ҳампаймони боэътимод
путин, тоҷикистон, ҳампаймони боэътимод
Путин Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод хонд: изҳороти асосии президенти Русия
12:11 09.10.2025 (Навсозишуда: 13:59 09.10.2025) Президенти Русия зимни музокироти олӣ дар бораи муносиботи Русияву Тоҷикистон гуфт
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Русия дар доираи сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат дар Қасри миллат оғоз ёфт.
Президенти Тоҷикистон меҳмонро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат намуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Дар навбати худ, Владимир Путин, Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод номида, изҳор дошт:
"Русия чунин муносибатҳоро бо он баланд қадр мекунад".
Вай тавзеҳ дод, ки соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангу гуманитарӣ бомуваффақият рушд мекунанд, гардиши мол идома дорад ва лоиҳаҳои башардӯстона амалӣ мешаванд.
"Робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо суръати хуб рушд мекунанд. Соли гузашта гардиши молии мо беш аз 7% ва дар моҳҳои аввали соли ҷорӣ беш аз 17 дарсад афзоиш ёфт. Ин як тамоюли хуб аст ва мо албатта онро бояд нигоҳ дорем", - гуфт Путин.
Гузашта аз ин, бо дарназардошти вазъи мушкил дар минтақа, Русия ва Тоҷикистон пайваста дар масъалаи амният ҳамкорӣ мекунанд, таъкид кард Путин.
Дар идомаи суҳбаташ Путин гуфт, Маскав ва Душанбе тамоми аҳдофи дар Шартномаи дӯстии ду кишвар, ки соли 1993 ба имзо расидаанд, иҷро мекунанд.
Путин ҳамчунин ба Раҳмон барои даъват ба сафари Тоҷикистон бо сафари давлатӣ изҳори сипос карда, сатҳи хуби омодагиҳоро қайд кард.
Ба гуфтаи ӯ, моҳият ва муҳтавои равобити Русияву Тоҷикистон ба атрибутҳои сафари давлатӣ мувофиқат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 10 октябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад, ки дар он тасмимҳои муҳим барои рушди ҳамкориҳои кишварҳои узв қабул хоҳанд шуд.
Дар ҳамин рӯзҳо ҳамзамон мулоқоти сарони давлатҳо дар шакли "Осиёи Марказӣ-Русия" низ баргузор мегардад.