https://sputnik.tj/20251104/rahmon-nekuahvoli-ijtimoi-zamina-sulh-subot-rushd-1072661643.html
Раҳмон: Некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу субот ва рушди устувор мебошад
Раҳмон: Некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу субот ва рушди устувор мебошад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуд
2025-11-04T15:59+0500
2025-11-04T15:59+0500
2025-11-04T15:59+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қатар
сиёсат
иҷтимоӣ
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/04/1072660392_0:42:800:492_1920x0_80_0_0_4011bf54adb8e277d6bb003e62b0b7a2.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.Вай таъкид кард, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ мешавад, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда, ки бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар бораи ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ ва устувории муҳити зист дар Тоҷикистон ишора кард.Кишвардори Тоҷикистон гуфт, ки кишвар бо мақсади таъмини некуаҳволии мардум дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамоядРаисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи гузариш ба иқтисоди “сабз” ва энергияи “сабз”, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи кишвар изҳори назар кард.Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо ибтикори Тоҷикистон ёдовар шуд.Таъкид кард, ки қатъномаи мазкур метавонад дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи мо нақши муассир дошта бошад.Раҳбари Тоҷикистон зарур донист, ки бо муттаҳид намудани талошҳо шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон фароҳам оварда шавад.Вай илова кард, ки ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор якдилона ва бо иродаи муштарак таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир гардад.
https://sputnik.tj/20251103/safari-rahmon-ba-qatar-va-ima-charo-1072636910.html
https://sputnik.tj/20251023/emomali-rahmon-zehn-suni-kiberterroriston-afzoish-1072364046.html
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/04/1072660392_45:0:756:533_1920x0_80_0_0_c633614657186c17c7a473a59d589d7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, сиёсат, қатар, иҷтимоъ, раисҷумҳур, некаҳволӣ, сулҳу субот, смм
эмомалӣ раҳмон, сиёсат, қатар, иҷтимоъ, раисҷумҳур, некаҳволӣ, сулҳу субот, смм
Раҳмон: Некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу субот ва рушди устувор мебошад
Президенти Тоҷикистон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.
Вай таъкид кард, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ мешавад, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда, ки бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
“Дар Тоҷикистон тайи 2 даҳсолаи охир дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст”, - гуфт раҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар бораи ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ ва устувории муҳити зист дар Тоҷикистон ишора кард.
Кишвардори Тоҷикистон гуфт, ки кишвар бо мақсади таъмини некуаҳволии мардум дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамояд
“Мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”, - иброз дошт Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи гузариш ба иқтисоди “сабз” ва энергияи “сабз”, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи кишвар изҳори назар кард.
Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо ибтикори Тоҷикистон ёдовар шуд.
Таъкид кард, ки қатъномаи мазкур метавонад дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи мо нақши муассир дошта бошад.
Раҳбари Тоҷикистон зарур донист, ки бо муттаҳид намудани талошҳо шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон фароҳам оварда шавад.
Вай илова кард, ки ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор якдилона ва бо иродаи муштарак таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир гардад.