https://sputnik.tj/20251117/davlat-safar-sohibi-joizai-baynalmilali-gardid-1072977952.html
Давлат Сафар соҳиби Ҷоизаи байналмилалӣ гардид
Давлат Сафар соҳиби Ҷоизаи байналмилалӣ гардид
Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” шуруъ аз соли 2025 дар соҳаҳои гуногун гузаронида мешавад
2025-11-17T09:36+0500
2025-11-17T09:36+0500
2025-11-17T12:22+0500
фарҳанг
ҷоиза
узбекистон
тошканд
ом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/10/1072978065_90:37:1024:562_1920x0_80_0_0_b113a18484b07980c3c693b62e2b29a5.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Давлат Сафар дар Ӯзбекистон, соҳиби Ҷоизаи байналмилалии "Мероси оянда" гардид.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ки Давлат Сафар ин ҷоизаро дар дар номинаи Мероси фарҳангӣ ба даст овардааст.Маросими ҷоизасупорӣ дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.Тибқи гузориши хадамоти матбуотии президент, дар маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат кард.Бояд гуфт, ки озмуни ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” шуруъ аз соли 2025 дар соҳаҳои адабиёт, мероси фарҳангӣ, театр, синамо, мусиқӣ ва рақс, санъати тасвирӣ, мӯд ва тарроҳӣ, илму маориф ва технологияи рақамӣ гузаронида мешавад.Ба ғолибон дар ҳар як номина муҷассама, диплом ва ҷоизаи пулии яквақта дода мешавад.
узбекистон
тошканд
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/10/1072978065_113:0:1024:683_1920x0_80_0_0_59a0520383a8ed21ee526b0f829c65cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
давлат сафар, соҳиб, ҷоизаи байналмилалӣ
давлат сафар, соҳиб, ҷоизаи байналмилалӣ
Давлат Сафар соҳиби Ҷоизаи байналмилалӣ гардид
09:36 17.11.2025 (Навсозишуда: 12:22 17.11.2025) Ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” шуруъ аз соли 2025 дар соҳаҳои гуногун гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон Давлат Сафар дар Ӯзбекистон, соҳиби Ҷоизаи байналмилалии "Мероси оянда" гардид.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Давлат Сафар ин ҷоизаро дар дар номинаи Мероси фарҳангӣ ба даст овардааст.
Маросими ҷоизасупорӣ дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.
"Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим Давлат Сафар - муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон дар номинаи Мероси фарҳангӣ соҳиби Ҷоизаи байналмилалӣ гардид", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии президент, дар маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат кард.
Бояд гуфт, ки озмуни ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” шуруъ аз соли 2025 дар соҳаҳои адабиёт, мероси фарҳангӣ, театр, синамо, мусиқӣ ва рақс, санъати тасвирӣ, мӯд ва тарроҳӣ, илму маориф ва технологияи рақамӣ гузаронида мешавад.
Ба ғолибон дар ҳар як номина муҷассама, диплом ва ҷоизаи пулии яквақта дода мешавад.