https://sputnik.tj/20250925/qazoqiston-muloqot-putin-zelenskiy-musoidat-1071494127.html
Қазоқистон омода аст барои мулоқоти Путин ва Зеленский мусоидат кунад
Қазоқистон омода аст барои мулоқоти Путин ва Зеленский мусоидат кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Қазоқистон мегӯяд, Русия ва Украина қодиранд дар заминаи дуҷониба гуфтугӯ кунанд
2025-09-25T12:54+0500
2025-09-25T12:54+0500
2025-09-25T14:36+0500
владимир зеленский
владимир путин
қазоқистон
қосим -жомарт тоқаев
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1c/1065302128_0:105:3025:1807_1920x0_80_0_0_ff3c122a79dd1f1ccc295d101da7e8e5.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Қазоқистон худро дар низоъи миёни Русия ва Украина ба ҳайси миёнарав намебинад.Дар ин бора, президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфтааст.Бо вуҷуди ин, Қазоқистон омода аст, ки майдон пешниҳод кунад ва дар музокироти президенти Русия Владимир Путин ва Владимир Зеленский, агар онҳо бихоҳанд, мусоидат кунад, афзуд Тоқаев.Вай таъкид карда, ки Остона аз оғози музокироти мустақими сатҳи баланд миёни Украина ва Русия ҷонибдорӣ мекунад, аммо барои расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ кори пешакӣ лозим аст. Зеленский шаби гузашта дар мусоҳиба бо Fox News изҳор дошт, ки Киев ба Русия имкони мулоқот дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Қазоқистонро пешниҳод кардааст. Дмитрий Песков, котиби матбуотии раҳбари Русия, дар посух гуфт, ки украиниҳо шумораи зиёди кишварҳоро номбар кардаанд, аз ҷумла вариантҳои комилан ғайри қобили қабул. Вай ёдовар шуд, ки раиси режими Киев ба Маскав даъват шуда буд ва агар ба муколама омода бошад, пас чаро намеояд.
https://sputnik.tj/20250924/zelenskiy-qazoqiston-putin-muloqot-1071462383.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1c/1065302128_232:0:2963:2048_1920x0_80_0_0_c989a82f594aedcb241d61e631e42d00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, мулоқот, путин, зеленский
қазоқистон, мулоқот, путин, зеленский
Қазоқистон омода аст барои мулоқоти Путин ва Зеленский мусоидат кунад
12:54 25.09.2025 (Навсозишуда: 14:36 25.09.2025) Раисиҷумҳури Қазоқистон мегӯяд, Русия ва Украина қодиранд дар сатҳи дуҷониба гуфтугӯ кунанд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Қазоқистон худро дар низоъи миёни Русия ва Украина ба ҳайси миёнарав намебинад.
Дар ин бора, президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфтааст.
"Ба андешаи ман, ҳарду ҷониб қодиранд, ки дуҷониба ва дар сатҳҳои мухталиф гуфтугӯ кунанд. Ман ҳамеша бовар доштам ва ошкоро изҳор доштам, ки "буҳрони Украина" ниҳоят печида аст ва онро содда кардан мумкин нест", — гуфтааст президент, хабар медиҳад Tengrinews.kz.
Бо вуҷуди ин, Қазоқистон омода аст, ки майдон пешниҳод кунад ва дар музокироти президенти Русия Владимир Путин ва Владимир Зеленский, агар онҳо бихоҳанд, мусоидат кунад, афзуд Тоқаев.
Вай таъкид карда, ки Остона аз оғози музокироти мустақими сатҳи баланд миёни Украина ва Русия ҷонибдорӣ мекунад, аммо барои расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ кори пешакӣ лозим аст.
Зеленский шаби гузашта дар мусоҳиба бо Fox News изҳор дошт, ки Киев ба Русия имкони мулоқот дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Қазоқистонро пешниҳод кардааст.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии раҳбари Русия, дар посух гуфт, ки украиниҳо шумораи зиёди кишварҳоро номбар кардаанд, аз ҷумла вариантҳои комилан ғайри қобили қабул.
Вай ёдовар шуд, ки раиси режими Киев ба Маскав даъват шуда буд ва агар ба муколама омода бошад, пас чаро намеояд.