Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Шонс ҳаст: Трамп дар бораи мулоқот бо Путин дар Маҷористон гуфт

© Sputnik / POOL / Сергей Булкин / Гузариш ба медиабонкСаммит России и США на Аляске
Саммит России и США на Аляске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2025
Обуна шудан
Трамп эҳтимоли баргузории мулоқот бо Путин дар Будапештро эълон кард
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп имкони мулоқот бо ҳамтои руси худ Владимир Путинро дар Будапешт истисно накард.
"Шонс ҳамеша вуҷуд дорад", - гуфт ӯ ба хабарнигорон зимни мулоқот бо сарвазири Маҷористон Виктор Орбан.
Ӯ қайд кард, ки нақша дорад, бо сарвазири Маҷористон дар бораи низоъ дар Украина сӯҳбат кунад.
"Мо каме дар бораи Русия ва Украина сӯҳбат хоҳем кард. Мо дар бораи энергия ва нархи энергия гуфтугӯ хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки пештар президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфт, Қазоқистон метавонад майдони музокирот дар масъалаи Украина шавад.

"Агар роҳбарони Русия ва Украина хоҳиши омадан ба Қазоқистонро дошта бошанд, мо тамоми хидматҳои заруриро барои таъмини анҷоми бомуваффақияти музокирот пешниҳод хоҳем кард", - гуфт президенти Қазоқистон дар мусоҳиба бо рӯзномаи The New York Times.
Ёдовар мешавем, ки пештар Зеленский дар мусоҳиба бо Fox News изҳор дошт, ки Киев ба Русия имкони мулоқот дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Қазоқистонро пешниҳод кардааст.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2025
Қазоқистон омода аст барои мулоқоти Путин ва Зеленский мусоидат кунад
Дмитрий Песков, котиби матбуотии раҳбари Русия, дар посух гуфт, ки украиниҳо шумораи зиёди кишварҳоро номбар кардаанд, аз ҷумла вариантҳои комилан ғайри қобили қабул.
Вай ёдовар шуд, ки раиси режими Киев ба Маскав даъват шуда буд ва агар ба муколама омода бошад, пас чаро намеояд.
Лентаи хабарҳо
0