https://sputnik.tj/20251112/nebenzya-tramp-ukraina-ogoh-1072873690.html
Небензя: Трамп шояд аз баъзе чизҳо дар Украина бехабар буд
Небензя: Трамп шояд аз баъзе чизҳо дар Украина бехабар буд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Амрико Доналд Трамп, борҳо гуфтааст, ки низои Украина ҳал хоҳад шуд
2025-11-12T17:39+0500
2025-11-12T17:39+0500
2025-11-12T17:39+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
василий небензя
русия
украина
има
доналд трамп
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/17/1068373728_0:0:2684:1511_1920x0_80_0_0_d3832fab12be84626c06560cbf405a19.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Ҷанбаҳое дар ҳалли буҳрони Украина вуҷуд доранд, ки шояд президенти ИМА Доналд Трамп онҳоро пай намебурд.Дар ин бора, намояндаи доимии Русия дар СММ, Василий Небензя гуфтааст.Ба гуфтаи ӯ, фиристодаи махсуси президенти ИМА Стив Уиткофф зимни мулоқот ва сӯҳбатҳо бо президенти Русия Владимир Путин бисёр чизҳои нав ва ҷолиберо омӯхт, ки шояд қаблан гумон намекард. "Ман фикр мекунам, ки худи (намояндаи махсуси президенти ИМА - шарҳ аз идора) Стив Уиткофф аз (президенти Русия Владимир) Путин, ки бо ӯ соатҳо сӯҳбат дошт, бисёр чизҳои нав ва ҷолибро шунид, чизҳое, ки шояд ҳатто гумон намекард. Ман фикр мекунам, ки президент Трамп дар Анкориҷ чизе монандро шунид, хусусан азбаски ин як далели боэътимод аст. Масалан, вақте ки президент Путин ба ӯ гуфт, ки калисои православӣ дар Украина таъқиб ва манъ карда мешавад, президент Трамп ба ин бовар карда натавонист. Чизҳои дигаре ҳастанд, ки ӯ шояд гумон намекард ва ӯ бояд ба онҳо бовар мекард", - гуфт Небензя.Дар мулоқоти рӯзи 15 август дар Аляска, президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп роҳҳои ҳалли низои Украинаро баррасӣ карданд.Ҳарду раҳбар ба мулоқот баҳои мусбат доданд. Пас аз нишаст, президенти Русия изҳор дошт, ки ҳалли низоъ дар Украина имконпазир аст ва ба манфиати Русия барои ҳалли дарозмуддат таъкид кард. Раҳбари Кохи Сафед борҳо изҳор доштааст, ки низоъ байни Русия ва Украина ҳал хоҳад шуд. Ӯ қайд кард, ки умедвор аст, ки ин ба шарофати муносибатҳои шахсии худ бо раҳбари Русия, корҳо зудтар анҷом дода мешавад. Путин борҳо таъкид карда, ки барои ҳалли дарозмуддати бӯҳрони Украина, сабабҳои аслии он бояд бартараф карда шаванд.
https://sputnik.tj/20251111/tramp-ima-ukrainaro-mablaghguzori-1072836127.html
русия
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/17/1068373728_0:0:2684:2013_1920x0_80_0_0_59d56372648690d3afe7b0f0a83ce9b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҳрон, украина, небензя, русия
буҳрон, украина, небензя, русия
Небензя: Трамп шояд аз баъзе чизҳо дар Украина бехабар буд
Раҳбари Амрико Доналд Трамп, борҳо гуфтааст, ки низои Украина ҳал хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Ҷанбаҳое дар ҳалли буҳрони Украина вуҷуд доранд, ки шояд президенти ИМА Доналд Трамп онҳоро пай намебурд.
Дар ин бора, намояндаи доимии Русия дар СММ, Василий Небензя гуфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, фиристодаи махсуси президенти ИМА Стив Уиткофф зимни мулоқот ва сӯҳбатҳо бо президенти Русия Владимир Путин бисёр чизҳои нав ва ҷолиберо омӯхт, ки шояд қаблан гумон намекард.
"Ман фикр мекунам, ки худи (намояндаи махсуси президенти ИМА - шарҳ аз идора) Стив Уиткофф аз (президенти Русия Владимир) Путин, ки бо ӯ соатҳо сӯҳбат дошт, бисёр чизҳои нав ва ҷолибро шунид, чизҳое, ки шояд ҳатто гумон намекард. Ман фикр мекунам, ки президент Трамп дар Анкориҷ чизе монандро шунид, хусусан азбаски ин як далели боэътимод аст. Масалан, вақте ки президент Путин ба ӯ гуфт, ки калисои православӣ дар Украина таъқиб ва манъ карда мешавад, президент Трамп ба ин бовар карда натавонист. Чизҳои дигаре ҳастанд, ки ӯ шояд гумон намекард ва ӯ бояд ба онҳо бовар мекард", - гуфт Небензя.
Дар мулоқоти рӯзи 15 август дар Аляска, президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп роҳҳои ҳалли низои Украинаро баррасӣ карданд.
Ҳарду раҳбар ба мулоқот баҳои мусбат доданд. Пас аз нишаст, президенти Русия изҳор дошт, ки ҳалли низоъ дар Украина имконпазир аст ва ба манфиати Русия барои ҳалли дарозмуддат таъкид кард.
Раҳбари Кохи Сафед борҳо изҳор доштааст, ки низоъ байни Русия ва Украина ҳал хоҳад шуд. Ӯ қайд кард, ки умедвор аст, ки ин ба шарофати муносибатҳои шахсии худ бо раҳбари Русия, корҳо зудтар анҷом дода мешавад.
Путин борҳо таъкид карда, ки барои ҳалли дарозмуддати бӯҳрони Украина, сабабҳои аслии он бояд бартараф карда шаванд.