Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров сабаби ба таъхир афтодани мулоқоти Путин ва Трампро гуфт

© Sputnik / МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров. Архивное фото
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2025
Обуна шудан
Лавров гуфт Трамп ба далели гузоришҳои махфӣ, мулоқоти худро бо Путин дар Будапешт ба таъхир андохт
ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Раҳбари Кохи Сафед Доналд Трамп нишасти Русия ва ИМА-ро дар Будапешт бинобар гузоришҳои пинҳонӣ ба таъхир андохт.
Дар ин бора, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров дар мақолае, ки дар вебсайти вазорат нашр шудааст, изҳори назар кардааст.
Рӯзномаи итолиёвии Corriere della Sera бо вазир мусоҳиба кард, аммо аз нашри ҷавобҳои ӯ бе сензура ё ихтисор худдорӣ намуд. Вазорати корҳои хориҷӣ нусхаи пурраи сӯҳбатро пешниҳод кардааст.

"Гузоришҳои пинҳонӣ ба раҳбари Амрико аз куҷо ва аз кӣ расидаанд, ки баъд аз он ӯ нишасти Будапештро ба таъхир андохт ё бекор кард, номаълум аст", - таъкид кард Лавров.

Вазири корҳои хориҷӣ тасдиқ кард, ки Маскав омода аст, ки нишасти худро дар Маҷористон баргузор кунад, агар омодагӣ ба натиҷаҳои музокироти қаблӣ асос ёбад.
Ӯ афзуд, ки нишасти мазкур танҳо бо рӯзномаи бодиққат таҳияшуда баргузор мешавад.
Саммит России и США на Аляске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шонс ҳаст: Трамп дар бораи мулоқот бо Путин дар Маҷористон гуфт
Рӯзи 16 октябр президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп аз аввали сол ҳаштумин сӯҳбати телефонии худро анҷом доданд. Пас аз сӯҳбат, Маскав ва Вашингтон омодагиро барои нишаст дар Будапешт оғоз карданд.
Трамп баъдтар эълон кард, ки музокирот бекеор карда шуд.
Путин, аз ҷониби худ, гуфт, ки эҳтимол дорад, ки мулоқот ба таъхир гузошта шавад. Кремл ва Кохи Сафед имкони мулоқоти роҳбаронро дар оянда истисно накарданд.
Лентаи хабарҳо
0