Эмомалӣ Раҳмон: Зеҳни сунъӣ тавонмандии кибертеррористонро афзоиш медиҳад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон на заседании совета глав государств СНГ
Эмомали Рахмон на заседании совета глав государств СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2025
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, мутобиқ шудан ба воқеияти нав имконоти нави техникӣ, нармафзори тавонотар ва табодули босуръати иттилоотро тақозо мекунад
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Зеҳни сунъӣ тавонмандиҳои кибертеррористонро афзоиш медиҳад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Суханони президентро, аз номи ӯ муовини раиси шӯрои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар сеюмин нишасти зиддитеррористии Душанбе ироа кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки "мутобиқ шудан ба воқеияти нав имконоти нави техникӣ, нармафзори тавонотар ва табодули босуръати иттилоотро тақозо мекунад."
"Кибертерроризм ба як омили умдаи таъсиргузор ба ҷаҳонбинии бархе аз ҷавонон табдил шудааст. <...> Сӯистифода аз зеҳни сунъӣ онро махсусан хатарнок кардааст, зеро он метавонад ба амнияти ҳам шаҳрвандон ва ҳам ниҳодҳои давлатӣ таъсир расонад", - таъкид кард президент дар паёми худ ба иштирокчиёни конфронс дар Душанбе.
Дар баробари ин, Раҳмон барои мубориза бо терроризм ва экстремизм даъват кард, ки пояҳои маънавӣ ва ахлоқии аҳолӣ тақвият дода шаванд.
"Шароит таҳия ва татбиқи чораҳои мақсаднокро барои тақвияти масунияти аҳолӣ, баланд бардоштани потенсиали он ва афзоиши пояҳои маънавӣ ва ахлоқӣ барои муқовимат бо ин мушкилотро тақозо мекунад", - таъкид кард президенти Тоҷикистон.
Ӯ инчунин қайд кард, ки афзоиши нигаронкунандаи қочоқи маводи мухаддир андешидани чораҳоро дар марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақозо мекунад.
"Афзоиши қочоқи маводи мухаддир, бахусус маводи мухаддири синтетикӣ, имрӯз яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ мебошанд", - таъкид кард, президент.
Ғайр аз ин, субот дар Афғонистон омили муҳим дар амнияти Тоҷикистон ва тамоми минтақа аст, мегӯяд раҳбари тоҷик.
Президенти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки таҳия ва татбиқи чораҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда барои мубориза бо паҳншавии идеологияи террористӣ дар минтақа, инчунин ҳамкории наздиктар байни мақомоти иктишофии кишварҳои Иттиҳод дар ин самт зарур аст.
"Дар ин робита, мо бояд на танҳо манфиатҳои миллии худамон, балки амнияти умумии кишварҳои узви ИДМ-ро низ ба назар гирем," - таъкид кард сарвари давлат.
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2025
Ятимов: Муҳоҷирони корӣ ҳадафи аввалиндараҷаи ифротгароёнанд
Конфронси сеюми ИДМ оид ба мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар Душанбе аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Маркази зиддитеррористии ИДМ ташкил карда мешавад. Дар ин чорабинӣ беш аз 150 намоянда аз мақомоти салоҳиятдори 12 кишвари ИДМ ва СҲШ иштирок мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0